Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мувофиқати Маскав ба интиқоли гази Русия ба Украина


Русия ба тавофуқ расидааст, ки интиқоли газ ба Украинаро дар мавсими зимистон аз сар бигирад. Баъд аз моҳҳо номуайянӣ шаби 25 сентябр дар поёни музокироти душвор дар ин бора тавофуқ ба даст омад.

Марош Шефчович, муовини раиси Комиссияи Аврупо дар умури энержӣ қарордоди интиқоли газ аз Русия ба Украина ва ҳамин тавр ба Аврупоро “дастоварди аслӣ” ва “қадами муҳим” барои таъмини Украина бо газ арзёбӣ кард.

Аз аввали моҳи октябр то моҳи март Украина аз Русия газ хоҳад гирифт ва идомаи интиқоли газ ба Аврупо низ боварибахш хоҳад буд. Александр Новак, вазири энержии Русия гуфт: “Украина ва Иттиҳодияи Аврупо метавонанд зимистонро бемалол паси сар кунанд. Мо барои пешгирӣ аз ҳар мушкилӣ талошҳои худро дареғ намедорем”.

Баъд аз тақрибан 6 соати музокирот бо вазирони энержии Русияву Украина дар Бруссел, Шефчович гуфт, “ҳамаи масъалаҳои техникӣ ҳал шудаанд”, вале тасвиби расмӣ ва имзои қарордоди пурра тартибу муқарраоти дигарро тақозо мекунад.

Володимир Демчихин, вазири энержии Украина ба хабарнигорон гуфт, “шартҳои тиҷоратӣ қобили қабул аст” ва интизор меравад, ки ба зудӣ ин қарордод имзо шавад. Вай гуфт: “Украина таъйид мекунад, ки бо назардошти имконоти худ интиқоли доимии гази Русияро ба Иттиҳодияи Аврупо таъмин мекунад”.

Новак гуфт, Русия пешниҳод намудааст, ки нархро барои ҳар ҳазор метри муккааб газ нисбат ба гузашта 20 доллар арзонтар мекунад. Пештар барои ҳар ҳазор метр 252 доллар муқаррар шуда буд. Вай гуфт, ки ин нарх дар муқоиса бо нархе, ки кишварҳои ҳамсояи Украина пардохт мекунанд, қобили қабул аст.

Шефкович гуфт, Комиссия Аврупо ва ниҳодҳои иҷроии 28 кишвари узви он то поёни соли ҷорӣ тақрибан 500 миллион доллар сармоягузориҳои байналмиллалиро барои харидории газ дар мавсими зимистон барои Украина фармоиш медиҳанд. Украина аз ҷониби худ розӣ шудааст, ки дар амборҳои зерзаминии худ 2 миллиард метри муккааб гази Русияро захира мекунад, то интиқоли бидуни қатъу васли газ ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо таъмин шавад.

Русияву Украина аз гузаштаҳо роҷеъ ба интиқоли газ даргири баҳсҳо буданд, вале ин баҳсҳо баъд аз нооромиҳои моҳи феврали соли 2014, яъне баъд аз барканории Виктор Янукович, раиси ҷумҳури ҷонибдори Русия шиддат гирифт. Баъд аз тасарруфи минтақаҳои шарқии Украина аз сӯи шӯришиёни ҷонибдори Русия, ин кишвар интиқоли газ ба Украинаро боздошт ва нооромиҳо оғоз ёфт.

Дар охири моҳи июл Украина эълон кард, ки харидории газро қатъ мекунад, зеро нархе, ки "Газпром"-и Русия барои муштариёни аврупоӣ медиҳад, барои онҳо қобили қабул нест. Вале дар ҳафтаҳои охир Иттиҳодияи Аврупо тамосҳои ҳар ду ҷонибро барқарор кард, то харидории газ барои зимистонро баррасӣ кунанд, зеро дар ин фасл талабот ба газ афзоиш меёбад.

Иттиҳодияи Аврупо аз се як ҳисаи гази худро аз Русия мегирад ва тақрибан нисфи он аз лулаҳои қаламрави Украина мегузарад.

XS
SM
MD
LG