Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Гавҳар Ҷӯраева “агенти хориҷӣ” унвон шуд


 Гавҳар Ҷӯраева
Гавҳар Ҷӯраева

Вазорати адлияи Русия маркази “Муҳоҷират ва қонун”-и ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷикро ба рӯйхати “агентҳои хориҷӣ” шомил кардааст.

Вазорати адлияи Русия рӯзи 16 июн маркази “Муҳоҷират ва қонун”, яке аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ба раҳбарии Гавҳар Ҷӯраеваро ба рӯйхати созмонҳои ғайритиҷоратие, ки “вазифаи агенти хориҷиро иҷро мекунанд,”, шомил кардааст. Дар сомонаи расмии вазорати адлияи Русия гуфта шудааст, ки маркази “Муҳоҷират ва қонун” бар асоси қонуни федеролӣ “Дар бораи созмонҳои ғайритиҷоратӣ” ба ин рӯйхат ворид карда шуд: “Факти мутобиқати ин созмон ба аломатҳои созмонҳои ғайритиҷоратие, ки вазифаи агенти хориҷиро иҷро мекунанд, дар ҷараёни тафтиши нақшавии аснод аз сӯи сарраёсати вазорати адлияи Федеросиюни Русия дар Маскав маълум карда шуд.”

Дар хабари расмии вазорати адлияи Русия ҷузъиёти аз ин бештар дода нашудааст. Вале Гавҳар Ҷӯраева, раҳбари созмони “Муҳоҷират ва қонун” рӯзи 18 июн дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, масъули вазорат як гранти аз Швейтсария барои барномаи “Модару кӯдак” гирифтани созмони онҳо ва чанд суханронии худи ӯ дар бораи масоили муҳоҷиратро ҳамчун далел барои “агенти хориҷӣ” унвон кардани маркази “Муҳоҷират ва қонун” ном бурдааст: “Моро даъват карданд ба вазорати адлия ва ҳуҷҷаташонро доданд, ки имзо кунем. Ман имзо накардам, чунки худамрову созмонамро ягон хел “агент” намешуморам. Ба назари ман, “агенти хориҷӣ” ном кардани созмоне, ки барои як барномаи савоби иҷтимоӣ аз хориҷа пул мегирад, таъбири дуруст нест. “Агенти хориҷӣ” дар зеҳни мардуми Шӯравии собиқ маънои хеле манфӣ дорад. Дар асл сухан танҳо дар бораи гирифтани грант аз хориҷа меравад ва беҳтар мебуд, ки чунин созмонҳоро на “агент”, балки грантгиранда аз хориҷ ном мекарданд.”

Созмони Гавҳар Ҷӯраева “агенти хориҷӣ” унвон шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00
Линки мустақим

Гавҳар Ҷӯраева аз соли 1993 ба муҳоҷирон аз кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла ба муҳоҷирони тоҷик кумакҳои ҳуқуқиву иҷтимоӣ, тиббӣ ва ёриҳои дигар мерасонад. Ӯ дар соли 1996 Бунёди “Тоҷикистон”-ро ташкил дод, ки дар соли 2012 ба созмони “Муҳоҷират ва қонун” табдили ном кард. Ин созмон 4 ҳуқуқшинос дорад, ки ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ кумак мерасонанд.

Гурӯҳи Ҳелсинкии Маскав, яке аз созмонҳои мӯътабари ҳомии ҳуқуқи инсони Русия, дар поёни соли 2015 ҷоизаи солонаашро ба Гавҳар Ҷӯраева супурда, аз ӯ “ барои мардонагие, ки дар амри ҳимоят аз ҳуқуқи инсон намоиш медиҳад,” ситоиш кард.

Русия дар соли 2012 ба қонун дар бораи созмонҳои ғайритиҷоратӣ тағйироти баҳсбарангезе ворид кард, ки аз ҳамаи созмонҳои ғайридавлатие, ки аз хориҷа грант мегиранд ва ба “фаъолиятҳои сиёсӣ” машғул мешаванд, ҳамчун “агенти хориҷӣ” сабти ном кардани худро талаб мекунад. Ҳомиёни ҳуқуқ аз аввал ин қонунро ба чолиш кашонда, гуфтанд, ки ҳадафи он эъмоли назорати бештар рӯи созмонҳоест, ки ба корҳои барои мақомот начандон хушоянде, чун ҳуқуқи инсон, даст мезананд.

Аммо Гавҳар Ҷӯраева мегӯяд, ба қарори вазорати адлияи Русия эътироз бурданӣ нест, балки мехоҳад аз раҳбарии маркази “Муҳоҷират ва қонун” канор биравад: “Ман канор меравам, то инки суханрониҳои ман дар масъалаи муҳоҷират барои кори ин марказ мушкил наофарад. Ҳарчанд ҳар куҷое ки ман ҳарф задам, фақат аз масоили муҳоҷират гуфтаам, на аз сиёсат. Ин қадар сол ман дар “Муҳоҷират ва қонун” ҳамеша ба ҳайси волонтёр, яъне бидуни маош кор кардаам. Вале дар ҳар сурат, ҳоло меравам, то марказ кор кунад, чунки масъулияти кумак ба ҳазорон муҳоҷирро ба дӯш дорад.”

Давлат Худоназаров
Давлат Худоназаров

Гавҳар Ҷӯраева мегӯяд, ба номи ӯ часпондани тамғаи “агенти хориҷӣ” мисли чархи тақдир будааст: “Бобои ман Иброҳим Исмоиловро дар солҳои 30 “душмани халқ” бароварданд. Баъд як совхозро ба номи ӯ гузоштанд. Бобои дигарро кӯфтанд, кӯфтанд, вале ҳоло филармонияи давлатии Тоҷикистон номи Акашариф Ҷӯраевро дорад. Падарам Қандил Ҷӯраевро кӯфтанд, кӯфтанду дар ниҳоят донишгоҳро ба номаш монданд. Тақдири ҳамаи мо ҳамин будааст...”

Худи Гавҳар Ҷӯраева ва ҳамсараш коргардони маъруфи синамои тоҷик Давлат Худоназаров аз соли 1993 дар Маскав ба сар мебаранд.

Вазорати адлияи Русия то имрӯз 132 созмони ғайритиҷоратии аксаран ҳомии ҳуқуқи инсонро ба рӯйхати “агентҳои хориҷӣ” шомил кардааст. Дар байни онҳо аз ҷумла созмонҳои мӯътабаре, чун “Мемориал”, “Голос”, “Солдатские матери”, Ҷунбиши “За права человека” ҳастанд. Акнун ба ин рӯйхат исми маркази “Муҳоҷират ва қонун”-и Гавҳар Ҷӯраева афзуда мешавад.

XS
SM
MD
LG