Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Русия мегӯянд, ки дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ муҳоҷирон ба будҷаи шаҳри Маскав 6,8 миллиард рубл даромад доданд. Аммо коршиносон мегӯянд, ки ин маблағҳо дар беҳбуди шароити кору зиндагии худи муҳоҷирон ҳеҷ нақше надоранд.

Максим Решетников, раҳбари раёсати сиёсати иқтисодии шаҳрдории Маскав ахиран ба матбуот изҳор дошт, ки мизони даромад ба будҷаи Маскав аз ҳисоби пардохти андози муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷӣ бештар аз даромадест, ки аз ширкатҳои сабтиномшудаи нафту газ дар ин шаҳр ворид шудааст.

Ба гуфтаи Решетников, муҳоҷирон дар ним соли гузашта ба будҷаи шаҳрдорӣ 6 миллиарду 800 миллион рубл даромад додаанд. Вай ҷорӣ кардани патент барои муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷиро муваффақиятомез хондааст ва гуфтааст, ки дар ин шеваи кор комёб шудаанд. Вай патентро ҳамчунин василаи қавии назорат ва танзими равандҳои муҳоҷирати корӣ дар Маскав хондааст.

Бино ба маълумоти Маркази сабти номи муҳоҷирон дар шаҳраки Сахарово дар канори Маскав, дар нимсолаи гузашта 193 ҳазор патент ба муҳоҷирон дода шудааст, 199 ҳазор нафар аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд ва 128 ҳазор нафар аз забони русӣ ва таърих ва асосҳои қонунҳои Русия имтиҳон супурданд. Ҳамаи ин корҳо нархи муайяни худро дорад ва дар маҷмӯъ, маблағи ҳангуфт ба будҷаи Маскав мерезад.

Муҳоҷирон дар ним соли гузашта ба будҷаи шаҳрдории Маскав 6 миллиарду 800 миллион рубл даромад додаанд.

Масалан, тибқи маълумоти мавҷуда ҳар рӯз ба ҳисоби миёна дар маркази Сахарово 1 200 нафар ҳуҷҷат месупоранд ва ҳар патент дар шаҳри Маскав 4 200 рубл нарх дорад. Сулаймон Шоҳзода, таҳлилгари умури муҳоҷират дар Маскав мегӯяд, воқеан ҳам маблағе, ки аз ҳисоби пардохтҳои муҳоҷирон ворид мешавад аз андозҳои муассисаҳои нафту гази Маскав бештар шудааст:

Ба гуфтаи ин коршиноси тоҷик , солҳои зиёд идораҳои мухталиф ва мақомоти мухталиф мегуфтанд, ки аз муҳоҷирон ҳеҷ даромаде ба будҷаи давлат ворид намешавад ва киноя мекарданд, ки аз онҳо ҳеҷ манфиати иқтисодӣ намерасад. Вале акнун дида мешавад, ки аз муҳоҷирон чӣ қадр даромад ба даст меомадааст.

Сулаймон Шоҳзода мегӯяд, ки "вале мутаассифона, ин маблағҳо барои беҳбуди шароити кору зиндагии худи муҳоҷирон ҳеҷ нақше надорад. Масалан, барои забономӯзии онҳо ва фарзандонашон, барои таъмини онҳо бо хадамоти тиббӣ ва амсоли он як қисми хурди ин маблағҳоро истифода кардан мумкин аст. Гузашта аз ин, марказҳое ташкил кардан мумкин аст, ки дорои шароити хуб бошанд, марказҳои хидматрасонии тиббӣ ва омӯзиши забони русӣ ё марказҳои мутобиқшавӣ ва ҳамгароӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд”.

Ин масъалаҳоро мақомоти зидахли муҳоҷират дар ҷаласаҳову мулоқотҳо зиёд ёдоварӣ мекунанд ва шиорҳо медиҳанд. Вале натиҷаҳои он тақрибан дида намешавад. Ягона коре, ки дар ин замина анҷом мегирад, ёрии шаҳрдории Маскав дар баргузории баъзе ҷашнҳо, аз қабили ҷашни Наврӯз аст. Фаъолони ҳуқуқи муҳоҷирон дар ҷаласаҳову семинарҳо ин мавзӯъҳоро бо мақомот дар миён мегузоранд ва ҳатто пешниҳодҳои мушаххаси худро ба онҳо медиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG