Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як "Камаз" таппак барои зимистон


Даҳҳо тан кӯдакон дар ноҳияи Фархор ду моҳи таътили тобистонаи худро бо ҷамъоварии таппӣ ё таппак - саргини чорво пушти сар намуданд.

Бо боло рафтани нархи таппак дар бозор, ҷамъоварии он аз ҷониби сокинон, бахусус кӯдакон дар талу теппаҳои ноҳияи Фархор бештар шудааст. Ганҷина, хонанди синфи шашум, ки бо дӯстонаш аз дашту саҳроҳои Фархор таппӣ ҷамъоварӣ мекард, мегӯяд, таи ду сол мешавад, ки истироҳати тобистонаашро ҳамингуна мегузаронад. Ба гуфтаи Гунҷина, ҳамсолони ӯ низ ҳамроҳи ӯ дар ягон ҷо барои таътили тобистона нарафта, балки дар хона монданд ва ҳар субҳ се километр роҳро тай намуда аз талу теппаҳое, ки дар он ҷо чӯпонҳо бо нигоҳубини чорво машғуланд, таппак ҷамоварӣ мекунанд. Ганҷина мегӯяд, дар ҳамин ду моҳи охир “як "Камаз" таппак” ҷамъ кардааст.

Хонавода низ розӣ аст, зеро ин захираи зимистонаи оила ва маблағ барои харидани ангишт камтар сарф мешавад. Вай мегӯяд, ҳоло ду дона таппак бо 1 сомонӣ фурӯхта мешавад ва беҳтар аст, ки ба ҷои харҷи пул, аз ҳоло ин маводи муҳими сӯхтро барои зимистон захира кунанд. «Ҳоло, ки дарс сар шудааст, мебинем, агар дарсҳоямон нисфирӯзӣ бошад, то рӯзи муайян ба чидани таппак машғул мешавем», гуфт Ганҷина. Гулҷаҳон, модари Ганҷина дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, зимистони гузашта пули зиёд хонавода барои хариди таппак сарф шудааст. Вале он вақт, мегӯяд вай, ҳар дона таппакро дар бозор 25 то 30 дирам нарх дошт:

«Соли гузашта, қисми зиёди пули хона барои харидани таппак сарф мешуд. Тобистони гузашта захираҳои ҷамъкардаи таппаки духтарамон камӣ кард ва маҷбур шудем аз бозор бихарем. Имсол худаш гуфт, ки сари вақт ҳамроҳ бо дугонаҳояш ба таппакчинӣ меравад. Мо низ иҷоза додем ва ҳоло қариб як мошин таппак ҷамъ кардаас», гуфт модар бо қаноатмандӣ. Бо таҷрибаи зимистонҳои сарди гузашта, дар рустоҳои дурдасти Тоҷикистон бисёр хонаводаҳо аз ҳоло захираҳои муҳими хонаро омода мекунанд. Давлатбӣ Худоева, як хонуми таппакфурӯш дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ боло рафтани нархи таппакро ба қимат шудани хуроки чорво марбут донист.

Ганҷина: "Дар ин мавсим як "Камаз" тапак чидаам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:50 0:00

Ба гуфтаи хонум Давлатбӣ, ҳоло як мошин коҳ то 1500 сомонӣ арзиш дорад ва албатта, ки нархи таппак гаронтар хоҳад шуд ва аз пули он барои чорво коҳ харида мешавад. Холаи Давлатӣ афзуд, ки се духтараш дар хона ҳамеша ба таҳияи таппак банданд ва рӯзгорашонро низ аз пули фурӯши таппак таъмин мекунанд. Вай мегӯяд, рӯзгори хонаводаашро чанд гови ҷӯшоӣ ва чорвои дигар, аз ҷумла таппаки онҳо таъмин мекунад. Афзоиши нархи таппак дар рустоҳои Тоҷикистон дар ҳолест, Бонки Ҷаҳонӣ як соли пеш таппакро беҳтарин сӯзишвории тоҷикӣ унвон карда буд.

Дар гузорише ба давлати Тоҷикистон ин ниҳоди байналмилалии молиявӣ машварат дод, ки ба хотири танзими эҳтиёҷоти мардум ба сӯзишворӣ ба истеҳсоли лӯндаҳо аз саргини чорпо ё таппак шурӯъ кунанд. Зимнан, 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот ба сар мебаранд ва муддати шаш моҳ, бахусус дар фасли тирамоҳ ва зимистон барқ надоранд ва барои гарм кардани хонаҳо ва омода кардани ғизо асосан аз се навъи сӯзишворӣ: таппак (лӯндаҳои сӯзишворӣ аз поруи чорво), ғӯзапоя ва ангишт истифода мекунанд. Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавсия дода буд, ки истеҳсоли сӯзишвории табииро ба роҳ монад ва ниёзи мардумро ба энержӣ бароварда созад.

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ғӯзапоя дар аксар мавзеъҳо аз сӯи хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҷои маош дода мешавад ва боқимондаи он дар бозор 5 сомонӣ барои як баста ба фурӯш меравад. Нархи як мошин ҳезум 800 сомонӣ буда, на ҳамаи хонаводаҳо имкон доранд онро харидорӣ кунанд. Ин аст, ки аксари хонаводаҳои рустоӣ аз поруи чорво таппак месозанд ва барои зимистон захира мекунанд. Хонаводаеҳое, ки чорво надоранд, таппаки арзонро аз бозор мехаранд. Тибқи гузориши Бонки Ҷаҳонӣ сокинони деҳот беш аз 25 дарсади буҷаи хонаводаҳоро барои сӯзишворӣ сарф мекунанд, ки ин дар муқоиса бо ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна ва Аврупои Шарқӣ бештар будааст.

XS
SM
MD
LG