Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар дави миллии имсола дар Душанбе Ҳасан Ғаффорови 27-сола аз ҳама пештар ба марра расид. Ӯ донишҷӯи Донишгоҳи тарбияи ҷисмонист ва гуфт, ки рақибонаш мисли соли гузашта нерӯманд набудаанд.

Дави миллии имсоларо дар Тоҷикистон бархе аз мақомдорон ҳамроҳ бо ҳазорон сокинони кишвар оғоз намуданд. Дар пойгаҳи оммавӣ, ки субҳи 17 май сурат гирифт, Марҳабо Ҷабборӣ - муовини нахуствазир, Аҳтам Абдуллозода - раиси Кумитаи ҷавонон, Маҳмадсаид Пирзода - раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва Ҷамила Лангариева - муовини шаҳрдори Душанбе иштирок доштанд.

Дар ин дав, ки соли панҷум аст, доир мешавад барои аввалин бор аз 6 минтақаи Тоҷикистон, 7-нафарӣ дар муддати 8 рӯз худро аз маркази минтақаҳои худ ба ҷойи шурӯи пойга расонданд. Ин пойгаи оммавӣ дар шаҳри Душанбе аз собиқ дидбонгоҳи Бозрасии давлатии автомобилии "Чорбоғ" шурӯъ шуда, дар "Наврӯзгоҳи пойтахт" (собиқ Ипподроми Душанбе) ба анҷом расид.

Ҷамила Лангариева, муовини раиси шаҳри Душанбе, дар маросими ифтитоҳи дав гуфт, "оммавӣ гардондани варзиш, ки муҳимтарин омили солимгардонӣ ва зебоӣ маҳсуб меёбад, аҳамияти хосро ба худ касб мекунад. Имрӯз доираи васеи сокинони касбу корашон гуногун, намояндагони кулли вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳо бо омодагии қаблӣ ва рӯҳияи хоси варзишӣ барои иштирок дар ин чорабинӣ омадаанд."

Барои иштирок дар дави миллӣ беш аз 25 ҳазор кормандону донишҷӯён ва дигар сокинони кишвар дархост пешниҳод кардаанд. Вале тавре гуфта шуд дар ин 5 сол танҳо як нафар - Ҳасан Ғаффорови 27-сола аз ҳама пештар ба марра мерасад. Ғаффоров донишҷӯи Донишгоҳи тарбияи ҷисмонист ва ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, имсол ширкатдорони сабқат чандон тездав набуданд ва ӯ ба осонӣ худро ба хатти марра расонд. Ин дар ҳолест, ки Ҳасан дар марафони байналмилалии дав дар Душанбе, ки моҳи апрели имсол баргузор шуд, ҳамагӣ дар ҷойи 12-ум буд.

Аммо Файзалӣ Назмишоев, сокини 63-солаи пойтахт ва устоди варзиш дар риштаи гуштии миллӣ бо норизогӣ аз натиҷагирии дави миллӣ мегӯяд, бо вуҷуди он ки аз миёни кӯҳансолон ӯ пешсаф буд, вале ин натиҷаи ӯ ба инобат гирифта нашуд. Вай афзуд, "мегӯянд, бояд рақам медоштам, вале чун берақам будам, пешсафии маро сарфи назар кардаанд. Аз нигоҳи ман набояд нисбат ба мо чунин рафтор шавад, зеро мо барои ҷавонон намунаи ибрат ҳастем ва ҳаёти солиму варзишро тарғиб мекунем."

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, ҳарчанд аз чунин рафтори масъулони баргузории сабқат нороҳат аст, аммо соли оянда ҳатман боз дар дави миллӣ ширкат хоҳад кард. Барои ширкатдори кӯҳансоли ин сабқат Зиёдулло Раҳмонов, ки 84 сол дорад, на натиҷа, балки иштирок дар сабқат муҳим будааст. Вай, ки аз соли 2007 ба ин сӯ дар пойгаи оммавӣ медавад, 10 километр, масофаи сабқатро тӯлонӣ намедонад. Ӯ мегӯяд, "дар аввал аз давидан хаста мешудам, аммо ҳоло мондагиро ҳис намекунам ва метавонам то 15 километр масофаро тай кунам."

Дар зимн дави миллӣ бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳар сол якшанбеи севуми моҳи май дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ барпо мегардад. Афроди синну сол ва касбу кори мухталиф бо хоҳиши худ метавонанд ба масофаҳои 3,5 ва 10 километр бидаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG