Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Путинро намоиш доданд, аммо..


Телевизиони давлатии Русия як мулоқоти Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро дар Кремл намоиш дод ва гуфт, ки ин мулоқот рӯзи 13-уми март сурат гирифтааст. Телевизиони Руссия-24 гуфтугӯи Владимир Путин бо Вячеслав Лебедев, раиси Додгоҳи олии Русияро намоиш дод. Путини 62-сола аз рӯзи 5-уми март дар мазҳари ом дида нашуд ва ба таъхир андохтани сафараш ба Қазоқистон, ки бояд рӯзҳои 12 ва 13-уми март сурат мегирифт, ҳадсу гумонҳо дар бораи бемор будани ӯро барангехт. Дмитрий Песков сухангӯи Владимир Путин ҳам хабарҳо дар бораи бемор будани раиси ҷумҳури Русияро батакрор рад карда ва рӯзи 12-уми март ба хабаргузории Ассосиейтед Пресс гуфт, ки вазъи сиҳатии Владимир Путин дар ҳақиқат “олист”. Вебсайти ҳукумати Русия низ гуфт, ки мулоқоти Путин рӯзи 13-уми март сурат гирифтааст, вале хабаргузории русии РБК мегуяд, ки мулоқотҳо рӯзҳои 8 ва 11-уми март баргузор шудаанд.

XS
SM
MD
LG