Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Ироқ бахши бузурги фурудгоҳи Мавсилро ишғол карданд. ВИДЕО


Ироқ - Нерӯҳои Ироқ дар ҳоли ҳамла ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар қисмати ғарбии Мавсил. 22 феврали соли 2017
Ироқ - Нерӯҳои Ироқ дар ҳоли ҳамла ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар қисмати ғарбии Мавсил. 22 феврали соли 2017

Хабаргузории Reuters мегӯяд, ки нерӯҳои давлатии Ироқ бахши умдаи фурудгоҳи Мавсилро ишғол карданд. Иштирокдорони амалиёт ба Reuters гуфтанд, ки ходимони ҳифзи тартибот фурудгоҳро оташборон мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳамла аз чанд самт ҷараён дорад.

Нерӯҳои давлатӣ ҳамла ба фурудгоҳро рӯзи 23 феврал оғоз карданд.

Фурудгоҳи Мавсил ва урдугоҳи Ал-Ғазлонӣ дар қисмати ҷануб ва ғарби шаҳр - дар хати аввал дифоии гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ҷойгиранд. Дар амалиёти бозпас гирифтани ин ду пойгоҳ пулиси Ироқ, якҷоя бо нерӯҳои вокуниши сареи Вазорати умури дохилӣ иштирок мекунанд.

Нерӯҳои ҳавоии Ироқ ва эътилофи байналмилалии таҳти назари Амрико, ҳуҷуми заминиро бо ҳамлаҳои ҳавоӣ тақвият медиҳад. Тӯпхонаҳо аз баландии Албу-Сайф, ки рӯзи 20 феврал ба дасти нерӯҳои ироқӣ гузашт, мавқеи ДИИШ-ро дар фурудгоҳи Мавсил ҳадаф қарор додаанд.

Амалиёти озод кардани Мавсил, дувумин шаҳри бузурги Ироқ, ки ДИИШ онро беш аз ду сол дар дасташ нигаҳ доштааст, моҳи октябри соли гузашта сар шуд.

XS
SM
MD
LG