Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ҲХДТ бо чеҳраҳои нав вориди корзори интихоботӣ шуд


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар анҷумани 12-уми Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон бори дигар раҳбари ин ҳизб интихоб шуд.

Анҷумани қабл аз интихоботии ҲХДТ имрӯз, шанбеи 13 декабр дар толори "Кохи Ваҳдат"-и шаҳри Душанбе бо ширкати 1200 вакил баргузор шуд. Эмомалӣ Раҳмон аз сӯи вакилон бори дигар ба унвони раҳбари ҲХДТ интихоб гардид. Дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи марказии ин ҳизб Фаттоҳзода Саймурод, муовини аввал, Латифзода Асрор ва Раъно Бобоҷониён муовинони раиси ҲХДТ баргузида шуданд. Муовини аввали раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров ба нафақа фиристода шудааст.

Анҷумани 12 -уми ҲХДТ рӯйхати номзадҳои ин ҳизбро барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мушаххас кард. Ин ҳизб дар маҷмӯъ 28 нафар пешбарӣ кард, ки аз бархе аз вакилони пешин ва чеҳраҳои нав аз мансабдорони давлатӣ иборат мебошанд.

Аз ҷумла Абдуҷаббор Азизӣ, ёвари президент дар масоили кадр, Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо, Абдураҳим Холиқзода, раиси Кумитаи дин, Қиёмиддин Миралиев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Пӯлод Муҳиддиниён, муовини вазири энергетика ва захираҳои об, Ҷамила Раҳмонова, муовини ректори ДМТ ва дигарон дар ин феҳраст ҳастанд. Дар феҳристи ҲХДТ, чаҳор тан аз вакилони парлумонӣ кунунӣ ва ёздаҳ зан шомил мебошанд.

ҲХДТ бо беш аз 200 000 узв бузургтарин ҳизби сиёсии Тоҷикистон ба шумор рафта, аз 63 курсии Маҷлиси намояндагон 55 курсиашро дар ихтиёр дорад. Ҳизбҳои дигари сиёсии Тоҷикистон ҳафтаи оянда анҷуманҳои худро доир намуда ва феҳристи номзадҳои худро эълон менамоянд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба унвони раҳбари ҲХДТ гуфт, ки дар интихоботи навбатии парлумонӣ, берун аз муқаррароти қонун ба ҳеҷ ҳизб, аз ҷумла ҲХДТ имтиёзе дода намешавад. Ба иддаои ҷаноби Раҳмон, дар раванди баргузории интихобот, бархе аз номзадҳо аз номи раиси ҷумҳур барои вакили парлумон шудан сӯиистифода мекунанд, ки ин амр мухолиф ба қавонини кишвар аст.

​Дар интихоботи қаблии Ҳизби ҳоким шумораи занҳо камтар буд. Ин аст, ки Марҳабо Ҷабборӣ, муовини нахуствазири Тоҷикистон аз афзудани шумораи занҳо чун номзад ба вакил истиқбол кард. Марҳабо Ҷабборӣ, муовини нахуствазири Тоҷикистон дар сӯҳбат ба хабарнигорон пешниҳод шудани 11 занро барои номзад ба вакил шудан фаъол гардидани занҳо дар ҷомеа хонд. Ба қавли ҷонишини нахуствазири Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бештар ба ҷавонону занон таваҷҷӯҳ кардааст. Вай гуфт: “Ҳамаи номзадҳое, ки пешниҳод шудаанд, докторҳои илм будаанд. Олимаҳо ҳастанд. Худаш бояд ҳамин хел ҳам бошад. Чун дар замони муосир занон бояд фаъолтар бошанд. ”

Сӯҳроб Шарифов

Сӯҳроб Шарифов

Раиси ҲХДТ қаблан низ таъкид карда буд, ки номзадҳо ба курсиҳои парлумон аз ҷониби ҷавонони фаъол низ бештар карда шаванд.

Аммо Сӯҳроб Шарипов, вакили Маҷлиси намояндагон Тоҷикистон бештар аз нав шудани чеҳраҳо истиқбол кард. Сӯҳроб Шарипов, пас аз анҷоми анҷумани ҲХДТ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷавонону заноне, ки номашон дар ин ҷаласа барои вакил шудан дар интихоботи 2015-и парлумонии Тоҷикистон пешниҳод гардад, як командаи нав аст. Аммо Сӯҳроб Шарипов гуфт, он ки дар интихобот кадоме аз инҳо баранда мешаванд, аз худи онҳо бастагӣ дорад.

Сӯҳроб Шарипов ҳамчунин гуфт, эҳтимол ҲХДТ дар ин интихобот аз методҳои нав кор гирад: “Дар интихоботи дар пеш истода, ҳизби мо бо командаи нав ворид мешавад. Ба мардум чеҳраҳои нав, элитаи нави сиёсиро пешниҳод кунад. Иваз кардани элитаи сиёсӣ дар ҳама кишварҳо як кори маъмулист. Ба фикри ман Тоҷикистон низ дар ин марҳила ниёзи дигар кардани элитаи сиёсиро дорад. Бинобар ин ҳизби мо нахуст шуда, тасмими иваз кардани элитаи сиёсиро рӯй даст гирифт. Мо дидем, ки ҳизб аз вакилони пештара танҳо 4 нафарро дубора ворид карду халос.”

Ин дар ҳолест, ки соҳибназарон мегӯянд, бо он, ки ҲХДТ чанд чеҳраро аз вазифа сабукдӯш карда, ба парлумон ворид месозанд, имкон надорад, ки элитаи сиёсӣ тағйир кунад.

Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик ва намояндаи Ҳизби сотсиал-демократ шанбеи 13-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, то замоне Ҳизби ҳоким курсиҳои парлумонро бо дигар ҳизбҳо тақсим накунад, сохтани элитаи сиёсӣ ва ё мустақил гардидани парлумони Тоҷикистон имкон надорад. Ба қавли ҷаноби Ҳакимов, ҲХДТ мисли солҳои қабли ҳар қадар курсиҳои зиёди парлумонро соҳиб шавад ва барои дигар аҳзоб имкони камтар дода шавад, ҳамон қадар мустақилияти парлумон зери суол меравад:

“Бо дар назардошти таҷрибаҳои то имрӯз гуфтан мумкин аст, ки бештари лоиҳаи санаду қонунҳо аз ҷониби ҳукумат пешниҳод мегардад. Камтар манфиатҳои ҷомеаро ба инобат мегирад. Аз ин хотир мушкилиҳои амалӣ намудани барномаҳо дар робита ба таҳаввулотҳои сиёсиву иҷтимоӣ аз ин вобастагӣ дорад.”

Ҳамчунин ба гуфтаи ҷаноби Ҳакимов, мустақил будану озодии ҳар вакилро ҳизбаш низ таъйин мекунад.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҲХДТ ба шаффофияти интихобот таъкид кард. Аммо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла САҲА натоиҷи интихоботҳои қаблии Тоҷикистонро эътироф накарда ва онро мухолифи меъёрҳои байналмилалӣ хонда буданд. Ин созмонҳо ва ҳамчунин аҳзоби мухолиф, ҳукуматро барои сӯиистифода аз манбаъҳои давлатӣ зимни маъракаҳои интихоботӣ муттаҳам мекунанд.

Мӯсо Асозода, сухангӯи пешини ҳизби ҳоким мегӯяд, интизор меравад, ки тағйирот дар сохтори Кумитаи иҷроияи ҳизб ва ҳам дар сохторҳои он дар вилоятҳо, шаҳрҳову ноҳияҳо пеш хоҳад омад: "Аз нигоҳи ман ин ҷо кор дар бораи фаъолиятҳои дохилиҳизбӣ аст. Ҳамчунин ба сатҳи кормандоне иртибот дорад, ки дар ҳизб кору фаъолият доранд. Таҳлилҳое, ки худи ҳизб дар дохили худ дошт, сабаб шуд, ки муовини аввали раиси ҳизбамон ба сабаби ба нафақа баромадан ҷояш иваз шавад. Ман гумон намекунам, ки ин интихобот берақобат анҷом ёбад. Рақобат ҳатман хоҳад шуд ва он рақобати солими дар байни ҳизбҳо хоҳад буд."

Қарор аст дигар аҳзоби сиёсии кишвар низ рӯйхати номзадҳои худро ба вакил шудан дар ҳавзаҳои якмандатӣ ироа намоянд. Интихоботи навбатии парлумонии Тоҷикистон 1-уми марти соли 2015 баргузор мегардад. Масъулони КМИРТ мегӯянд, ки дар интихоботи қарибулвуқӯи интихоботии ин кишвар беш аз 150 нозири САҲА, аз ҷумла Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари ин созмон ширкат мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG