Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳолати имрӯзаи мавзеи таърихии Аҷинатеппа ҳузнангез аст. Деворҳои маъбад бар асари барфу борон хароб шуда, саҳни ин мавзеи бостониро хору алаф пӯшонда ва ба чарогоҳи чорпоёни сокинони бумӣ мубаддал шудааст.

Харобаи маъбади будоии Аҷинатеппа, мероси таърихие, ки аз қарнҳои 7-8 то ба мо расидааст бо вуҷуди эътироф шуданаш ҳамчун мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО натавонист ба зиёратгоҳи сайёҳон табдил шавад. Ин маъбад дар 12 километрии шаҳри Қурғонтеппа қарор дошта, аз таърихи қадимии водии Вахш ҳикоят мекунад. Аммо ҳолати имрӯзаи ин мавзеи таърихӣ ҳузнангез аст.

Деворҳои маъбад бар асари барфу борон хароб шуда, саҳни ин мавзеи бостониро хору алаф пӯшонда ва ба чарогоҳи чорпоёни сокинони бумӣ мубаддал шудааст. Хушвахт Абдуназаров, доктори илмҳои таърих аз

Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 21 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳолати феълии ин маъбади буддоӣ бостоншиносонро ба ташвиш овардааст.

Алихон Шарифов, мегӯяд, ки Аҷинатеппа аз соли 2008 инҷониб таҳти ҳимояти меъроси фарҳангии ЮНЕСКО қарор дошта, дар соли 2009 деворҳои боқимондаи ин маъбад таъмир шуданд. Ҳамчунин, бо мусоидати молии давлати Ҷопон ба атрофи ин мавзеи таърихӣ симтур кашида шуд.

Вале ба эътиқоди ҷаноби Шарифов, барои ҳифз, тармим ва бозсозии ин осори бостонӣ ба маблағҳои бештаре ниёз аст. Дар сурати мусоидати мақомоти ноҳияи Вахш барои бозсозии комили ин мавзеъ имкон дорад маъбади Аҷинатеппа зиёратгоҳи ҷаҳонгардони дохилию хориҷӣ, бахусус, пайравони мазҳаби буддоии ҷаҳон шавад.

Бо ин вуҷуд, ҳамасола ҳудуди 100 тан аз ҷаҳонгардони дохилию хориҷӣ аз маъбади Аҷинатеппа дидан мекунанд. Ба эътиқоди бостоншиносони маҳаллӣ, дар сурати ҳифзу тармими деворҳои маъбад ва фароҳам кардани шароити мусоид барои истиқболи меҳмонон теъдоди ҷаҳонгардон ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт.

Аҷинатеппа, харобаи маъбади буддоии нимаи асри 7- ибтидои асри 8 дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон воқеъ гаштааст. Ба ҳангоми ҳафриёти Аҷинатеппа дар солҳои 60-уми қарни гузашта ашёи бостоние, назири сафол, маснуоти шишагию фулузӣ ва сиккаҳо ёфт шудаанд.

Аммо муҳимтарин бозёфт дар Аҷинатеппа муҷассамаи 12-метраи Буддои дар ҳолати нирвона ё хобида аст, ки номи ин мавзеъро дар сартосари Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои ҷаҳон машҳур кард.

Дар канори муҷассамаи бузурги Буддо дар ин маъбад муҷассамаҳои хурди Буддои нишаста, муҷассамаҳои гилии рангубор додашудаи иблис, роҳиб ва сокинони ин минтақа кашф шуда буд.

Худи маъбади Аҷинатеппа аз як бинои баландиаш 6 метр бо ду қисмати бо роҳрав пайваст иборат аст, ки бостоншиносон аз он ба унвони “дайр” ном мебаранд. Девори бино аз похса ва хишти хом буда, таҳкурсии он аз хишти пухта сохта шудааст.

Маҳмадулло Ҷалилов, бостоншиноси маҳаллӣ мегӯяд, ки дар соли 1973 мавзеъи Аҷинатеппа аз ҷониби бостоншиносон комилан таҳқиқ шуда, аммо ҳанӯз аз ин мавзеъ сафолҳое аз кӯзаҳои гилин ва чинӣ пайдо мешаванд.

"Таваҷҷӯҳи мардум ба Аҷинатеппа зиёд аст. Хуб мешуд, ки маъбад тармиму бозсозӣ шуда, ба макони омӯзиши осори ниёгон мубаддал гардад. Дар ин ҷо вақти маҳтобшаб баъзе ашёҳои мисин мисли тилло ҷило медоданд, шояд ба ин далел ин ҷойро Аҷинатеппа гуфтаанд”- мегӯяд Маҳмадулло Ҷалилов.

Аз сӯйи дигар, мардуми маҳаллӣ Аҷинатеппаро маҳалли ҷинҳо мегуфтанд, ки гӯё дар пардаи шаб дар ин минтақа пайдо мешудаанд. Аммо бостоншиносон мегӯянд, шуое, ки мардуҳми маҳаллӣ дар дар харобаи буддои мушоҳида кардаанд, чизе бештар аз бархурди нури моҳ ба сафолпораҳои қадима нест.

Тибқи иттилои расмӣ, ковишҳои бостоншиносӣ ё ҳарфиёт дар Аҷинатеппа дар муддати 14 сол идома ёфта, ки беш аз 500 нигораи буддоӣ, аз қабили сиккаҳо, муҷасамаҳои гилин ва дигар ашёҳои нодири таърихӣ ёфт шудаанд. Бештари ин ашё дар осорхонаҳои бузурги шӯравӣ дар Маскаву Сакт-Петербург маҳфузанд.

Муҷассамаи бузурги Буддо дар ҳолати нирвона дар Музейи таъриху бостоншиносии шаҳри Душанбе нигоҳдорӣ мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG