Пайвандҳои дастрасӣ

Ёде аз шеъри сардафтари адабиёти форсӣ дар Рӯзи Рӯдакӣ


Ҳайкали Рӯдакӣ дар маркази Душанбе

Ҳайкали Рӯдакӣ дар маркази Душанбе

Рӯзи 22 сентябр дар Тоҷикистон 12 сол боз ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Имсол ба ин муносибат анҷумани илмие дар мавзӯи “Рӯдакӣ ва суннатгароӣ дар адабиёти тоҷику форс” доир карданд.

Дар китобхонаи миллии Тоҷикистон ба хотири бузургдошти сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ як конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Рӯдакӣ ва суннатгароӣ дар адабиёти тоҷику форс” доир шуд.

Дар ин маҳфил, ки бо ибтикори Академияи илмҳои Тоҷикистон, Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Эрон ва Китобхонаи миллӣ роҳандозӣ гардид, олимону шоирон аз Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустону Покистон дар мавзӯи “Рӯдакӣ ва ҳуввияти миллӣ”, “Рӯдакӣ- шоири таъсиргузор”, “Ашъори навёфтаи устод Рӯдакӣ” ва “Ривоҷи маснавӣ дар шеъри Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ” маъруза карданд.

Ҳамчунин имрӯз дар макотибу донишгоҳҳои Тоҷикистон ба ин хотир маҳфилҳои рӯдакихонӣ доир мешавад.

Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар Ибни Муҳаммад Рӯдакӣ, бино ба маъхазҳо, соли 858 дар рустои Панҷрӯди ноҳияи кунунии Панҷакент ба дунё омадааст. Ӯ дар даврони шукуфоии давлати Сомониён ба сар бурда, бахусус дар даврони аморати Насри Сомонӣ аз сӯи ин хонаводаи ҳоким марҳамати зиёд дид ва дар Бухоро дар дарбор ба сар бурд. Сомониён Рӯдакиро ба унвони тавонотарин шоири он даврон лақаби "Маликушшуаро" дода буданд. Аммо Рӯдакӣ дар поёни умраш ба зодгоҳи худ -Панҷрӯд - баргашт ва дар соли 941 дар ҳамин ҷо аз ҷаҳон даргузашт ва дафн шуд.

Маҳфили Рӯдакӣ дар Китобхонаи миллӣ

Маҳфили Рӯдакӣ дар Китобхонаи миллӣ

Аз соли 2002 инҷониб дар Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 22-уми сентябр зодрӯзи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ - сардафтари адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, шоири қарнҳои 9-10 таҷлил мешавад. Ин маърака бо номи Рӯзи Рӯдакӣ маъмулан бо баргузории конфронсҳо ва сӯҳбатҳои мизи гирд ва мулоқот бо аҳли фарҳангу адаб ҷашн гирифта мешавад. Фарҳангиёни тоҷик чунин тадобирро имконе барои боло бурдани ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар миёни ҷомеа ва дар амри шинохти бештари насли ҷавон аз осори ин шоири тавоно медонанд.

Дар Тоҷикистон ба манзури бузургдошт ва арҷгузорӣ аз ин шахсият як ноҳия, пажӯҳишгоҳи забону адабиёт, донишгоҳи Кӯлоб, чандин муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, мактабҳо ва кӯчаҳо номи Рӯдакиро дорад. Муҷассамаҳои Рӯдакӣ, ки ӯро падари шеъри форсӣ ҳам ном мебаранд, дар назди бархе аз муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла яке адр Боғи Рӯдакӣ дар маркази пойтахт ва якеи дигар дар саҳни майдони назди Донишгоҳи кишоварзӣ қомат афрохтаанд. Хиёбони марказии пойтахти Тоҷикистон низ номи Рӯдакиро дорад. Ҳамчунин ҷоизаи давлатии Тоҷикистон дар соҳоти адабу фарҳанг, ки ҳар сол барои беҳтарин асарҳои адибону ҳунармандони тоҷик тақдим мешавад, низ ба номи Рӯдакист.

Аз Рӯдакӣ танҳо осори парокандае то рӯзҳои мо расидааст, ки як намунаашро инҷо бароятон меорем:

Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт

Чун теғ ба даст орӣ мардум натавон кушт,

Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт.

Ин теғ на аз баҳри ситамгорон карданд,

Ангур на аз баҳри набид аст ба чархушт.

Исо ба раҳе дид яке кушта фитода,

Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт.

Гуфто, ки киро куштӣ, то кушта шудӣ зор?

То боз кӣ ӯро бикушад он кӣ туро кушт.

Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG