Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отунбоева маҷлисгоҳи президентро тарк кард. 2 ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Интиқоди президенти Қирғизистон аз мухолифони тағйири конститутсияи ин кишвар ва ҳамла ба аъзои ҳукумати муваққатии соли 2010 боиси он шуд, ки Роза Отубоева, президенти собиқ ба нишони эътироз ва ҳам намоишкорона маросими таҷлил аз иди истиқлолиятро тарк кард. Отунбоева замоне маросимро тарк кард, ки президент Алмосбек Отамбоев худи Отунбоева ва дигар аъзои ҳукумати муваққаттии собиқро дар бесубот ва ғорат кардани кишвар дар солҳои 2010-2014 айбдор мекард.

Рӯзи 31 август дар майдони марказии шаҳри Бишкек президент Алмосбек Отамбоев Қирғизистонро ҳамчун як кишвари ташаккулёфта ситоиш ва таъкид кард, ки сарқонуни кишвар бояд ҳатман тағйир дода шавад. Мунаққидон ҳарос доранд, ки тағйирот ба конститутсияи кишвар қудрати нахуствазирро бештар ва ҳуқуқи башарро маҳдуд мекунад ва пофишорӣ доранд, ки қонуни асосии кишвар то соли 2020 бетағйир гузошта шавад.

Отамбоев ба аъзои ҳукумати муваққат ҳамла кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:19 0:00

Мухолифони аслии тағйироти конститутсия – аъзои собиқи ҳукумати муваққатии Қирғизистон бо раҳбарии Роза Отунбоева мебошанд, ки бо изҳороти расмӣ талошҳои президентро ғайриқонунӣ хонда ва аз мардум ҳам хостаанд, ки мухолифаташонро ба ин иқдом баён кунанд. Дар муроҷиат ба Отунбоева ӯ гуфт:

«Мо хеле хуб ёд дорем, ки баъди қабули конститутсияи нав дар парлумон даҳони шуморо мебастанд. Чор сол – аз соли 2010 то 2014 дар паи митингҳои беохир, роҳҳои басташуда, ғасби маъмуриятҳои ноҳиявиву вилоятӣ кишвар дар ҳолати бебандубор буд».

Баъди ин ҳарфҳои президент Роза Отунбоева намоишкорона хест ва маҷлисгоҳро тарк кард. Отамбоев инчунин гуфт, ки аъзои собиқи ҳукумати муваққаттӣ бояд барои ғорат, ҳисобҳои бонкӣ ва кӯшиши пур кардани кисаҳо аз ҳисоби давлат ҷавоб диҳанд.

Отунбаева маҷлисгоҳро тарк кард
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:52 0:00

Дар остонаи ҷашнҳои истиқлолияти Қирғизистон, гурӯҳе аз сиёсатмадорон изҳороте пахш карда мухолифи тағйир доданди конститутсияи кишвар садо баланд карданд. Дар ин санад гуфта мешуд, ки конститутсия бо иштироки аъзои зиёди ҷомеа қабул шудааст. Ин санад, ба гуфтаи онҳо, ризоияти ҷомеа ва сохторҳои марбутаи байналмилалиро ҳам ба даст овардааст.

Марс Сариев, як таҳлилгари масоили сиёсӣ гуфт, ки сабаби нороҳатӣ ва асабонияти президент ин аст, ки изҳороти сиёсатмадорони мухолифи тағйироти констутсия ба обубрӯи сиёсии Отамбоев зарба мезанад. «Онҳо афкори ҷомеаро ташаккул медиҳанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ташаббускорон мегӯянд, корро дар амри тағйири сарқонун идома медиҳанд».

Омурбек Текебоев, як узви ҳукумати собиқи муваққат гуфт, ки ҳамлаи президент ба мухолифон дар рӯзи таҷлили истиқлолият дуруст набуд ва ин амали ӯ ҳоло натиҷаи баръакс медиҳад. Дар ҳоле, ки худи Отамбоев пофишорӣ дорад, ки аз рӯзҳои аввали таъсиси ҳукумати муваққат дар апрели соли 2010 мухолифи тағйири сарқонун буд. Дар ҳамин ҳол, бархе корбарони Фейсбук суханронии Отамбоевро дар соли 2012 ёд оварда мегӯянд, ки он вақт ӯ аз конститутсияи нав ба ҳайси «санади эҳёгари низоми парламентарӣ» ситоиш кард ва гуфт, ки ин талошҳои кишвар аз ҷониби ҳукуматҳои иҷроия дар гузашта саркӯб шудааст.

XS
SM
MD
LG