Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зиндагии шоҳона бо маоши 500-долларӣ?


Аксар мақомдорони тоҷик Тойота Лендкрузерро мошини хизматии худ интихоб кардаанд

Аксар мақомдорони тоҷик Тойота Лендкрузерро мошини хизматии худ интихоб кардаанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҳамаи аъзои кабинети нави худ талаб кард, ки аз дороиҳои худ ба мақомоти андоз гузориш диҳанд.

Ин талаби президент дар нахустин ҷаласаи ҳукумати нав, ки 60 дар сади аъзои он дигар шудааст, садо дод.

Раисҷумҳур гуфт, кормандони давлатӣ новобаста аз мақому мансаб, вазифадор ҳастанд, ки ҳамаи дороиҳои худро дар эъломия зикр кунанд ва ба мақомот супоранд: «Ҳангоми таъин кардан ба вазифаи нав ман ба ҳар як аъзои нави ҳукумат таъкид кардам, ки ё ба бизнес ва ё кор дар идораи давлат машғул мешавед, аз ду - яке. Ин натанҳо ба аъзои ҳукумат, балки ба ҳамаи кормандони сохтору кумитаҳои ҳукумат дахл дорад».


Дар зимн, бори аввал нест, ки Эмомалӣ Раҳмон хитоб ба мансабдорони давлат онҳоро ба шаффофият ва ошкор кардани манобеи молӣ даъват мекунад. Аммо то ҳол расман эълон нашудааст, ки кормандони давлатӣ чӣ қадар сарват доранд ва манбаи сарвати онҳо кадом аст.

Тоҷикистон ҳанӯз соли 2005 бо қабули қонун дар бораи мубориза бо коррупсия хизматчиёни давлатиро ӯҳдадор карда буд, ки дороиҳои худро аз мақомоти андоз пинҳон накунанд.

Қумриниссо Азизова, як корманди масъули раёсати хизмати давлатии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, мақомоти давлатӣ ҳамасола аз даромаду дороиҳои худ ба кумита гузориш медиҳанд, вале ин ниҳод муваззаф нест, ки дороиҳои мақомотро ба ҷомеа ошкор кунад. "Вазирон ва дигар аъзои ҳукумат эъломияҳояшонро ба бахши кадрҳои дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ пешниҳод мекунад ва ин ҳуҷҷати махфӣ буда, муҳтавои он ошкор намешавад», - гуфт Қумриниссо Азизова.

Ба гуфтаи ин масъули раёсати хизмати давлатӣ, маоши поинтарини хизматчии давлатии бидуни собиқаи корӣ аз 405 сомонӣ ва коэффитсиентҳои тарифӣ оғоз мешавад: «Масалан, маоши як корманди ҷамоати шаҳрак ва ё деҳот, ки поинтарин зинаи хизматчии давлатӣ аст, дар маҷмӯъ 1097 сомониро ташкил мекунад. Муовинони вазирҳо, агар, фаразан, бидуни собиқаи корӣ бошанд, 2195 сомонӣ маош мегиранд».

Хонум Азизова аз ошкор намудани ҳаҷми маоши вазирҳо худдорӣ кард ва гуфт, маоши мақомоти баландпояро президент бо фармони махсус муайн мекунад ва ҳаҷми он махфӣ аст. Аммо як масъули Вазорати молияи Тоҷикистон бидуни зикри номаш гуфт, маоши вазирон ба ҳисоби миёна аз 2,5 то 4 ҳазор сомонӣ ё аз 500 то 800 доллар аст.

Аммо коршиносон мегӯянд, ҳисоботе, ки кормандони давлатӣ ба кумитаи андоз медиҳанд, на ҳемша воқеӣ аст, зеро борҳо маълум шудааст, ки мақомдорҳо дороиҳои худро ба номи хешу табор менависанд ва бо ин роҳ сарватманд будани худро пинҳон медоранд. Бино бар ин нозирони умур пешниҳод доранд, ки дар қонуни мубориза бо коррупсия тағйирот ворид шавад ва мансабдорон вазифадор шаванд, то эъломияи дороии наздикони худро низ ба ҷомеа ошкор кунанд. Гузашта аз ин, як нигоҳ ба нархи мошин ва манзилу бӯстонсароҳои муҷаллаи мақомдорони тоҷик кофӣ аст, ки кумитаи андоз ба бебизоат будани онҳо шубҳа кунад.

Нозим Эшонқулов, коршиноси «Маркази бозори озоди Тоҷикистон» мегӯяд, вақте мақомдори давлатӣ масълаҳои миллион доллариро ҳал мекунанд, магар метавонанд бо маоши 500-600 долларӣ қаноат кунанд: «Вақте аз имзои мансабдор тақдири миллионҳо сомонӣ ҳал мешавад онҳо сахт моил мешаванд, ки қисме аз ин маблағ ба онҳо низ бирасад. Бинобар ин, маоши кулли хизматчиёни давлатӣ бояд боло бурда шавад. Бо кадом роҳ? Бо роҳи кам кардани миқдори мансабдорон ва аз ин ҳисоб зиёд кардани ҳаққуззаҳмати боқимондаҳо».

Ҷаноби Эшонқулов аз таҷрибаи Сингапур ёдовар шуд, ки ба мансабдорони давлатӣ он маоше пардохт мешавад, ки топ-менеҷерони ширкатҳои калон мегиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG