Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мизигирди Озодӣ: Озодии баён дар Тоҷикистон


3 май рӯзи байналмилалии озодии баён таҷлил мешавад

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ин ҷумҳурӣ дар як муддати кӯтоҳ асосҳои сохти демократӣ ва таъмини озодиҳои инсон ва аз ҷумла озодии баёнро таъмин кардааст. Дар Тоҷикистон ҳизбҳои сиёсӣ, расонаҳои мустақил ва созмонҳои ғайридавлатӣ озодона амал мекунанд. Вале то куҷо ин суханон дар амал татбиқ шудаанд?

Мизигирди радиои Озодӣ рӯзи панҷшанбе, 2 май соати 14 ба вақти Душанбе дар сайти интернетии мо тақдим мешавад.


Ширкаткунандагони сӯҳбат муассиси ҳафтаномаи “Миллат” Адолати Мирзо, раҳбари созмони мудофеи озодии баёни “Хома” Шаҳлои Акобир, гардонанда – Искандари Хоҷамирзода.


Агар ба аҳли ин сӯҳбат суоле доред, ҳатман ба Озодӣ бинависед.
Ё ба мо занг занед. Шумораҳои мо:

Дар Душанбе: 988 65 94 63, 988 65 94 64, 985 63 83 56
Дар Прага: (420) 725 03 79 43
XS
SM
MD
LG