Пайвандҳои дастрасӣ

Гузоришгари вижаи СММ дар нишасти масоили шиканҷа дар шаҳри Душанбе аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки Паймони мубориза алайҳи шиканҷаро ба тасвиб расонад.

Хуан Мендес гузоришгари вижаи СММ гуфт, «нақшаи кории ҳукумат ҷиҳати мубориза алайҳи шиканҷа бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мувофиқа нашудааст. То ба ҳол ҳодисаҳои шиканҷа ҳангоми тафтишот дар Тоҷикистон ҷой дорад. Ман аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунам паймони мубориза бо шиканҷаро ба тасвиб расонад." Хуан Мандес ҳамчунин гуфт, ки "мо талаб дорем, ба афроди айбдоршаванда вакилони дифои бетараф ва беғараз пешниҳод шавад. Ҳоло дар Тоҷикистон адвокатҳо аз сӯи муфаттишон пешниҳод мешавад. Ҳол ин ки адвокат бояд аз сӯи додгоҳ таъин карда шавад."

Баҳси тунди шиканҷа дар мулоқот бо гузоришгари СММ

Мақомоти тоҷик мегӯянд, давлати Тоҷикистон алайҳи шиканҷа мубориза мебаранд, аммо ин масъала аз ҷониби ҳуқуқшиносон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ зери суол бурда мешавад.

Хуан Мендес аз ҳукумати Тоҷикистон хост, барномаҳояш барои маҳви шиканҷа ва бадрафториро ҳаматарафа амалӣ кунад. Ӯ бо хотимаи сафари серӯзааш дар Душанбе гуфт, ҳанӯз барномаҳои Тоҷикистон барои маҳви шиканҷа дуруст амалӣ намешавад.

Хуан Мендес, рӯзи чаҳоршанбе иброз дошт, аз он нигарон аст, ки бо вуҷуди гузоришҳо дар бораи мавҷудияти шиканҷаву бадрафторӣ дар зиндонҳо ва ҳангоми боздошти муттаҳамон, тайи ду соли ахир танҳо чаҳор парванда дар ин замина боз шудааст. Хуан Мендес аз он изҳори хушнудӣ кард, ки Тоҷикистон барои иҷрои тавсияҳои ӯ аз соли 2012 барои маҳви шиканҷа барномаи давлатиеро қабул кардааст. Вале гуфт, ки ҳеҷ вақти мушаххасе барои иҷрои ин барнома таъйин нашудааст.

Баҳром Абдулҳақов, муовини раёсати зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон дар нишасте, ки имрӯз дар мавзӯи шиканҷа дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, гуфт, баъд аз нашри хабаре, ки як маҳбус аз сардӣ фавтидааст, ду нафар намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон худи ин маҳбусро дидаанд ва зимни вохӯрӣ бо ин маҳбус маълум шуд, ки вай аз вазъи нигаҳдорӣ дар зиндон шикоят надоштааст.

Сухан дар бораи хабари марги Маҳмадраҳим Саидов меравад, ки рӯзи 6 феврал дар баъзе расонаҳои хабарӣ нашр шуда буд. Тибқи ин хабар гуфта мешуд, дар муассисаи ислоҳии рақами 1 бинобар сардии ҳаво маҳкумшуда Маҳмадраҳим Саидов ба ҳалокат расидааст.

Баҳром Абдулҳақов гуфт «Ба Маҳмадраҳим Саидов имконият дода шудааст, ки бо наздиконаш бо телефон гап занад. Дар натиҷаи сӯҳбат маълум шуд, ки модари вай баъди фаҳмидани хабари дурӯғи марги писараш аз тариқи расонаҳо бемор шуда, ба бемористон бистарӣ шудааст. Маҳбус гуфтааст, он расонаҳоеро, ки чунин хабари бардурӯғ доданд, ба додгоҳ медиҳад.»

Ҷаноби Абдулҳақов аз расонаҳо ва журналистон гила кард, ки хабарҳои бардурӯғро носанҷида ва этикаро дағалона вайрон карда, хабарҳои бардуруғ нашр мекуннад.

Ҳамчунин зимни ин нишаст намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон аз он гила карданд, ки онҳо имкони вориди зиндонҳо шуданро надоранд. Аммо ҷаноби Абдулҳақов гуфт, онҳо ба хабарнигорони ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва хабарнигорон ва ҳатто ҳомиёни ҳуқуқ аз хориҷа низ имкон дода буданд вориди маҳбасҳо шаванд.

Вале ба гуфтаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ танҳо як ё ду маротиба дар чанд сол чунин имконият дода шуда буд ва боқӣ иттило гирифтан дар бораи зиндагии воқеии маҳбусон душвор аст.

М. Ашӯров:давлати Тоҷикистон алайҳи шиканҷа мубориза мебарад

Дар нишасте, ки имрӯз 12-уми феврал бо иштироки Хуан Мендес – гузоришгари вижаи СММ дар масъалаи шиканҷа дар шаҳри Душанбе идома дорад, Музаффар Ашӯров, намояндаи дастгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки давлати Тоҷикистон алайҳи шиканҷа мубориза мебарад.

Барои мисол вай гуфт, ҳар нимсола вазоратҳои қудратии Тоҷикистон дар мавриди иҷрои чорабиниҳо алайҳи шиканҷа ба дастгоҳи раисҷумҳур гузориш медиҳанд. Вай гуфт дар ҳама нуқтаҳои боздошти шаҳвандон наворбардорҳо (видекамера) насб шудаааст.

Аммо Ойниҳол Бобоназарова, ҳомии ҳуқуқ гуфт, нияти давлатмардони сатҳи аввали кишвар дар мубориза бо шиканҷа рӯшан нест. Вай афзуд, то ба ҳол ҳеҷ яке аз мансабдорони баландпоя тарики шабакаҳои давлатӣ ва рӯзномаҳо баромад намуда, ин шиканҷаро маҳкум накардаанд. Бобоназарова гуфт, ҳол он ки додгоҳ ҳатто ҷой доштани шиканҷаро дар нисбати баъзе афрод исбот кардааст.

Бобоназарова гуфт, қариб як сол мешавад, ки додгоҳ вазорати корҳои дохилиро барои пардохт намудани ҷубронпулӣ ба олилаҳои шиканҷашуда муваззаф карда буд, аммо то ба ҳол ин маблағ пардохт карда нашудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар дар нишаст гуфтанд, ки роҳбарони мақомотҳои қудратӣ ба хабарнигорон дар ҳолатҳои лозима вохӯрӣ намекунанд. Ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова гуфт, ки вазири корҳои дохилӣ бо хабарнигорон вонамехӯрад. Аммо намояндаи вазорати корҳои дохилӣ, ки дар нишаст ҳузур дошт аз толор баромада, баъд аз 10 дақиқа вориди толор шуд ва гуфт, ки вазири корҳои дохили Рамазон Раҳимов омодааст бо хабарнигорон вохӯрӣ кунад.

Ёдовар мешавем, ки Рамазон Раҳимов дар нишасти матуботии охири вазорати корҳои дохидӣ ширкат надошта буд ва қаблан ҳам ин вазорат эълон дошта буд, ки вазир бо хабарнигорон вомехӯрад, аммо то ба ҳол вонахӯрдааст.

Дар ин нишаст ҳамчунин вазири адлия Рустам Менглиев ва намояндагони ҷомеаи шаҳвандӣ, ҳомиёни ҳуқуи инсон ва хабарнигорон ҳузур доранд. Қарор аст ин нишаст то охири рӯз давом кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG