Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мизигирди Радиои Озодӣ: "Соярӯшанҳои сессияи 16-ум"


Хабарнигорони шоҳиди рӯйдодҳои тирамоҳи соли 1992 ончиро, ки дар пушти пардаи Иҷлосия мегузашт, ёдоварӣ карданд.

Дар ин шабурӯз аз иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ – парлумони вақти Тоҷикистон, ки дар поёни соли 1992 дар Қасри Арбоби колхози ба номи Саидхоҷа Урунхоҷаеви Хуҷанд гузашт, 20 сол мегузарад.


Ҳадафи асосӣ аз ин иҷлос нуқта гузоштан ба хунрезиҳое буд, ки аз моҳи майи соли 1992 қариб ним сол боз давом дошт ва алакай ҳазорон кушта ба ҷо гузошта буд. Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ истеъфои Раҳмон Набиев аз мақоми президенти Тоҷикистон расмӣ карда шуд, кишвар ба низоми парлумонии раёсат гузашт ва Эмомалӣ Раҳмонов раиси Шӯрои олӣ интихоб шуд. Дар кобинаи нави вазирон, ки таҳти раҳбарии сарвазир Абдумалик Абдуллоҷонов дар ҳамин иҷлосияи 16-уми ташкил шуд, аксарияти курсиҳои калидӣ ба намояндагони Фронти халқӣ – яке аз ҷонибҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон – расид.


Аммо бо гузашти 20 сол аз он иҷлосия, ки дар сатҳи расмӣ “таърихсоз” унвон мешавад, назари бисёри таҳлилгарон ин аст, ки иҷлосияи 16-ум ҳукуматро дигар кард, вале ба ҳадафи аслиаш – хатми ҷанг – муваффақ нашуд. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон боз 5 соли дигар давом кард ва танҳо соли 1997 бо имзои созишномаи сулҳ дар Маскав ба поён расид.

Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ба муносибати солгарди 20-уми иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар як мизигирди видеоӣ, ки аз тариқи ozodi.skype сабт шуда, ба таври мустақим тавассути сомонаи мо дар Интернет, дар нишонии ozodi.org (ozodi.tj) ва ҳам тавассути сомонаи youtube.com пахш мешавад, хабарнигорони шоҳиди рӯйдодҳои тирамоҳи соли 1992-ро гирди ҳам меорад, то аз ончӣ ки дар пушти пардаи он иҷлосия мегузашт ва дар гузоришҳои расмӣ дар борааш камтар сӯҳбат мекунанд, пардабардорӣ кунад.


Дар ин мизигирд моро аз Душанбе сардабири ҳафтаномаи мустақили “Фараж” Хуршеди Атовуллоҳ, хабарнигори ББС Мардони Муҳаммад, ки соли 1992 ҷараёни иҷлосияи 16-умро барои нашрияи парлумонии “Садои мардум” пайгирӣ мекард ва аз Прага ҳамкорамон Сайидқосими Қиёмпур, ки дар он иҷлосия хабарнигори нашрияи "Экспресс-Хроника"-и Маскав буд, ҳамроҳӣ мекунанд.

Гардонандаи сӯҳбат - Мирзои Салимпур.




XS
SM
MD
LG