Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мизигирди Озодӣ: Зани тоҷик дар ҷомиа


Зан ва модар – азизтарин вуҷуди рӯи замин, олиҳаи зебоӣ, сарчашмаи меҳру садоқат... Ин ҳарфҳоест, ки дар ҳар иди 8 март мо аз минбарҳои баланд мешунавем. Аммо дар асл зан дар ҷомиаи Тоҷикистон чӣ мақому чӣ ҷойгоҳе дорад?

Бо онки занон нисфи ҷамъияти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, саҳми ҷинси латиф дар баҳрабардорӣ аз ҳуқуқ ва имтиёзҳои мавҷуда нисбат ба мардон хеле камтар будааст. Маоши миёнаи занон дар Тоҷикистон аз музди миёнаи мардон 2 маротиба камтар аст, ба истиснои як муовини сарвазир дар Тоҷикистон ягон зан вазир нест ва танҳо 5 дарсади мақомҳои раҳбарӣ дар ин кишварро ба занҳо ва бақия 95 дарсад марбут ба мардон будааст.

5 март дар сомонаи Озодӣ мизигирди мустақими видеоӣ бахшида ба Иди модарон доир шуд, ки мавзӯи асосиаш баррасии нақш ва мақоми зан дар ҷомиаи ҳанӯз мардсолори Тоҷикистон буд. Дар ин мизигирд аз Душанбе Зарафои Раҳмонӣ – мушовири ҳуқуқии раҳбари ҲНИТ ва Ҳуриниссо Ғаффорзода – раҳбари созмони ғайридавлатии "Оштии миллӣ" ва аз Хуҷанд Гулбаҳор Маҳкамова – мудири кулли Анҷумани миллии занони соҳибкори Тоҷикистон ширкат карданд. Гардонандаи сӯҳбат – Мирзои Салимпур.



XS
SM
MD
LG