Пайвандҳои дастрасӣ

Барои фаҳмидани инки бо Русия бояд чӣ гуна муомила кард, хабарнигори Озодӣ ба чанде аз раҳбарони собиқи кишварҳои пасошӯравӣ муроҷиат кард.

Сарвазири собиқи Бритониё Уинстон Черчилл Русияро бо рафтори ғайри қобили пешгӯияш муаммое номида буд, ки "дар пардаи асрор дармондаааст ва кушоданаш имкон надорад. Бисёриҳо бо Черчилл мувофиқанд, вале ҳамсояҳои мустақими Русия ин кишварро муаммое бознашаванда намедонанд. Онҳо дар симои Русия кишвари пурқудрати даргири мушкилоти дохилиро мебинанд, вале мегӯянд, Русия ва рафтораш қобили фаҳм ҳаст.

Анна Соус, хабарнигори бахши беларусии Радиои Озодӣ дар силсилаи мусоҳибаҳои ихтисосиаш бо номи «Русия ва ман» дар тӯли ним сол пои сӯҳбати 12 раҳбари собиқи кишварҳои пасошӯравӣ нишаста, аз онҳо дар бораи муносибаташон ба Русия ва сиёсате, ки ин кишвар пеш мебарад, пурсидааст. Мусоҳибони Анна Соус нисбат ба Русия нигоҳи мухталиф доранд - бархе бо хашм, бархеи идигар бо прагматизм ва бархе ҳам бо як муҳаббат дар бораи Русия ҳарф мезананд.

Аммо аксари ин мусоҳибони пурнуфузи Озодӣ дар як маврид назари яксон доранд: рафтори Русия дар аҳди раёсати Владимир Путин ҳарчӣ бештар шабеҳи Иттиҳоди ШӮравӣ мешавад.

Барои боз кардани ин силсилаи сӯҳбатҳо инҷоро зер кунед

Леонид Кравчук, раисиҷумҳури аввалини Украина (солҳои 1991-1994) мегӯяд, "фалсафаи Русия ин аст, ки Украина бояд ҳамеша бо Русия, дақиқтараш зери пои Русия бошад. Украина ҳамчун давлати мустақил барои онҳо вуҷуд надорад." Ӯ мегӯяд, Маскав ба худи ӯ ҳам зиёд фишор меовард, ки Украина баъди фурӯпошии Шӯравӣ низ бояд дар мадори Русия боқӣ бимонад. Ва ин дар ҳолест ки гӯё ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ дар рӯи қоғаз соҳиби истиқлол шуда буданд.

Бисёре аз раҳбарони пасошӯравӣ бо изҳори таассуф мегӯянд, ки баъди ба қудрат расидани Путин умеди бягон вақт ба як давлати озоду демократӣ табдил ёфтани Русия мисли ҳубоби рӯи об шуд. Онҳо мегӯянд, дар аҳди Михаил Горбачёв ва раҳбарии Борис Елтсин чунин умедҳо хеле зиёд буд.

Витаутас Ландсбергис, раиси Шӯрои олии Литва дар соли 1990 мегӯяд, "он давра даврони хеле умедворкунанда буд. Афсӯс, ки нирӯҳои интиқомҷӯи империализими болшевикӣ дигарбора ғолиб омаданд." Аммо Ландсбергис аз Елтсин ба некӣ ёд мекунад: "Ӯ як эҳсоси шараф ва ифтихор дошт. Ман инро дар ҷараёни музокираҳо, вақте ҳамсафонаш вайро ба роҳи нодуруст тела медоданд, ҳис мекарданд. Аммо имрӯз дар Русия, ба ақидаи ин сиёсатмадор, "инсон ягон қадр надорад, аз ҳама авло дар инҷо қаламрав ва қудрат шудааст."

Вале назари на ҳамаи раҳбарони пасошӯравӣ нисбат ба Русия чунин интиқодист. Бархеи онҳо мегӯянд, ки талошҳои Путин барои ҳифзи бозмондаҳои ҷаҳони Шӯравиро дарк мекунанд. Ба ақидаи онҳо, иллати низоъҳои низомиву сиёсие, ки ҳар сари чанд вақт дар ин ё он гӯшаи Шӯравии собиқ дар мегиранд, нотавонии низомҳои ҳоким дар ин кишварҳо дар амри муомила ва забон ёфтан бо Маскав аст.

Нино Бурҷанадзе, ки ду дафъа иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳури Гурҷистон буд, ҳатто аз тасарруфи Қрим ҳимоят мекунад ва ҳамин тавр, мегӯяд, ҷанги соли 2008 байни Русияву Гурҷистонро метавонистанд пешгирӣ кунанд. Ӯ мӯътақид аст, ки бояд бо Русия муомила кард.

Аскар Оқоев, раисиҷумҳури Қирғизистон дар солҳои 1990-2005, ки баъди барканориаш аз қудрат дар Русия паноҳ бурдааст, низ бар ин назар аст, ки бо Русия метавон ва бояд ҳамкорӣ кард. Оқоев мегӯяд, Русия барои ӯ "ватани дувум" аст, чунки ӯ зодаи Иттиҳоди Шӯравист.

Анна Соус дар силсила мусоҳибаҳояш дар тарҳи вижаи "Руссия ва ман" ҳамчунин бо дигар раҳбарони кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла бо президенти собиқи Латвия Гунтис Улманис, раисиҷумҳури пешини Арманистон Роберт Кочариён, президентҳои собиқи собиқи Молдова Петр Лучинский ва Владимир Воронин, раҳбари собиқи Литва Роландас Паксас, президенти пешини Эстония Арнолд Рюйтел, нахустин раҳбари Беларуси пасошӯравӣ Станислав Шушкевич, ва раисиҷумҳури собиқи Украина Виктор Юшенко дар бораи муносибаташон ба Русия ва сиёсатҳои имрӯзаи Путин сӯҳбат кардааст.

XS
SM
MD
LG