Пайвандҳои дастрасӣ

100-солагии Роза Паркс, исёнгари автобуси амрикоӣ


Роза Паркс дар соли 1955. Акс аз Википедиа

Роза Паркс дар соли 1955. Акс аз Википедиа

Исми ӯ баъди он маъруф шуд, ки вай нахост ҷои худро дар автобус ба мусофири сафедпӯст бидиҳад.

Агарчи исми Мартин Лютер Кинг дар таърихи ИМА ба ҳайси раҳбари ҷунбиши ҳуқуқи башар сабт шудааст, мегӯянд, Роза Парксро чун шахсияте ном мебаранд, ки виҷдони амрикоиҳоро бедор кардааст.


Исми ин хонуми сиёҳпӯст баъди як ҳодисаи 1 декабри соли 1955 маъруф шуд. Дар он рӯз вай дар шаҳри Монтгомерӣ (аёлати Алабама) савори автобус шуд ва нахост курсии худро ба як мусофири сафедпӯст бидиҳад. Ин шӯриши инфиродии ӯ зидди табъйизи нажодӣ дар Амрико буд, ки базудӣ ба як ҳаракати азиме барои ҳуқуқи башар табдил ёфт. Рӯзи душанбе, 4 феврал 100-солагии ин хонуми мубориз таҷлил мешавад. Ин хонум 92 сол умр дид ва соли 2005 даргузашт. Бо даргузашти Паркс як бахше аз матбуоти Амрико амали ӯро на чун як исёни сиёсӣ зидди табъйизи нажодӣ, балки чун як ҳолати равонии дӯзандае тасвир мекунанд, ки баъди рӯзи тӯлони кор хаста шуда буд ва нахост аз курсӣ баланд шавад. Вале профессор Ҷен Теоҳарис, ки муаллифи китоби наве зери унвони “Ҳаёти шӯришии хонум Роза Паркс” аст, дар сӯҳбат бо нашрияи Guardian гуфтааст, “ҳаёти ӯ як таърихчаи шӯриши инфиродӣ ва фаъолияти шахсӣ буда, муддатҳо пеш аз қиссаи он автобуси таърихӣ шурӯъ шудааст”.

Ба қавли ин муаллиф, хонум Паркс дар шаҳри Тускегии аёлати Алабама чашм ба дунё кушода, ҳамеша бовар доштааст, ки чун як шахсият ҳақ дорад, ки ӯро эҳтиром кунанд. Дар маҳаллае, ки кӯдакиҳои ӯ гузаштааст, маъмулан атфоли сафедпӯст савори автобус ва бачаҳои африқоитабор пиёда роҳ сӯи мактаб мепаймуданд. Роза Паркс баъдан дар китоби ёддоштҳояш навишт, ки ин тартиби зиндагӣ “барояш як чизи маъмулӣ буд, мо ҳеҷ илоҷи дигаре ба ҷуз қабул кардани ин ҳолат надоштем. Ҳамин автобус буд, ки барои ман тафовутҳои нажодии сафедпӯстҳову сиёҳпӯстҳоро таъкид мекард”, мегуфт ӯ.

Баъди бузург шудан ӯ бо Раймонд Паркс оила барпо кард ва аз шавҳари худ ба Автобуси № 2857, ки Роза Паркс нахост курсиро ба мусофири сафедпӯст бидиҳад

Автобуси № 2857, ки Роза Паркс нахост курсиро ба мусофири сафедпӯст бидиҳад

унвони як “муборизи нахустини ҳуқуқи инсон дар ҳаёти шахсиаш” ёд мекард. Раймонд узви Анҷумати мусоидат ба рушди сокинони гуногунранги ИМА буд ва Роза ҳам баъдан дар ҷаласаҳои ин созмон иштирок мекард. Баъди муддате ӯ муншии ин анҷуман интихоб шуд ва як фаъоли ҳамоишҳои муҳими зидди нажодпарастӣ гардид.

Баъдан ӯ дубора ба Монтгомерӣ, барои кор аз рӯи ихтисоси дӯзандагиаш баргашт. Дар тафсилоти ҳодисаи рӯзи 1 декабри соли 1955 мегӯянд, ки вай баъди анҷоми кор савори автобус шуд ва мехост ба хона биравад. Вале аз рӯи муқаррароти он солҳо, курсии аввали автобусе, ки баъди ронанда гузошта шудааст, бояд насиби мусофири сафедпӯст шавад. Хонум Роза нахост ҷояшро ба марди сафедпӯст бидиҳад. “Ронанда гуфт, ки агар ман курсиро тарк накунам, ӯ полисро даъват мекунад. Ман ҳам гуфтам, “даъват кун”, - чунин нақл кард худи Роза Паркс моҳи апрели соли 1956. “Кайҳо фурсати он расида буд, ки ман ҳам аз худ фаъолияте нишон диҳам”, мегӯяд вай.

Боздошти Роза Паркс боиси шурӯи эътирозу коршиканиҳо шуд, ки бо исми “Бойкоти автобсусҳои Монтгомерӣ” маъруф аст. Ин эътирозҳо як сол тӯл кашид ва бар пояи тавофуқоти 50 ҳазор амрикоиҳои африқоитабор, дар ин муддат ҳеҷ нафари онҳо ба автобус савор нашуданд. Ҳама ба дучарха, мошин ва таксӣ гузаштанд. Ин коршиканӣ ба тиҷорати сафедпӯстҳо дар нақлиёти мусофирбар зарбаи шадид зад. Баҳси табъйизи нажодии автобус ба додгоҳ рафт ва июни соли 1956 додгоҳи федеролӣ ҳукм кард, ки табъйизи нажодии мусофирони автобус як амали зиддиконститутсионӣ аст.

Баъди ин ҳодиса хонум Паркс фаъолияти худро дар заминаи баробарии нажодӣ идома дод. Дар мулоқоти нахустинаш бо Роза Паркс баъди раҳо шуданаш аз зиндон, Нелсон Манделла гуфт, “Ман тамоми ин солҳо дар зиндон бо ёди шумо зинда будам”.

Роза Паркс 24 октябри соли 2005 даргузашт ва ӯ нахустин хонуми африқоитаборе гардид, ки ҷасади ӯро ба унвони як шахсияти муҳими давлатӣ барои худоҳофизӣ зери гумбази Капитолий ба маърази ом гузоштанд.
Ҳоло дар автобусҳои мусофирбари Амрико курсии нахустини пушти ронандаро бо номи Роза Паркс номгузорӣ кардаанд.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG