Пайвандҳои дастрасӣ

Криштиану Роналду беҳтарин бозигари соли 2013 шуд (2 ВИДЕО)


Криштиану Роналду, ҳуҷумкунандаи португалии бошгоҳи "Реал"-и Мадрид, ба унвони беҳтарин футболбози соли 2013-и ҷаҳон муаррифӣ шуд.

Криштиану Роналду шаби душанбе дар шаҳри Сюрихи Швейсария ва аз сӯи Федератсияи ҷаҳонии футбол -- ФИФА, барандаи унвони тӯби тилло шинохта шуд. Футболбози маъруф Лионел Мессӣ аз "Барселона" - барандаи унвони беҳтарини футболбози ҷаҳон дар чаҳор соли гузашта ва низ Фрэнк Риберӣ, аз Фаронса ду номзади дигари барои дарёфти ин унвон буданд.

Чаҳор соли ахир Леонел Мессӣ ба гирифтани ин ҷоизаи бонуфузи олами футбол муваффақ шуда буд. Криштиан Роналду фақат як бор – соли 2008 соҳиби “Туби тиллоӣ” гардида буд. Аммо Фрэнк Риберӣ бори аввал ба феҳристи се довталаби “Тӯби тиллоӣ” шомил шуд. Соҳиби “Туби тиллоӣ” рӯзи 13 январи соли 2014, баъд аз баршумурдани раъйҳои мураббиҳо ва капитанҳои дастаҳои мунтахаби миллӣ, дар як маросим дар шаҳри Сюрихи Швейсария эълон шуд.

Дар ин маросим ҳамчунин Юпп Хайнкес, сармурабии пешини "Бавария" ба унвони беҳтарин мураббии сол муаррифӣ шуд. Барои ҷоизаи мураббии беҳтарин ду нафари дигар – мураббии дастаи “Боруссия”-и Дортмунд Юрген Клопп ва мураббии собиқи “Манчестер Юнайтед” Алекс Фергюсон талош карданд.


Дар интихоби беҳтарин бозигар ва беҳтарин мураббии соли 2013, ҳамчунин, Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон ва Алишер Тӯйчиев, капитани дастаи мунтахаби кишвар, ширкат карданд.

Муҳаммадиев нимҳимоятгари «Бавария»-и Мюнхен ва мунтахаби Фаронса Франк Рибериро беҳтарин бозигари соли 2013 эътироф кардааст. Тӯйчиев бошад, ҷойи аввалро ба бозигари «Барселона»-и Испания ва мунтахаби Аргентина, барандаи чоркаратаи ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» Лионел Месси муносиб донистааст.

Беҳтарин бозигари сол

Мӯҳсин МУҲАММАДИЕВ, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон: 1. Франк Рибери («Бавария» ва мунтахаби Фаронса), 2. Лионел Месси («Барселона» ва мунтахаби Аргентина), 3. Криштиану Роналду («Реал» ва мунтахаби Португол).

Алишер ТӮЙЧИЕВ, капитани мунтахаби Тоҷикистон: 1. Лионел Месси («Барселона» ва мунтахаби Аргентина), 2. Франк Рибери («Бавария» ва мунтахаби Фаронса), 3. Роберт Левандовски («Боруссия» ва мунтахаби Лаҳистон).

Беҳтарин мураббии сол
Мӯҳсин МУҲАММАДИЕВ: 1. Висенте Дел Боске (мунтахаби Испания), 2. Сэр Алекс Фергюсон («Манчестер Юнайтед»), 3. Жозе Моуриню («Реал»/«Челси»).

Алишер ТӮЙЧИЕВ: 1. Юпп Хайнкес («Бавария»), 2. Сэр Алекс Фергюсон («Манчестер Юнайтед»), 3. Висенте Дел Боске (мунтахаби Испания).

Дар ин маросим Златан Иброҳимович, бозикуни шведӣ ба унвони занандаи зеботарин голи сол муаррифӣ шуд. Ҷоизаи ФИФА (FIFA Puskás Award) ҷоизае аст, ки дар таърихи 20-уми октябри оли 2009 аз сӯи Зеп Блоттер, раиси ФИФА барои занандаи (мард ё зан) беҳтарин голи (зеботарин ва қобили таваҷҷуҳтарин) соли ҷаҳон таъйин гардид. Номи ин ҷоиза ба ифтихори Ференс Пускас, бозингари даста шикастнопазири Маҷористони даҳаи 1950 интихоб шудааст.

Аввалин барандаи ин ҷоиза Кристиано Роналдо буд, ки дар таърихи 21-уми декабри соли 2009 ба ин ҷоиза даст ёфт. Ин ҷоизаро соли 2010 футболбози турк Ҳамид Алтитоп, соли 2011 бозигари бразилӣ Неймар ва соли гузашта Мирослав Стох, бозигари словакӣ ба худ ихтисос доданд.

Шартҳои ин гол ин аст, ки он бояд зебо бошад, масалан, зарба аз дурӣ бошад. Ҳамчунин аҳамияти бозӣ дар назар гирифта мешавад ва гол набояд бар натиҷаи иштибоҳи дастаи ҳариф вориди дарвоза шуда бошад ва он бояд бар асари як бозии ҷавонмардона ба самар расида бошад.


Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG