Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷосуси Шӯравӣ баъди 30 сол аз зиндони Амрико раҳо мешавад


Роналд Пелтони 74-сола, қарор аст, баъди анҷоми мӯҳлати 30-солаи зиндон ба озодӣ барояд.

Роналд Пелтон, корманди собиқи Оҷонсии амнияти миллии Амрико (NSA) соли 1986 барои ҷосусӣ ба манфиати Иттиҳоди Шӯравӣ ба зиндон маҳкум шуд. Қарор аст, рӯзи 24 ноябр ин марди 74-солаи амрикоӣ аз ҳабс озод шавад.

Мутахассиси умури мухобироти иттилоотии Оҷонсии амнияти миллии ИМА соли 1985 бо гуноҳи фурӯши маълумоти иктишофӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ бо маблағи 35 ҳазор доллар боздошт шуд. Додситонҳои амрикоӣ он вақт гуфтанд, ки Роналд Пелтон барои фурӯши маълумоти махфӣ ба КГБ-и Шӯравӣ ва “хиёнат ба як мақоми боэътимод” ба се мӯҳлати ҳукми абад маҳкум ба зиндон шуд.

Як ходими КГБ, ки исми Пелтонро фош кард, баъдтар ба Маскав баргашт. Маълумоти махфие, ки Пелтон дар ихтиёри Маскав гузошта буд, марбут ба барномаи “Амалиёти Иви Беллс” аст. Аз рӯи ин барнома, ноқилҳои ҷосусии сабти садо дар густураи уқёнуси Ором ва баҳри Охотск насб шуда, барои дарёфти маълумоти ҳарбиву низомии нерӯҳои дарёии Шӯравӣ хизмат мекарданд. Сухангӯи хадамоти зиндонҳои ИМА дар сӯҳбат бо оҷонсии "Ассошиэйтед Пресс" гуфт, ки Пелтон як соли пеш аз низоми маҳбас ба шароити ҳабси хонагӣ интиқол дода шуд. Манобеи ғарбӣ дар бораи ҳувияти Роналд Пелтони 74-сола менависанд, ки табдили ӯ аз як корманди сохтори амниятӣ ба як ҷосуси Шӯравӣ бештар бо ғаразҳои молӣ рух додааст.

Ӯ солҳои 1960 забони русиро аз худ карда, пеш аз Оҷонсии амнияти миллӣ дар нерӯҳои ҳавоии Амрико кор кардааст. Дар солҳои 1960-ум як мутахассиси шинохтаи садову аломат дар Пешовари Покистон буд. Баъди 15 моҳи кор дар ин соҳа, ба ҳайси як ходими маъмулӣ ба кор дар Оҷонсии амнияти миллӣ қабул шуд.

Манобеъ менависанд, ки Пелтон замони кораш дар ин оҷонсӣ дар соли 1979 худро варшикаста эълон кард ва аз коре, ки солона 24,5 ҳазор доллар маош дошт (бо нишондодҳои имрӯза – беш аз 83 ҳазор доллар), канор рафт. Баъд аз ин то соли 1984 расман бо корҳои мухталифи камдаромад банд буд ва пайваста аз молиёти калон азият мешуд. Вале тафтишот собит кардааст, ки ин марҳила маҳз ҳамон даврае буд, ки Пелтон бо Шӯравӣ дар тамос буд. Замони сӯҳбати аввали ӯ бо ходимони сафорати Шӯравӣ дар Вашингтон январи соли 1980 гуфта мешавад.

Ҳамингуна то соли 1983 ӯ дар тамосҳои худ бо ходимони КГБ дар назди сафоратхонаҳои Шӯравӣ дар Вашингтон ва Вена тафсилоти барномаи ноқилҳои насбшудаи мухобиротии Амрикоро фош кард. Барои ин маълумот ӯ он вақт тахминан 35 ҳазор доллар маблағ дарёфт кард.

Бо вуҷуди ба даст афтодани ходимони КГБ-и дахил дар тамос бо Пелтон, то соли 1985 муфаттишон натавонистанд ба таври мустақим гуноҳҳои кардаи Пелтонро исбот кунанд. Дар ниҳоят, дар яке аз бозпурсиҳои Идораи тафтишоти федеролӣ Пелтон иқрор кард, ки ба хотири пул ба шӯравиҳо ҷузъиёти барномаи ноқилҳои махфиро фурӯхтааст.

Соли 1986 додгоҳ ӯро барои ҷосусӣ ба се мӯҳлати зиндони абад маҳкум кард. Қарор аст, рӯзи 24 ноябр Пелтон баъди анҷоми мӯҳлати 30-солаи зиндон озод шавад.

XS
SM
MD
LG