Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари таърихии попи Рум ба Туркия


Истиқбол аз попи Рум дар Кохи раёсатҷумҳурии Туркия дар Анкара
Истиқбол аз попи Рум дар Кохи раёсатҷумҳурии Туркия дар Анкара

Попи Рум Франсис рӯзи 30 ноябр сафари таърихиаш ба Туркияро анҷом медиҳад. Ҳадафи асосии ин сафар сохтани пулҳои нави иртиботот байни ҷаҳони Масеҳият ва ҷаҳони Ислом гуфта мешавад.

Попи Рум Франсис – раҳбари рӯҳонии 1,2 миллиард пайрави мазҳаби католикии дини масеҳӣ, рӯзи 30 ноябр сафари серӯзаи таърихиаш ба Туркияро, ки таҳкими равобит байни ду дини бузурги Масеҳият ва Исломро ба ҳадаф дошт, ба поён мерасонад. Ин сафар як имтиҳони ҷиддии тавони попи Рум барои сохтани пул байни динҳо буд ва дар пасманзари бераҳмиҳои “ҷиҳодӣ”-ҳои мрабут ба созмони тундгарои “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ ва афзоиши нигарониҳо аз таъқиби ақалиятҳои маспеҳӣ дар Ховари Миёна сурат гирифт.

Попи Рум дар Истамбул бори дигар бо патриарх Бартоломейи 1, раҳбари рӯҳонии 300 миллион масеҳии православ мулоқот кард. Ин дидор дар маросими бахшида ба Андрей Превозванний, яке аз шахсиятҳои барои православиҳо хеле муқаддас доир шуд.

Попи Рум Франсис ва Бартоломейи 1, пешвои калисои православии ҷаҳон бо як муроҷиати муштарак хостори сулҳ дар Украина шуданд ва аз тамоми тарафҳо хостанд, бо такя ба қонунҳои байналмилалӣ муноқиша дар он кишварро поён диҳанд. Ду рӯҳонии мӯътабар дар эьломияи муштаракашон ҳамчунин талаб карданд, ки ҷангҷӯёни созмони "Давлати исломӣ" ба таъқиби масеҳиён дар Ироқу Сурия хотима диҳанд. Попи Рум ва Бартоломейи 1 дар баёнияи худ ба “муколамаи созанда бо дини ислом ва бар тибқи эҳтирому рафоқати байниҳамдигарӣ даъват карданд.”

Поп Франсиск ва Бартоломейи 1 рӯзи 29 ноябр низ дар ҷараёни як маросими намоз дар маркази калисои православии Истамбул дидор доштанд. Калисои православии Истамбул дар байни 14 калисои православии дунё мақоми аввалро дорад, чунки дар пойтахти собиқи Византия ҷойгир шудааст. Аммо ин калисо дар ҳоли ҳозир назорати бисёре аз калисҳои пурҷамъияти православӣ, аз ҷумла назорати калисои православии Русия – бузургтарин ҷамъияти православии дунёро дар даст надорад.

Попи Рум рӯзи 29 ноябр зимни зиёрат аз масҷиди Султон Аҳмади Истамбул дар канори муфтии аъзами Туркия Раҳмӣ Ярам рост истод ва вақте ӯ намози исломӣ мегузорид, ба нишони эҳтиром сукут варзид. Попи Рум баъдан ба калисои Оя-София рафт, ки аз асри 15 ва аз замони салтанати Византия мондааст. Оя-София тайи ин муддат ибтидо ба ҳайси калисову баъдан – сар аз даврони Султон Муҳаммади дувум - ҳамчун масҷид хидмат кардаааст ва ҳоло осорхонаест, ки ба як макони тамошову зиёрати сайёҳони чӣ мусалмону чӣ масеҳӣ ва боқӣ табдил ёфтааст.

Попи Рум дар Оя-София ҳамроҳ бо издиҳоме, ки дар байнашон, интизор мерафт, ки паноҳҷӯёни масеҳӣ аз Ироқ ҳам бошанд, намоз гузорид. Ҷамъияти масеҳиёни Ироқ аз соли 2003 ба ин тараф қариб 70 дарсад коҳиш ёфтааст. Аз 22 миллион ҷамъияти Сурия низ тақрибан 10 дарсадашро масеҳиён ташкил медиҳанд. Дар Туркия, ки 75 миллион аҳолӣ дорад, шумори масеҳиён хеле камтар аст- наздики 80 000 нафар. Аммо ҷамъияти масеҳиёни Туркия намояндагони равияҳои мухталифе, аз ҷумла калисои арманӣ, масеҳиёни калдонӣ (ошуриҳо), калисои лотин, православиҳои суриёнӣ ва православиҳои юнониро фаро мегирад.

Масҷиди Султон Аҳмад
Масҷиди Султон Аҳмад

Попи Рум Франсис рӯзи 28 ноябр дар Анкара бо раҳбарони Туркия мулоқот кард ва хостори ҳусни таҳаммули маҳазбӣ ва сулҳ дар Ховари Миёна шуд. Попи Рум баъди мулоқот бо Муҳаммад Гӯрмаз - як рӯҳонии аршади Туркия – дар Анкара вазъ дар Ироқу Сурияро “фоҷиабор” номид ва гуфт: “Ҳама азоби паёмадҳои ин низоъҳои мекашанд ва вазъи башарӣ дар онҷо тоқатфарсост. Ман дар бораи шумори бузурги кӯдакону занону мӯсафедон, онҳое ки бехонаву дар шудаанд, ҳамаи гурезаҳо ва дар бораи қурбониёни ҳар навъи хушунат фикр мекунам.”

Поп Франсис ҳамчунин ба ин нукта таъкид кард, ки мардум танҳо барои эътиқодашон мавриди таъқиб қарор мегиранд. Ба бовари ӯ, чунин “хушунатҳои барбарӣ” бояд нуқта гузошта шаванд ва “ифротгароиву бунёдгароӣ ва ҳамин тавр, тарсҳои беҳудае, ки боиси афзоиши сӯитафоҳум ва табъиз мешаванд, бояд аз тариқи ваҳдати тамоми диндорон даво шавад.“

Попи Рум гуфт, “муҳим аст, ки тамоми мардум, мусулмонҳо, яҳудиён, масеҳиён ва бақия аз айни ҳуқуқу айни эҳтиром бархӯрдор бошанд.”

XS
SM
MD
LG