Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум масҷиди Султон Аҳмадро зиёрат кард


Попи Рум Франсис пешвои 1 миллиарду 200 миллион нафар аз католикҳои ҷаҳон рӯзи 29-уми ноябр бо нишони эҳтиром ба дини ислом ба Масҷиди Султон Аҳмад масҷиди маъруфи шаҳри Истанбули Туркия рафт. Ҳангоми зиёрати ин масҷид, ӯ дар канори муфтии аъзам Раҳмӣ Ярам, ки ба худованд ниёиш мекард, рост истод ва ба нишони эҳтиром сукут варзид. Попи Рум баъдан ба калисои Айасофия рафт, ки аз асри 15 ва аз замони императории Византия мондааст ва тайи ин муддат ба ҳайси калисову масҷид хидмат кардааст ва ҳоло намоишгоҳ аст. Попи Рум бори дуввум аст, ки бо ҳадафи тақвияти муколамаву равобит байни динҳо ба Туркияи мусулмоннишин сафар мекунад. Қарор аст, ӯ ҳамчунин бо Бартоломейи 1 пешвои 300 миллион масеҳиёни ортодокси ҷаҳон мулоқот кунад.

XS
SM
MD
LG