Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди серӯзаи Попи Рум аз Туркия оғоз шуд


Поп Франсис
Поп Франсис

Боздиди серӯзаи Франсис-попи Рум аз Туркия оғоз шуд. Ҳадафи аслии ин боздид тармими муносиботи миёни калисои католик ва ҷомеаи мусулмони Туркия арзёбӣ мешавад.

Ин боздид дар ҳоле анҷом мегирад, ки соли 2006 Бенидикти 16-Попи қаблии Рум дар ҷараёни бздидаш аз Туркия суханоне ба забон овард, ки ҷомеаи мусулмони Туркияро аз Ватикан дур ва муносиботи ин кишвар бо Ватиканро тира кард.

Ба нақша гирифта шудааст, ки баъд аз зуҳр Франсис бо Реҷеп Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳур ва Меҳмет Гурмуз-яке аз рӯҳониёни саршиноси Туркия мулоқот кунад. Мақомот мегӯянд, ки дар ин мулоқотҳо аслан роҷеъ ба таҳаммули мазҳабӣ ва мубориза бо тундгароӣ сӯҳбат хоҳад шуд.

Ин боздид замоне сурат мегирад, ки тундгароёни Давлати Исломӣ берун аз марзҳои Туркия дар қаламрави Сурия ва Ироқ манотиқи зиёдеро ба тасарруфи худ даровардаанд.

Давлати Исломӣ худашро Халифати исломӣ эълон кардааст ва пайравони шиа, масеҳиҳо ва ононеро, ки ақидаҳои тундравонаи онҳоро қабул надоранд, куштаанд ва ё ба фирор водор кардаанд.

Поп Франсис мегӯяд, бо вуҷуди он ки музокира бо тундгароёни Давлати исломӣ тақрибан имконпазир нест, боз ҳам дари музокираро бар рӯи онҳо набояд баст.

XS
SM
MD
LG