Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ромадановский ҷорӣ кардани виза барои назорати муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистону Узбакистонро "мақсаднок" надонист.

Константин Ромадановский, раҳбари Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, гуфт, зарурате барои ҷорӣ кардани низоми виза барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ба Русия нерӯи зиёди муҳоҷирони кориро интиқол медиҳанд, вуҷуд надорад.

Дар сӯҳбат бо хабарнигорон Ромадановский гуфт, на барои Тоҷикистон ва на Узбакистон зарурати ҷорӣ кардани низоми виза вуҷуд надорад. “Мо роҳҳои дигари назорати мавҷи муҳоҷирони кориро дар ихтиёр дорем, ки бидуни ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои виза кор хоҳанд кард”,-афзуд ӯ.

Вай гуфт, ки бахши аъзами муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, ки вориди хоки Русия мешаванд, аз қаламрави Қазоқистон дохил мешаванд: “Дар ҳолатҳои зиёд, бо истифода аз бартариятҳои Иттиҳоди гумрукӣ ва режими соддатари убуру мурур, муҳоҷирон аввал ба Қазоқистон дохил шуда баъдан ба Русия мераванд.”

Ба қавли нозирон, изҳороти ин мақоми Хадамоти федеролии муҳоҷират эҳтимолан бо тавофуқҳои ахири президентони Тоҷикистон ва Русия ҳамоҳанг шудааст. Душанбе изҳори омодагӣ кард, ки то 30 соли дигар пойгоҳи низомии Русия дар хоки ин кишвар боқӣ хоҳад монд. Дар посух Маскав гуфт, омода аст, баъзе сабукиҳоро барои муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия пешкаш кунад.

Солҳои охир дар баъзе доираҳои сиёсии Русия даъватҳои ҷорикунии виза бари шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд садо медиҳанд. Дар паи ҷанҷоли атрофи халабонҳои ширкати “Ролкан” дар соли 2011 ва дар муҳити фишорҳои афзоянда болои Тоҷикистон, баъзе сиёсатмадорони воломақоми Русия ба ҷорикунии низоми раводид бо ин кишвар даъват карданд. Он шабу рӯз ба кишвар даҳҳо муҳоҷирон бо гуноҳи вайрон кардани муқаррароти буду бош дар Русия ба ватан истирдод шуданд.

Дар хоки Русия соле беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунад ва хонаводаҳои аксари онҳо танҳо вобастаи даромади наздиконашон дар ин кишвар мебошанд. Соли 2011 пулҳои фиристодаи муҳоҷирони кории тоҷик 42 дарсади даромади нохолиси миллии Тоҷикистонро ташкил дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG