Пайвандҳои дастрасӣ

Узвият дар ҳизби ҳоким - замонати расидан ба қудрат?


Яке аз ҳамоиши қаноти ҷавонони ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон. Моҳи ноябри соли 2013

Яке аз ҳамоиши қаноти ҷавонони ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон. Моҳи ноябри соли 2013

Раҳбарияти ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон мегӯянд, ки теъдоди аъзои ин ҳизб ба 480 ҳазор нафар расидааст. Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ, рӯзи 3 август ба Радиои Озодӣ гуфт, фақат дар як соли охир беш аз 230 ҳазор нафар ва асосан ҷавонон ба ҳизби онҳо пайваста, бист ҳазори дигар дар навбат истодаанд.

Аммо таҳлилгарони масоили сиёсии Тоҷикистон афзоиши бесобиқаи шумори аъзои ҲХДТ-ро “муболиға” номиданд. Онҳо гуфтанд, барои мушаххас кардани теъдоди воқеии аъзои нави ин ҳизб ба бахши хароҷоташ бояд таваҷҷӯҳ кард, ки дар як соли охир барои чопи кортҳои ҳизбӣ чӣ қадар пул сарф кардаанд?

Шокирҷони Ҳаким, муовини раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, гуфт, ҳоло ҲХДТ бо истифода аз таҷрибаи Чин ва кишварҳои дигари худкома бо усули ҷалби оммавӣ барои пур кардани сафи худ ҳаракат мекунад. “Воқеият он аст, ки аксари аъзои ин ҳизб самимӣ нестанд. Агар ин ҳизб заминаи иҷтимоӣ медошт, пас, зарурат ба тақаллубкорӣ ва маҳдуд кардани фаъолияти ҳизбҳои дигар намемонд. Дастрасии ҳизбҳои дигар ба радоиву телевизиони давлатӣ таъмин мешуд. Мақомоти ин ҳизб шумораи зиёди аъзоро барои манипулятсияи афкори сиёсӣ истифода мекунанд,” – бовар дорад ӯ.

Шокирҷони Ҳаким

Шокирҷони Ҳаким

Ба қавли Шокирҷони Ҳаким, бархе аз афрод ба хотири ҳадафҳои шахсӣ ва ё барои ба даст овардани мансабҳои давлатӣ ба ҳизби халқӣ-демократӣ шомил шуда, аз номи ин ҳизб, ки раҳбариашро раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда дорад, сӯиистифода хоҳанд кард.

Бархе аз мусоҳибони мо ба ин гуна арзёбӣ дар мавриди ҷалби аъзо ба ҲХДТ мувофиқ набуданд. Як донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки худро Ҷамшед муаррифӣ кард, гуфт, ӯ ду сол боз узви ин ҳизб аст ва то ҳол ҳеч имтиёз дар таҳсилу зиндагӣ нагирифтааст. Ҳамзамон, ӯ эътироф кард, ки дар донишгоҳ гурӯҳҳои таблиғотӣ барои ҷалби ҷавонон ба ҲХДТ фаъол ҳастанд, аммо бештари донишҷӯён ба хотири ҳадафҳои оинномавии ҳизб, ки бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд аст, ба он пайвастаанд.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон низ гуфт, дар касби мақомҳо дар сохторҳои давлатӣ донишу таҷриба афзал дониста мешавад, на узвият дар ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ. Ӯ гуфт, «соли 2002, замоне ҳеч гуна мансаб надоштам, ба ҳизби халқӣ-демократӣ пайваста будам. Дар вазорати нақлиёт аксари раҳбарони раёсату шӯъбаҳо ва раисони корхонаҳо аъзои ҳизбҳои дигар, ба хусус, ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ҳастанд.”

Шералӣ Ганҷалзода

Шералӣ Ганҷалзода

Сайид Муҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, коршиноси тоҷик, низ мегӯяд, воқеан дар ҳоли ҳозир дар таъини кадрҳо билети ҳизби ҳоким тақрибан нақш бозӣ намекунад. Ӯ гуфт, “барои дар Тоҷикистон вазифа гирифтан хешу табор, муталлиқ будан ба маҳалли муайян зарур аст. Мансубияти ҳизбӣ ва динӣ нақш надорад. Ин ҷо манфиатҳои пулию молӣ муҳим аст.”

Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон дар миёни 7 ҳизби сиёсӣ аз ҳисоби теъдоди аъзо бузургтарин ба шумор меравад. Аз 63 курсии Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, 44 курсӣ дар ихтиёри аъзои ин ҳизб қарор дошта ва бештари масъулони сохторҳои давлатӣ низ аъзои ҲХДТ ҳастанд.

Ба эътиқоди коршиносон, ба истиснои ҳизби мухолифи сотсиал-демократ ҳизбҳои коммунист, аграрӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, демократу сотсиалист аз шарикони ҲХДТ ба шумор меоянд. Ҳарчанд Исмоил Талбаков, раҳбари нави коммунистҳо ҳизби худро “оппозитсияи созанда” хондааст, вале ҳамеша аз сиёсат ва иқдомҳои ҳизби халқӣ-демократӣ пуштибонӣ кардааст.

Анҷумани ҳизби коммунисти Тоҷикистон

Анҷумани ҳизби коммунисти Тоҷикистон

Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ қаблан аз лиҳози нуфуз ва шумори аъзо то ҳадде бо ҳизби халқӣ-демократӣ рақобат карда, вале дар пайи ошӯби нокоми генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон, дар моҳи сентябри соли гузашта фаъолияташ мамнӯъ дониста шуд. Дар натиҷа даҳҳо тан аз аъзо ва тарафдорони ҳизби наҳзат дастгир шуда, дар моҳи апрели соли ҷорӣ Додгоҳи олии Тоҷикистон 14 узви аршади ин ҳизбро маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон кард. Аз ҷумла, ду муовини раиси ҳизб ҳукми зиндони абад гирифтанд.

Ин аст, ки ба қавли коршиносон дар ҳоли ҳозир ҳизби ҳоким дар саҳнаи сиёсии кишвар "яккатозӣ дорад". Вале хабари афзоиши аъзои ҲХДТ дар ҳолест, ки дар гузашта ин ҳизб борҳо сафи худро аз тасодуфиҳо пок карда ва гуфтааст, барояшон на теъдод, балки садоқат муҳим аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG