Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии Рӯҳонӣ - аломати ташнагии Эрон ба тағйиру ислоҳот


Бисёриҳо пирӯзии Ҳасан Рӯҳонӣ дар интихоботи Эронро баёнгари азму ташнагии мардум ба тағйир ва ислоҳот фол мезананд.

Пирӯзии Ҳасан Рӯҳонӣ, донишманди исломӣ ва ягона номзади мӯътадил дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, намоёнгари барҷастаи иштиёқи зиёди эрониён ба тағйиру ислоҳот дар кишварашон хонда шудааст. Кишваре, ки дар ҳоли ҳозир ба бекории зиёд, қиматҳои афзоянда ва маҳдудиятҳои рӯзафзуни иҷтимоиву сиёсӣ рӯ ба рӯ аст.




Ҳасан Рӯҳонӣ музокиракунандаи собиқи ҳастаӣ ва узви Маҷмаъи маслиҳати ташхиси низом, аз миёни 6 номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ ягона нафаре буд, ки ба эътидол дар сиёсатҳои Эрон даъват мекард. Ӯ зимни мунозираҳо сензура ва дахолат ба зиндагии хусусии мардум дар Эронро интиқод карда, қавл дод, ки сиёсатҳои ифротиро поён ва танишҳо миёни Эрон ва ҷомеаи байналмилалиро коҳиш медиҳад. 50,8 дар сади раъйдиҳандагон ба тарафдории Ҳасан Рӯҳонии 64-сола раъй дода ва дар даври аввали интихобот ӯро раисиҷумҳур баргузиданд.



Аммо ҳоло ӯро кори зиёд ва сахте дар пеш аст. Дар ду давраи раёсати Маҳмуди Аҳмадинажод дар Эрон табъиз зиёд шуд, иқтисод бар асари мудирияти нодуруст ва таҳримоти нафасгиркунандаи Амрикову Ғарб ба зону зад ва Эрон дар инзивоъи афзояндаи байналмилалӣ қарор гирифт. Айни замон қудрати аслӣ дар Эрон на дар дасти раисиҷумҳур, балки дар дастони оятуллоҳ Алии Хоманаӣ- раҳбари рӯҳонии Ҷумҳури исломӣ ва ҳалқаҳои муҳофизакор, ба мисли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аст, ки то кунун тарафдорони ислоҳоту тағйиротро саркӯб ва хомӯш кардаанд.

Вале бо вуҷуди ин, ба андешаи баъзе аз таҳлилгарон, бо омадани Ҳасан Рӯҳонӣ ба қудрат тағйироти маҳдуде дар Эрон сурат хоҳад гирифт. Карим Саҷҷодпур, таҳлилгари аршади Пажӯҳишгоҳи сулҳи байналмилалии Бунёди Карнегӣ дар Амрико мегӯяд, “пас аз ҳашт соли торикӣ, абрҳои ифрот дар Эрон пароканда мешаванд, вале ба оҳистагӣ.” Ба гуфтаи Саҷҷодпур, тарафдорони ислоҳот дар Эрон Ҳасан Рӯҳониро, ки ҳамчун ислоҳталаби воқеъӣ шинохта нашудааст, аз ноилоҷӣ раисиҷумҳур интихоб карданд.

Алиризо Нодир, таҳлилгари Ранд Корпорейшн, як муассисаи дигари пажӯҳишӣ дар Амрико мегӯяд, эрониён дар интихобот, ба “номзаде раъй додаанд, ки дар муқоиса ба рақибонаш, таассуби камтар дорад.” Ба гуфтаи ӯ, ҳоло маълум нест, ки аз дасти Ҳасан Рӯҳонӣ барои ислоҳи вазъ дар Эрон ва коҳиши таниш ба сари барномаҳои атомӣ чӣ меояд, зеро "бояд дид, ки Хоманаӣ, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва дигар ҳалқаҳои муҳофизакор ба интихобот чӣ гуна вокунише нишон медиҳанд?”


Акбари Ганҷӣ

Акбари Ганҷӣ

Акбари Ганҷӣ, хабарнигори эронӣ ҳам мегӯяд, иҷрои ваъдаҳои интихоботии Ҳасан Рӯҳонӣ ба ҳадди зиёде ба муносиботи кории ӯ бо оятуллоҳ Алии Хоманаӣ вобаста хоҳад буд: “Мо набояд интизорҳои хеле аҷибу ғариб аз эшон дошта бошем. Агар эшон битавонад, як навъ ҳамоҳангиҳое бо оқои Хоманаӣ эҷод кунад ва бо ҳамин маҷлис (порлумон) як сару сомоне ба вазъияти иқтисодӣ бидиҳанд. Ва муҳимтар аз ҳама, роҳе боз бишавад, ки эшон битавонад вориди музокира бо давлатҳои ғарбӣ, бахусус музокираи мустақим бо давлати Амрико бишавад. Барои расидан ба тавофуқ дар масъалаи ҳастаӣ ва рафъи таҳримҳо, чун ин таҳримҳо метавонанд ҷомеаи Эронро аз дарун нобуд кунанд.”

Як зани эронӣ, ки ба тарафдории Рӯҳонӣ раъй додааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, мардум бо интихоби Ҳасан Рӯҳонӣ гуфтаанд, ки “тарафдори ифрот нестанд.” Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки дар аҳди раёсати Рӯҳонӣ зиндагии мардум беҳтар ва танишҳо бо Ғарб камтар мешавад ва эрониён “ҷое барои нафас кашидан” пайдо мекунанд.

Як раъйдиҳандаи дигар пирӯзии Рӯҳониро шикасти оятуллоҳ Хоманаӣ хонд, ки тарафдори номзадҳои муҳофизакор буд. Ин тоҷири эронӣ, ки аз бурдани номаш ибо кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, “Мо як шоҳкори сиёсие кардем, аммо на шоҳкоре, ки Хоманаӣ хоста буд. Мо бурдем ва ӯ бохт”.

Аммо Карим Саҷҷодпур, таҳлилгари муқими Амрико ба ин хулоса мувофиқ нест ва мегӯяд, Хоманаӣ инҷо шикаст нахӯрдааст, зеро ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд мардум бо интихоби Рӯҳонӣ нишон доданд, ки сиёсатҳои Хоманаиро қабул надоранд, аммо айни замон дар эҳёи обрӯи костаи раҳбари Ҷумҳурии исломӣ ба ӯ кумак кардаанд.

Дар воқеъ, Хоманаӣ ва дигар мақомоти расмӣ интихоботи Эронро, ки дар он бештар аз 70 дар сади мардум раъй додаанд, як “шоҳкори сиёсӣ” хондаанд. Дар баёнияе Хоманаӣ интихоботро як “имтиҳони гиро” хонд, ки ба гуфтаи ӯ, чеҳраи як Эрони “мусаммам ва бо дили саршор аз умедро” дар чашми душманони кишвар ба намоиш гузошт. Ба гуфтаи ӯ, раъйдиҳӣ иртиботи “қавии” мардум бо низомро нишон дод.


Аҳмадинажод курсиро ба Рӯҳонӣ месупорад

Аҳмадинажод курсиро ба Рӯҳонӣ месупорад

Интихоботи рӯзи 14 июн дар Эрон нахустин интихоботи президентӣ баъд аз интихоботи баҳсбарангези соли 2009 буд, ки эълони пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод ба тазоҳуроти густурдаи зиддиҳукуматӣ дар Эрон мунҷар шуд.

Баъзе аз раъйдиҳандагони эронӣ гуфтаанд, ба он хотир ба Рӯҳонӣ раъй додаанд, то нагузоранд, ки Саид Ҷалилӣ, музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон ва номзади муҳофизакору писандидаи оятуллоҳ Алии Хоманаӣ раисиҷумҳур интихоб шавад. Як эронӣ дар саҳифаи худ дар як шабакаи иҷтимоӣ навиштааст, “дар тамоми кишварҳо мардум ба хотири овардани касе ба қудрат раъй медиҳанд, аммо дар Эрон мо раъй медиҳем, то монеъи расидани касе ба қудрат шавем.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG