Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳасани Рӯҳонӣ бо ишора ба "дифоъ"-и Эрон аз Бағдод ва Димишқ гуфт, ки агар кишварҳои дигари мусалмон барои дифоъ аз пойхтахтҳояшон дар баробари "терроризм" тақозои кӯмак кунанд, Эрон ба он посухи мусбат хоҳад дод.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон рӯзи якшанбеи 17-уми апрел дар маросиме дар Теҳрон ба муносибати рӯзи артиши Ҷумҳурии исломӣ ба "дифоъ"-и Эрон аз Бағдод ва Димишқ ишора кард ва гуфт, ки агар дигар кишварҳои дигари исломӣ дар баробари ба гуфтаи ӯ "терроризм" аз Эрон кӯмак бихоҳанд, посухи мусбат дарёфт хоҳанд кард.

Вай аз ҷумла дар ин маросим гуфтааст, ки "ман дар инҷо ба таври ошкор эълом мекунам, ҳамон тавр ки чанд рӯз пеш дар ҳузури сарони кишварҳои исломӣ ба таври возеҳ эълом кардам, қудрати Ҷумҳурии исломии Эрон ва қудрати низомии мо ва қудрати сиёсӣ ва иқтисодии мо алайҳи ҳамсоягони мо ва кишварҳои исломӣ нест. Мо қудрати кишварҳои исломиро қудрати худамон медонем ва қудрати худамонро ҳам қудрати кишварҳои исломӣ медонем."

Рӯҳонӣ дар идома гуфт, "дар онҷо, ки сарони кишварҳои исломӣ ҳузур доштанд, гуфтам, он рӯз, ки Бағдод дар баробари террористҳо дар ҳоли хатар буд, ин Ҷумҳурии исломии Эрон буд, ки ба нидои миллат ва ҳукумати Ироқ посухи мусбат дод ва аз дарвозаҳои Бағдод дифоъ кард. Он рӯз ки Димишқ дар ҳоли хатар буд, ин Ҷумҳурии исломии Эрон ва размандагони мо буданд, ки ба нидои миллат ва давлати Сурия посухи мусбат доданд ва бо азми мушовирон, аз пойтахти ин кишвар, дифоъ карданд."

Раиси ҷумҳури Эрон таъкид кардааст, ки "банда ҳамчунин дар онҷо (манзур нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар Истанбул) гуфтам, ки агар фардо пойтахтҳои шумо аз сӯи терроризм дар хатар қарор бигирад, он қудрате, ки ба шумо посухи мусбат хоҳад дод, агар шумо тақозои кӯмак кунед, он Ҷумҳурии исломии Эрон аст."

Суханони Ҳасани Рӯҳонӣ дар мавриди "дифоъ"-и Эрон аз дигар пойтахтҳои исломӣ дар ҳоле баён мешавад, ки теъдоде аз кишварҳои мусалмон нисбат ба "мудохила"-и Эрон дар умури Сурия ва дигар кишварҳои арабӣ эътироз карданд ва робитаҳои онҳо бо Эрон бинобар ҳамин масъала, бо таниш рӯбарӯ шудааст.

Дар ҳамин робита Созмони ҳамкориҳои исломӣ рӯзи ҷумъаи 15-уми апрел бо судури баёния Ҷумҳурии исломии Эронро ба "идомаи ҳимоят аз терроризм" ва дахолат дар умури кишварҳои минтақа, аз ҷумла Сурия ва Яман, муттаҳам кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG