Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯҳонӣ: Ҳадафи шиори "Марг ба Амрико" мардуми ин кишвар нест


Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон дар мусоҳибае бо шабакаи CBS талош кардааст ба мардуми Амрико итминон бидиҳад, ки вақте шиори "Марг ба Амрико" дар Эрон сар дода мешавад, ҳадаф аз ин шиор, мардуми ин кишвар нест.

Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, Ҳасани Рӯҳонӣ дар мусоҳибае бо шабакаи CBS, ки рӯзи якшанбеи 20 сентябр аз барномаи "60 дақиқа" пахш хоҳад шуд, таъкид мекунад, ки шиорҳое аз ҷумла дар намози ҷумъаи Эрон сар дода мешавад, вокунише ба "тасмимҳои сиёсии пешини Вошингтон" аст, ки ба Эрон зарба задааст.

Эрон чанд моҳ пеш ва пас аз чанд соли музокирот дар зинаҳои мухталифи сиёсӣ, ба тавофуқи ҳастаӣ бо Амрико ва панҷ қудрати ҷаҳонии дигар -- Бритониё, Фаронса, Олмон, Чин ва Русия даст ёфт ва бо ҳамин ба таҳримҳои чандсола алайҳи Эрон хотима дода шуд.

Ин созишнома аммо бо вокуниши манфии ҷумҳурихоҳони Амрико рӯбарӯ шуд, ки эътиқод доранд, ин созиш монеи дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ намешавад. Мунтақидони созиши ҳастаӣ дар Амрико дар ин миён ишораҳое ба шиори "Марг ба Амрико" доштанд, ки ба муносибатҳои мухталиф дар Эрон сар дода мешавад ва ин шиорро далели ҳадафҳо ва ниятҳои Эрон унвон карданд.

Аммо Ҳасани Рӯҳонӣ ин шиорро ба гунаи дигар шарҳ дод. Вай ба муҷриёни барномаи "60 дақиқа"-и шабакаи CNN мегӯяд, "ин шиор, ки сар дода мешавад, алайҳи мардуми Амрико нест. Мардуми мо барои мардуми Амрико эҳтиром қоиланд. Мардуми Эрон ба дунболи ҷанг бо ҳеҷ кишваре нестанд." Вай аммо дар идома мегӯяд, ки "сиёсатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи манфиати эрониён буда ва ин қобили дарк аст, ки ҳассосияти худашонро ба ин масъала нишон бидиҳанд."

Ба гуфтаи оқои Рӯҳонӣ, "вақте мардуми Эрон алайҳи шоҳ ба по хостанд, Амрико султаҷӯёна то охирин лаҳзаҳо аз шоҳ ҳимоят кард. Дар ҷанги ҳаштсола бо Ироқ низ ин амрикоиҳо буданд, ки аз Саддом ҳимоят карданд. Раиси ҷумҳури Эрон дар ниҳоят гуфт, ки "мардум инҳоро фаромӯш намекунанд. Аммо мо наметавонем гузаштаро фаромӯш кунем, аммо дар айни ҳол нигоҳамон ҳам бояд ба оянда бошад."

Ҳасани Рӯҳонӣ нахустин президенти Эрон ба шумор меравад, ки бо ҳамтои амрикоии худ гуфтугӯ дошт, ҳарчанд, ки ин гуфтугӯи телефонӣ хеле кӯтоҳ буд, аммо оғозе шуд бар гуфтугӯиҳои ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ дар сатҳи вазирони умури хориҷӣ.

Ва боз барои аввалин бор дар таърихи Ҷумҳурии Исломӣ вазирони умури хориҷии Эрон ва Амрико ба таври мустақим бо ҳам ба музокира пардохтанд. Музокироте, ки соатҳо, рӯзҳо ва моҳҳои пайдарпай давом кард ва дар ниҳоят ба созиши ҳастаӣ анҷомид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG