Пайвандҳои дастрасӣ

"Перестройка" ё модели Чин: Рӯҳонӣ Эронро куҷо хоҳад бурд?


Ҳасани Рӯҳонӣ қабл аз тарки фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон ба қасди Ню-Йорк

Ҳасани Рӯҳонӣ қабл аз тарки фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон ба қасди Ню-Йорк

Раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи 24 сентябр барои нахустин бор аз минбари Маҷмаъи умумии СММ суханронӣ мекунад.

Раисҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ дар ҳоле бо нахустин сафари расмӣ вориди қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк мешавад, ки ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ ҳама гӯшбаовозанд, ки “рӯҳияи боз будани Эрон” барои онҳо чӣ маънӣ хоҳад дошт?

Бо озод сохтани як даста зиндониёни сиёсӣ дар остонаи сафари Рӯҳонӣ Эрон аз дигаргунӣ дар сиёсати хориҷиаш аломат дод ва онро омодагӣ ба “нармиши таърихӣ” унвон кард. Аммо чанд далоили бовазне вуҷуд дорад, ки интизороти дигаргунии куллӣ дар сиёсати ин кишварро рад мекунад.



Сабаби аввал дар табиати ҳукумати мазҳабии Эрон аст. Зеро ин сохтор , ки бо тафсири қонунҳои мазҳабӣ аз тарафи раҳбари олӣ, яъне оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва ҳалақоти наздик ба ӯ, идора мешавад, агар даст ба дигаргунии сиёсӣ бизанад, машруъияти худи режимро ба хатар рӯ ба рӯ мекунад.

Анӯш Эҳтишомӣ аз Донишгоҳи Дурҳами Британия мегӯяд, ки Рӯҳонӣ худаш як рӯҳонӣ аст ва медонад, ки боз шудани дарҳо ба рӯи дигаргуниҳо чӣ хатар дорад: “Мусаллам аст, ки ҳар қадар шумо ҳалқаро заиф кунед, талабот ҳамон қадар бештар мешавад. Рӯҳонӣ дар ваъдаҳои худ хеле эҳтиёткор буд. Ӯ дунёро ба мардум ваъда надод. Ӯ ҳамеша эҳтиёткор буд, дар масоили иқтисодӣ, дар масъалаҳои фарҳангӣ, - яъне мегуфт, “мо наметавонем чаҳорчуби сохтори феълиро густариш диҳем.”


Аҳмадинажод ва Рӯҳонӣ

Аҳмадинажод ва Рӯҳонӣ

Он дигаргуниҳое, ки аз замони ба қудрат расидани Рӯҳонӣ вирди забон ҳастанд, дар маҷмӯъ чизе бештар аз ишораҳои ҳусни ният баъ назар намерасанд. Рӯҳонӣ ҳафтаи гузашта дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии NBC гуфт, ки барои созиши ҳастаӣ бо давлатҳои ғарбӣ аз раҳбарии олӣ “салоҳияти комил” гирифтааст, созише, ки аз ҳарду тараф гузаштҳоеро тақозо мекунад.

Аз сӯи дигар, ин гуна ишораҳои ҳусни ният дар арсаи байналмилалӣ хуб пазируфта шуданд. Аз ҷумла ба ин далел ки лаҳни Рӯҳонӣ аз лаҳни давлати ҷангҷӯмаоби раисиҷумҳури собиқи Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод тафовут дорад.

Ишораҳои Рӯҳонӣ дар дохили Эрон низ хуб пазируфта шуд, аммо бо сабабҳои гуногун. Эҳтишомӣ мегӯяд, Рӯҳонӣ метавонад дигургуниҳои маҳдудеро ҷорӣ кунад, зеро интизороти худи ҷомеаи Эрон аз ӯ маҳдуд аст. Ба гуфтаи ин таҳлилгар, ҷомеъа аз саркӯб шудани “Ҷумбиши сабз” ин таҷрубаро бардошт, ки “мухолифати мустақим бо режим фоида надорад.” Бо ин мафкура ҷомеъа бештар ба озодиҳои иҷтимоиву иқтисодӣ тамаркуз мекунад, то ба озодиҳои сиёсӣ.

Алиризо Нуризода, раиси Маркази мутолиоти Арабу Эрон дар Лондон мегӯяд, ончӣ эрониҳо имрӯз мехоҳанд, ибрози ошкорои мушкилотест, ки ба зиндагии онҳо рабт мегирад - аз фасодкорӣ гирифта то камбуди дорувор: “Интизороти мардум барои режим дар ин марҳила хатарнок нест, магар ки ин хоҳишҳо сарфи назар шаванд. Ҳоло Рӯҳонӣ мардумро умедвор кардааст, аммо на ба андозае ки президенти ислоҳотталаб Муҳаммади Хотамӣ умедвор карда буд. Мардум намехоҳанд, ки Рӯҳонӣ ба як Хотамии дигар табдил шавад. Онҳо мехоҳанд, ки ӯ раисҷумҳуре бошад мисли Алиакбр Ҳошимии Рафсанҷонӣ, то онҳо битавонанд каме озодӣ дошта бошанд, сафар кунанд ва дар инзивоъ қарор нагиранд.” Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раисҷумҳури Эрон дар солҳои 1989- 1997, якпрезиденти амалгаро ё прагматик буд, ки бештар аз ислоҳоти сиёсӣ ба ислоҳоти иқтисодӣ тамаркуз мекард.


Михаил Горбачёв дар солҳои 80

Михаил Горбачёв дар солҳои 80

Бархе коршиносон “рӯҳияи боз”-и Эронро ба марҳилаи “перестройка” ё бозсозии раҳбари вақти СССР Михаил Горбачёв монанд мекунанд. Меҳрдод Умедӣ, иқтисоддони эронӣ аз созмони Betamatix International Consultancy-и Британия мегӯяд, низоми мазҳабии ҳоким дар Эрон ба тақсими қудрат омода нест. “Бовар кардан ба таҳаммулли зиёди ҳукумат дар баробари ҳаракатҳои сиёсие, чун Ҷумбиши сабз соддагие беш нест,” - мегӯяд ӯ. Ба назари Умедӣ, Эрон аз роҳи бозсозии Горбачёв ҳам нахоҳад рафт, балки дар солҳои оянда шояд ба модели коммунистии Чин бартарӣ диҳад.

Чин дар ҳоле, ки иқтисоди озоди капиталистиро рӯи кор овардааст, ҳамзамон ҳокимияти як ҳизбро дар майдони сиёсат нигаҳ медорад.

Як сабаби моил набудани Эрон ба пайравӣ аз роҳи бозсозӣ ҳарос аз бозсозиҳои аз ҳад беши сиёсист, ки метавонад тасодуфан ба чунин “перестройка” роҳ кушояд. Пошхӯрии СССР низ аз ҳамин шурӯъ шуда буд, ки ҷумҳуриҳои миллиаш дар оғоз озодиҳои сиёсӣ ва баъдан талаби истиқлол карданд. Агар Эрон аз роҳи “перестройка” биравад, аз эҳтимол дур нест, ки ақалиятҳои бузургаш, мисли озариҳо, курдҳо ва балуҷҳо дар оянда талаби ҷудоӣ аз Эрон ва истиқлоли миллиашонро пеш бигузоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG