Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи телефонии Обама бо Рӯҳонӣ


Як рӯз баъд аз гуфтугӯи вазирони хориҷии Эрон ва Амрико, Барак Обама бо Ҳасан Рӯҳонӣ сӯҳбати телефонӣ дошт.

Ин гуфтугӯи телефонӣ дар охирин дақиқаҳои ҳузури Рӯҳонӣ дар Ню Йорк анҷом шудааст.

Барак Обама дақиқае баъд аз интишори ин хабар эълом кард, ки бо Ҳасан Рӯҳонӣ гуфтугӯ кардааст. Ҳасани Рӯҳонӣ ҳам дар саҳифаи Твитери худ аз ин тамоси телефонӣ хабар додаст.

Ба гузориши хадамоти матбуотии президенти Эрон, дар ҳоле, ки раиси ҷумҳури Эрон дар ҳоли ҳаракат аз маҳалли иқомати худ ба самти фурудгоҳ барои хуруҷ аз Ню Йорк буд, ин тамос барқарор шуд ва тарафайн перомуни масоили мухталиф гуфтугӯ карданд.

Дар ин гуфтгӯи телефонӣ ду тараф бар иродаи сиёсӣ барои ҳалли сареъи масоили барномаи ҳастаӣ таъкид карда ва заминаро барои мавзуъоти дигар ва ҳамкорӣ дар масоили минтақа мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.

Бар пояи ин гузориш дар ин гуфтугӯи телефонӣ руасои ҷумҳурии Эрон ва Амрико, ҳамчунин вазирони хориҷии худро масъул карданд то заминаи ҳамкориҳои лозимиро ҳарчӣ зудтар фароҳам оранд.

Баъд аз нашри ин хабар аз тарафи хадамоти матуботии раиси ҷумҳурии Эрон, Барак Обама дар сархати хабарҳо қарор гирифт ва гуфт «Ҳамин ҳоло, ман бо президент Рӯҳонӣ телефонӣ сӯҳбат кардам. Ҳардуи мо дар бораи талошҳо дар ҳоли анҷом барои расидан ба як тавофуқ дар бораи барномаи ҳастаии Эрон сӯҳбат кардем.»

Барак Обама гуфтааст: «Мо мутаваҷҷеҳи ҳамаи чолишҳои пешору ҳастем. Ин воқеияте ки ин нахустин иртибот миёни як раиси ҷумҳурии Арико ва Эрон аз соли 1979 буд, худ нишонгари беэътимодии амиқи миёни кишварҳои мост, аммо дар айни ҳол намоёнгари чашмандозӣ барои пушти сар гузоштани он таърихи душвор аст. Бар ин боварам, ки пояе барои роҳи ҳал вуҷуд дорад.»

Ин нахустин тамоси олитарин мақомҳои ду кишвар пас аз инқилоби исломӣ аст. Як рӯз пеш аз ин Муҳаммад Ҷавод Зарифӣ ва Ҷон Керри вазирони хориҷии Эрон ва Амрико пас аз се даҳа бо якдигар дар ҳудуди ним соат мустақиман сӯҳбат карданд. Ин гуфтугӯ дар нишасти панҷгона дар Ню Йорк анҷом шуд, ки Зарифӣ ва Керри ҳам дар он ширкат доштанд.

Ҳасан Рӯҳонӣ соате пас аз тамоси телефонӣ бо ҳамоти амрикоии худ, суханронии раиси ҷумҳурии Амрико дар СММ-ро мутафовут донист ва онро гоме барои беҳбудии равобит тавсиф кард.
XS
SM
MD
LG