Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Э.Раҳмон: "Ҳеҷ гоҳ ҳамсояҳоро бе об намемонем" (АКСУ ВИДЕО)


Эмомалӣ Раҳмон дар маросими сохтмони садди обанбори Роғун

Эмомалӣ Раҳмон дар маросими сохтмони садди обанбори Роғун

Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шурӯи сохтмони садди обанбори Роғун, ки бо 335 метр яке аз баландтаринҳо дар ҷаҳон хоҳад буд, ба кишварҳои ҳамсоя паём дод, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ онҳоро бе об гузоштанӣ нест.

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, нерӯгоҳи Роғун дар сурати пурра мавриди баҳрабардории қарор гирифтанаш солона беш аз 17 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид мекунад.

Оқои Раҳмон рӯзи 29 октябр ҳангоми суханронияш дар маросими шурӯи сохтмони садди обанбори Роғун гуфт, "халқи тоҷик дар давоми асрҳои зиёд бо ҳамсояҳои худ дар фазои оромиву осоиш ва якдигарфаҳмиву ҳамкорӣ зиндагӣ кардааст. Бо масъулияти тамом иброз медорам, ки мо бо идомаи ин анъанаи неки ниёгон ҳамсояҳои худро ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ бе об намегузорем." Ин паёми раиси ҷумҳури Тоҷикистон панҷ забони хориҷӣ, аз ҷумла узбакӣ, русӣ, чинӣ ва англисӣ нашру паҳн шудааст.

Видео аз шурӯи сохтмони садди Роғун:

Маҷрои дарёи Вахш субҳи 29 октябр дигар карда шуд ва бо ҳамин сохтмони плотина ё садди обанбори нерӯгоҳи барқи обии Роғун расман оғоз гардид. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар ин маросим раҳбарони вазорату ниҳодҳои дигари давлатӣ, аъзои порлумон ва сафирони кишварҳои хориҷӣ иштирок доштанд.

Аксҳои бештар аз шурӯи сохтмони садди Роғун:

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, сохтмони садди обанбори Роғун ба хотири расидан ба истиқлоли комили энеретикӣ оғоз шудааст. Бино, ба қавли онҳо, "бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳим барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани нерӯгоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис шавад."

Ҳукумати Тоҷикистон Роғунро ҳаёту мамот медонад ва соли 2010 барои шурӯи мустақилонаи сохтмони он аз аҳолӣ ва ширкатҳо 186 миллион доллар ҷамъ овард, вале маъракаи пуриддаояш дар атрофи Роғун ба мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ рӯбарӯ шуд. Вале президент Эмомалӣ Раҳмон гуфт, "иншооти мазкур имкон медиҳанд, дар кишварҳои поёноб обёрии заминҳои дар истифода қарордошта ва азхудкунии заминҳои нав таъмин карда шавад. Ташхисҳои аз ҷониби коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ва олимону коршиносони машҳури ҷаҳонӣ амалигардида далели гуфтаҳои боло мебошанд."

Тоҷикистон барои исботи он ки тарҳи нерӯгоҳи Роғун ба муҳити зист зарар надорад ва ба инобат гирифтани манфиатҳои кишварҳои минтақа, соли 2007 ба Бонки Ҷаҳонӣ барои гузарондани ташхиси байналмилалӣ муроҷиат карда буд. Коршиносони ин бонк баъди ҳафт соли арзёбии асосноккунии техникиву иқтисодӣ ва таъсири иҷтимоиву экологии лоиҳа имконпазирии сохтмони нерӯгоҳи Роғунро тасдиқ намуданд.

Дар пайи ин, тобистони имсол ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати итолиёии ​"Салини Импреҷило С.п.А." (Salini Impregilo SpA) қарордоди чандмиллиардолларии бунёди Роғунро имзо кард ва бар асоси созишнома сохтмони асосии нерӯгоҳи Роғун марҳила ба марҳила 11 сол идома хоҳад кард. Арзиши қарордод 3,9 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Мақомот мегӯянд, бар асоси нақша чархаи аввали нерӯгоҳ охири соли 2018 ва агрегати дувум моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода хоҳанд шуд. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар силсилаи нерӯгоҳҳои рӯди Вахш аз боло нӯҳум буда, дар минтақаи 110 километр дур аз Душанбе ҷойгир аст.

Нерӯгоҳи Роғун аз 6 чарха иборат аст, ки қудрати ҳар кадоми онҳо 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди нерӯгоҳи Роғун бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии "Норак" якуним баробар зиёд будааст.

Сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар поёни солҳои 70-ум дар аҳди Шӯравии собиқ оғоз ёфт, вале баъд аз суқути иттиҳод қатъ шуд. Покистон дар соли 1992 бо ҳукумати вақти Тоҷикистон қарордод баста, барои Роғун ваъдаи 500 миллион доллар сармоягузорӣ карда буд, аммо ин қарордод дар пайи шурӯи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон иҷро нашуд.

Русия ҳам дар соли 1994 бо имзои як созишнома сохтани Роғунро бар дӯш гирифт, вале ин санад ҳам рӯи коғаз монд.

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, нерӯгоҳи Роғун дар сурати пурра мавриди баҳрабардории пурра қарор гирифтанаш солона беш аз 17 миллиард киловатт - соат нерӯи барқ тавлид мекунад, ки ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои минтақаҳои бузурги Покистону Афғонистон кофӣ аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG