Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳмияҳои Роғун беш аз 14 млн доллар фоида овардааст


Вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун 70 миллион сомонӣ ё муодили 14 миллион доллар фоида овардааст.

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон ин матлабро рӯзи ҷумъаи 26 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон эълом кард.

Ҷаноби Наҷмиддинов гуфт, "мо 90 миллион доллари маблағи саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро ба бонкҳои тиҷоратӣ дода ва бақияи он дар шӯъбаи хазинадории вазорати молия ҳифз мешаванд. Аз маблағҳое, ки ба бонкҳо дода шуд, то кунун маблағи 70 миллион сомонӣ ё беш аз 14 миллион доллари амрикоӣ фоида ба даст омадааст".

Вазири молияи Тоҷикистон дар маврид истифодаи маблағҳои саҳмияи Роғун афзуд, ки "ҳар тасмимиеро, ки шӯрои саҳҳомони нерӯгоҳи Роғун бигирад, мо метавонем маблағро истифода кунем».

Аммо Сафаралӣ Наҷмиддинов дар маврид сохтмони нерӯгоҳи Роғун таъкид кард, ки ҳоло дар маҳалли сохтмон корҳои барқароркунӣ ҷараён дорад".

Ҳамзамон ҷаноби Наҷмиддинов гуфт, ки ба наздикӣ дар Вошингтон машваратҳои навбатии ҳукумати Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ сурат мегирад ва умедворем, ки пас аз хулосабарориҳои коршиносони ин бонк сохтмони комили нерӯгоҳ ба пуррагӣ шурӯъ шавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба иддаои вазири молияи Тоҷикистон бештари мутахассисон неругоҳи Роғунро қобили татбиқ ва ба ҳаёт мувофиқ медонанд.

Зимнан, маъракаи хариди саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун се соли пеш оғоз шуда буд ва тибқи иттилои вазорати молия, дар маҷмӯъ дар ҳудуди 200 миллион доллар мардум ва ширкату корхонаҳо саҳмия харидорӣ карда буданд.

Дар ҳамин ҳол Сафаралӣ Наҷмиддинов зимни ин нишасти хабарӣ гуфт, ки сатҳи даромади аҳолии Тоҷикистон миёна шудааст. Ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳазор доллар ба сари кас ва аз рӯи ҳисоби қудрати харидории мардум, даромад ба 1300 доллар мерасад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи вазир, дар чанд соли қабл даромади солонаи аҳолӣ ҳамагӣ 400 доллари амрикоиро ташкил медод.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мувофиқи ҳисобҳои Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон аз ҳисоби даромади аҳолӣ ва маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бар сари кас, фақиртарин кишвари Осиёи Миёна мебошад.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР АЗ ИН НИШАСТИ ХАБАРӢ НАШР МЕШАВАД
XS
SM
MD
LG