Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори саҳмияҳои Роғун ба кор шурӯъ мекунад


Аснои сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Гулнора Ҳасанова, раиси «Амонатбонк» дар ин бора гуфт: «Дар бораи ин масъала ду-се моҳ аст, ки ҳамкори бо вазорати молия бо биржаи фондӣ, ширкати саҳҳомии нерӯгоҳи Роғун ва бонкҳо идома дорад. Мо дар бораи ҳамкорӣ ва ташкили бозори дуввумдараҷаи хариду фуруши саҳҳом ва коғазҳои баҳодор қарордод имзо кардем. Мо дар ин бозор ба унвони даллол ё брокер дар хариду фуруши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун фаъолият хоҳем кард.»

Сироҷуддин Икромов, муовини раиси «Амонатбонк», дар тақвияти суханони раиси бонк аҳамияти ташкилшавии ин бозорро тавзеҳ дода гуфт, дар ҳоле, ки ҷамъиятҳои саҳҳомӣ дар ҷумҳури вуҷуд дораду хариду фурӯши саҳмияҳо ва коғазҳои баҳодор дар бозори дуввуми саҳҳом таъмин намешавад, ин ба ҷамъиятҳои саҳҳомӣ мушкили зиёд пеш меорад.

Ӯ афзуд: «Ба хотири ташкили ин бозор кор оғоз шудааст. Биржаи фондӣ барои иҷрои корҳои ташкилии ин бозор муваззаф шудааст ва ҳамаи бонкҳо дар ин бозор ба унвони брокер ё даллол фаъолият хоҳанд кард. Ва имкон дорад, ки дар рӯзҳои наздик, натиҷаи фаъолияти моро саҳмиядорон хоҳанд дид.»

187 миллион доллари саҳмияҳо


Ба гуфтаи Сироҷуддин Икромов, дар бораи хариду фурӯши саҳмияҳои Роғун ширкати саҳҳомии нерӯгоҳи Роғун ба унвони саҳмдор тавассути расонаҳои хабарӣ эълом хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки тули як сол танҳо ба маблағи беш аз 187 миллион доллар саҳмияҳои Роғун ба фуруш рафтааст ва ин ҳам дар се моҳи аввали соли 2010 буд ки давлат ба тарғибу ташвиқи фуруши саҳмияҳо машғул буд.

Ва бино ба иттилои вазорати молия, дар чанд моҳи ахири соли гузашта ва ду ҳафтаи сипари аз соли нави 2011, ҳатто як саҳмияи Роғун ба фуруш нарафтаст. Ва ба делели дубора гарм кардани бозори саҳмия, давлат дар ташкили бозори хариду фуруши саҳмия ва коғазҳои баҳодор талош дорад.

Коршинос: Бозор аҳамияти зиёд надорад


Баҳром Шарифов, коршиноси умури бонкӣ гуфт, ки бозори дуввуми хариду фуруши саҳмия барои фуруши саҳмияҳои боқимонда дар дасти давлат аҳамияти зиёде надорад.

Вай афзуд: «Функсияи асосии бозори дуввумдараҷаи коғазҳои баҳодор ва саҳмия ин таъин кардани ҳуқуқи саҳмдор аст ки онро ба шахси саввум метавонад фурушад. Лекин барои худи ширкати Роғун ин бозор аҳамияти чандоне надорад. Ба ин далел ки дар ин бозор саҳмияҳои як бор ба фуруш рафта дубора ба фуруш гузошта мешаванд.»

Пас модом, ки ин бозор ба фуруши саҳмияҳои боқимонда дар дасти давлат кумак накунад пас барои ташкили бозори дуввумдараҷа чӣ ҳоҷат боқӣ мемонад?

Баҳром Шарифов коршиноси умури бонки дар посух ба ин суол гуфт: «Қонунҳое, ки танзими ин бозорро таъмин мекард дар соли 1995 тасвиб шуда буданд. Барои мисол биржаи фондӣ, биржаи асъорӣ ташкил шуд. Вале дар роҳандозии бозори дуввуми хариду фуруши саҳмия ва қоғазҳои баҳодор монеъаҳо вуҷуд дошт. Ҳоло дар дасти мардум ва корхонаҳо коғазҳои баҳодор ва саҳмияи зиёд ҷамъ шудааст. Ва вақти он расидааст, ки ин пулҳои дар дасти мардум ва корхонҳо буда ба воситаи ин бозор ба гардиш партофта шаванд. Ҳадафи асли ҳамин аст.»

Ин дар ҳолест, ки 300 миллион сомонӣ пули ҷамъшуда аз фуруши саҳмияҳои Роғун дар ихтиёри 5 бонки тиҷоратӣ барои гардиш вогузошта шудааст. Ва боқи беш аз 500 миллиони дигар дар ихтиёри вазорати молия қарор дорад.Ба эътиқоди коршиносон, дар сурати аз муомила берун мондан, ин пулҳо қурби худро аз даст медиҳанд.
XS
SM
MD
LG