Пайвандҳои дастрасӣ

Робин Ҷереми Орд-Смит, сафири Бритониё баъди се соли фаъолият дар Тоҷикистон рисолати дипломатияшро дар ин кишвар ба охир мерасонад.

Дар охирин рӯзҳои маъмурияти Робин Орд-Смит, сафири Бритониё дар Тоҷикистон, хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтугӯи ихтисосиеро бо сафир дар дафтари кориаш анҷом доданд ва нахуст аз ин пурсиданд, ки фаъолияти сесолаи худро дар ин кишвар чигуна арзёбӣ мекунад?

Робин Орд-Смит: Албатта, сафир таъин шудан дар кишваре, бахусус дар Тоҷикистон, орзуи ҳар дипломат аст ва ман низ аз ин масъулиятам хеле хушҳолам. Аммо қабл аз сафир таъин шуданам, дар соли 2008 ба Тоҷикистон сафар карда будам. Аз меҳмоннавозии тоҷикон ва табиати дилрабояш баҳравар гардидам. Боиси ифтихор аст, ки дар муддати се соли фаъолият ба унвони сафир дастовардҳоеро дар рушди муносибот ва равобити миёни Тоҷикистон ва Бритониё доштам.

Озодӣ: Дар ин муддат ба чӣ муваффақ шудед ва ба чӣ не?

Робин Орд-Смит: Муҳимтарин дастовард - густариши равобит миёни мардумони ду кишвар аст. Бахши вижае низ дар сафорат фаъол аст, ки ҳадафи он рушди ҳамкориҳои иқтисодист ва ин ҳамкориҳо таҳким меёбанд. Ҳамчунин дар ин муддат сафарҳои мақомҳои баландпояро доштем, ки ин нишонаи ҳавасмандии ҳарду кишвар барои тақвияти равобиту ҳамкориҳо дар арсаи сиёсӣ аст. Ҳамчунин дар бахшҳои дигар, аз ҷумла омӯзиши забони англисӣ ва мусоидат дар фаъолияти созмонҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон низ дастовардҳое доштем. Дар ин замина, омӯзиши забони англисӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппаро мешавад таъкид кард. Дар ноҳияи Қубодиён маркази омӯзиши забони англисӣ боз хоҳад шуд, то ки ҷавонони тоҷик аз ин забон баҳравар гарданд. Ҳамчунин ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Бритониё низ густариш пайдо кардааст. Бахусус ин ҳамкориҳо миёни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Бритониё хуб ба роҳ монда шуд. Вале он чи ки дар дар ин муддат муваффақ нашудам, ин аст, ки бо гузашти се сол дар Тоҷикистон, ҳамоно бо шумо ба забони англисӣ сӯҳбат мекунам ва забони тоҷикиро ёд нагирифтам, ки ин албатта муваффақият нест.

Озодӣ: Ҷаноби сафир дар маҷмӯъ, аз сатҳи ҳамкориҳои миёни Бритониё бо Тоҷикистон қаноатмандед?

Робин Орд-Смит: Албатта, мехостам, ки дар ин муддат ба дастовардҳои бештар ноил шавам, аммо умедворам, сафири наве, ки меояд, кори мо - сафирони пешинаро идома медиҳад ва барои густариши равобиту ҳамкориҳо талош мекунад. Чун густариши ҳамкориҳо вақти бештар мехоҳад. Бо ин ҳам аз ҷониби худ талош кардам, то равобиту ҳамкориҳо миёни Бритониё ва Тоҷикистон рушд кунанд. Талошҳои созандаи ҳукумати Тоҷикистонро дар бахши иқтисоду иҷтимоъ дастгирӣ кардем. Зеро мо ва ҳукумати Тоҷикистон танҳо хоҳони рушди иқтисодии Тоҷикистон ҳастем.

Озодӣ: Ҷаноби сафир, соли 2014 исми шумо дар баъзе гузоришҳои матбуоти давлатӣ бо қазияи Александр Содиқов иртибот гирифт. Дар ин гузоришҳо гуфта мешуд, ки гӯё ин муҳаққиқи ҷавон бо супориши шумо ба Бадахшон рафта буд ва ба ҷосусӣ айбдор шуд. Ҳоло гуфта метавонед, ки дар асл ин чӣ қазия буд ва воқеан ҳам Содиқов супориши шумо ё сафоратро иҷро мекард?

Робин Орд-Смит: Қазияи Александр Содиқов ҳанӯз аз лиҳози ҳуқуқӣ анҷом нашудааст ва ман ҳаққи шарҳ додани ин мавзӯро надорам. Аммо ман дар давоми фаъолият дар Тоҷикистон ё дар сафоратхона ва дар манзили худам, бо одамони касбу кори гуногун, аз ҷумла, мақомот, вазирон, муҳақиқон, донишҷӯён ва дигарон мулоқот кардаам ва сӯҳбатҳо анҷом додаам. Бо ин ҳам сафири Бритониё ба ҳеҷ нафар, бахусус онҳое, ки дар сафорат кор намекунанд, наметавонад супорише диҳад ва ё кореро фармояд. Ҳамзамон, бори дигар таъкид мекунам, ки ҳукумати Бритониё талошҳои ҳукумати Тоҷикистонро дар заминаи рушди сиёсӣ ва иқтисодӣ ва ба ин васила таъмини шароити беҳтар барои мардумро дастгирӣ мекунад. Агар саволи шумо ин бошад, ки оё Бритониё дар ҷосусӣ ва ноором кардани вазъ дар Тоҷикистон даст дорад, ҷавоби ман не аст. Таъкид мекунам, ки Бритониё ҳеҷ гоҳ дар Тоҷикистон ҷосусӣ накардааст. Ҳамкориҳои мо бо ҳукумати Тоҷикистон комилан шаффоф аст. Мо ба ин боварем, ки фаъолиятҳои мо ба манфиати мардуми Тоҷикистон ҳастанд. Мо ҳадафҳои ҳукуматро дарк мекунем ва танҳо дар амри кӯмак барои бунёди як Тоҷикистони пешрафтаву шукуфо мусоидат мекунем.

Озодӣ: Баъди нооромиҳои шаҳри Хоруғ дар баҳори имсол, мақомоти Тоҷикистон ба таври қариб мустақим дипломатҳои аврупоиро дар мудохила ба умури ин кишвар муттаҳам карданд. Раиси Кумитаи амният ва дифои порлумон ҳадафҳои сафари ду дипломати дафтари Иттиҳоди Аврупо ба Бадахшонро зери суол бурд ва ишора кард, ки дар паси ноамниҳо дар минтақа онҳо қарор доранд. Албатта, дафтари Иттиҳоди Аврупо ба ин иттиҳомот посухи худро дод. Вале баъди қазияи Содиқов исми шуморо ҳам баъзеҳо дар ин иртибот ба забон меоварданд. Оё мавқеи шумо дар нисбати рӯйдодҳои ахир дар Бадахшон чӣ аст?

Робин Орд–Смит: Хабарҳои марбут ба нооромиҳо дар Хоруғ ва гӯё ин ки дар пушти ин нооромиҳо сафирони аврупоӣ будаанд, асосе надоранд. Фаъолияти мо ба ҳукумати Тоҷикистон рӯшан аст ва онҳо медонанд, ки чӣ корҳои хубе дар Тоҷикистон сурат гирифтааст. Ман ҳамчун сафир ба манотиқи мухталифи Тоҷикистон сафар кардаам ва Хоруғ яке аз ин маконҳост. Ҳамчунин ба дигар манотиқ, аз ҷумла минтақаи Рашт ва Хатлон низ рафта будам. Сафар ба минтақаҳои Тоҷикистон аз вазифаҳои дипломатӣ аст. Вақте ман бо раиси вилояти Бадахшон мулоқот кардам, гуфтам, ки бояд миёни намояндагони ҷомеа диалог ё муколамаи созанда сурат бигирад, то ҳодиса ба таниши бузурги сиёсӣ табдил наёбад. Ман мехоҳам аз таҷрибаи таърихии Бритониёи Кабир мисол орам, ки он чи дар Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст, ин гуна таҷрибаҳоро мо бо Ирландия, як қисмате аз Бритониёи Кабир ҳам доштем. Мо таҷрибаи онро дорем, ки як таҳаввулоти бадро ба самти мусолиматомез гардонем. Ҳукумати Бритониё хоҳони ҳамкории созанда бо ҳукумати Тоҷикистон аст ва мо низ барои кӯмаку дастгирии давлат ва мардуми Тоҷикистон омадаем, на барои эҷоди мушкил.

Озодӣ: Ҷаноби сафир, ҳоло Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар пасманзари рӯйдодҳои Украина ва таниш дар байни Руссияву Ғарб дар пешорӯи таҳаввулот ва ҳам тағйироти хеле ҷиддӣ қарор доранд. Оё шумо ба сифати сафири як кишвари ғарбӣ нигаронии худро аз дурнамои ин вазъ бо мақомоти Тоҷикистон матраҳ кардаед?

Робин Орд-Смит: Албатта ҳаводисе, ки дар Украина иттифоқ афтод, таъсири он ба дигар минтақаҳои ҷаҳон низ мерасад. Ихтилофе, ки дар пайи ин ҳаводис, миёни Русия ва Ғарб иттифоқ афтод, албатта дар заминаи иқтисодӣ ба дигар кишварҳое, ки ба Русия вобастаанд, асар мекунад. Давлатҳои Ғарб ҳамчун кишварҳои кӯмаккунанда умедворанд, ки Тоҷикистон бо шарикони мухталифи худ ҳамкорӣ мекунад, то ки аз вобастагии иқтисодӣ берун шавад. Мо ҳамчун дипломат бо намояндагони ҳукумат масоили мухталифе, аз ҷумла таҳаввулотеро, ки мешавад, баҳс мекунем, аммо ҳоло наметавонам ҷузъиёти онро баён кунам.

Озодӣ: Бо таваҷҷӯҳ ба берун шудани нируҳои эътилофи байналмилал ё НАТО аз Афғонистон, нигаронии мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва изҳороти онҳо дар робита ба таҳдидҳое, мисли таҳдиди гурӯҳи "Давлати Исломӣ" бештар мешавад. Бигӯед, ки оё шумо ба чанд дар сади ин нигарониҳо бовар доред?

Робин Орд-Смит: Албатта, гурӯҳҳои терористие, ки дар Афғонистон, Ироқ ва ғайра ҳастанд, аз ҷумла Давлати Исломӣ, барои ҳар кишвар хатари ҷиддӣ доранд. Дар ин сурат бояд ба ҳама чӣ омода буд. Ин аст, ки кишварҳои мо ҳамеша вазъро пайгирӣ мекунанд ва дар муқобили ин гуна хатарҳои ҷаҳонӣ омодаи муқовимат ҳастанд.

Озодӣ: Ҳоло дар бораи ҳаёти шахсиятон бигӯед. Яке аз матраҳтарин мавзӯъҳои матбуоти имсол ин буд, ки шумо писари навзоди худро Манучеҳр номгузорӣ кардед. Ҳоло Манучеҳр чандмоҳа аст ва чӣ боис шуд, то барои писаратон исми тоҷикӣ интихоб кунед?

Робин Орд-Смит: Рӯзи душанбе (15 декабр) Манучеҳр панҷмоҳа мешавад ва ҳоло ҳамроҳи модараш дар Женева ба сар мебарад. Сабаби Манучеҳр интихоб шудани исми писарам ин аст, ки Тоҷикистон дар зиндагии ман ва хонумам таассуроти хубе гузоштааст. Чун Тоҷикистон, мардуми меҳмоннавоз ва табиати ҷаззобу қашанг дорад, ки ҳатман дар хотирҳо боқӣ мемонад. Мо низ ба хотири доштани ёдгоре аз Тоҷикистон, писарамонро Манучеҳр ном гузоштем. Ҳафтаи оянда бо поёни маъмуриятам нахуст ба Женева меравам ва ҳатман ӯро мебинам. Дар оянда талош мекунам, то Манучеҳр ҳамроҳи модараш ба Тоҷикистон биёяд ва ман ин кишварро ба ӯ нишон бидиҳад ва бигӯяд, ки Тоҷикистон чӣ сарзамини зебост. Манучеҳр номи хеле зебост ва дар куҷое, дар кадом кишвари дунё, ки набошем, ҳатман бо ҳузури Манучеҳр ва номи зебои ӯ, Тоҷикистонро ёд хоҳем кард ва аз хотираҳои нек хоҳем гуфт.

Озодӣ: Ҳамакнун бо поёни фаъолиятатон дар Тоҷикистон, умури дипломатии шумо дар куҷо идома мекунад ва агар имкон даст диҳад, боз барои кор ба Тоҷикистон бармегардед?

Робин Орд-Смит: Ҳанӯз фаъолияти минбаъдаи ман дақиқ нашудааст ва ба ин хотир ҳоло чизе гуфта наметавонам. Дар вазорати хориҷаи Бритониё як қоидае аст, ки дипломат дар як кишваре барои як маротиба сафир таъин хоҳад шуд. Аммо ман, ки Тоҷикистонро хеле дӯст медорам, талош мекунам то дар оянда ҳамчун турист ба ин кишвар сафар кунам.

Озодӣ: Ташаккур

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG