Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роберт О'Нейлл -- сарбози амрикоие, ки мегӯяд Усома бин Лодинро куштааст


Нерӯҳои вижаи амрикоӣ дар моҳи майи соли 2011 ба иқоматгоҳи раҳбари Ал-Қоида дар шаҳри Иббитободи Покистон ҳамла бурданд.
Нерӯҳои вижаи амрикоӣ дар моҳи майи соли 2011 ба иқоматгоҳи раҳбари Ал-Қоида дар шаҳри Иббитободи Покистон ҳамла бурданд.

Роберт О'Нейлл, (Rob O'Neill) як сарбози бознишастаи нерӯҳои вижаи Амрико, ки дар соли 2011 ба иқоматгоҳи Усома бин Лодин ҳамла карданд, мегӯяд, ӯ раҳбари пешини Ал-Қоидаро бо ду тир куштааст.

Роберт О'Нейлли 38-сола дар мусоҳибае бо рӯзномаи Вошингтон Пост, ки рӯзи 6 ноябр мунташир шуд, гуфтааст, ӯ ҳамон сарбозе аст, ки бо ду тир ба Бин Лодин, ба зиндагии чеҳраи аслии ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 хотима додааст.

Хабаргузории Асссошиэйтед Пресс мегӯяд, ин сарбози пешини Navy SEAL дар соли 2013 гуфта буд, ки Бин Лодинро куштааст, аммо дар он замон ҳувияти ӯ танҳо бо номи "The shooter"(нишонзан) мушаххас шуда буд.

Ду нафар аз аъзои нерӯҳои вижаи Navy SEAL дар гуфтугӯ бо Вошингтон Пост, ҳувияти Роберт О'Нейллро таъйид кардаанд. Хабаргузории Ассошиэйтед пресс низ аз қавли як узви пешин ва як узви кунунии Navy SEAL ҳувияти ин нишонзанро ба унвони касе, ки муддатҳо буд ба хотири андохтани охирин тир ба Бин Лодин шинохта мешуд, таъйид кардааст.

Ду сол пеш Маттев Бисоннетте (Matthew Bisonnette) як кумондуи дигари амрикоӣ бо номи мустаори Марк Овен дар китобе бо номи "Рӯзе, ки осон набуд" аз ҷараёни охирин амалиёти ҳамла ба иқоматгоҳи Бин Лодин ва инки ӯро куштааст, сухан гуфта буд. Гуфтаҳои оқои Бисоннетте бо гуфтаҳои Кохи Сафед фарқ мекард ва дар он бар хилофи гуфтаҳои расмӣ -- ба тирандозии фаврӣ ба Бин Лодин ҳангоми дида шуданаш ишора шуда буд. Бинобар гузоришҳо, ривояти Бисоннетте ва Роберт О'Нейлл низ аз ҳамдигар фарқ доранд.

Дар мусоҳибае бо Вошингтон Пост Роберт О'Нейлл гуфтааст, ду сарбози дигари нерӯҳои махсус, аз ҷумла Бисоннетте низ ба Бин Лодин тир андохта буданд. Ассошиэйтед пресс аз қавли вакили ӯ мегӯяд, Миттев Бисоннетте дар ҳоли ҳозир таҳти таҳқиқот қарор дорад, ки оё дар китоби худ бидуни иттилои артиш, санадҳои маҳрамонаро фош кардааст ё на. Амрико гуфтаҳои Роберт О'Нейлл таъйид ё рад накардааст. Ҷузъиёти амалиёти нерӯҳои вижаи амрикоӣ -- Navy SEAL дар шаҳри Аббатободи Покистон тайи 3,5 сол, то кунун маҳрамона боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG