Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуздон аз таксии сокини Истаравшан $100 ҳазорро рабуданд


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, афроди ношинос аз дохилии таксии як сокини Истаравшан 100 ҳазор доллари амрикоиро рабудаанд.

Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Истаравшан дар шарҳи ин ҳодиса мегӯяд, афроди ношинос ҳангоми дар дохили таксӣ қарор доштани ронанда, ба чашмонаш хокаи қаланфур зада 100 ҳазор доллари ӯро аз худ мекунанд.

Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ имрӯз бо тасдиқи ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки ҳодиса рӯзи 31 май рух дода, Мирбақозода Абдуғаффор, сокини ноҳияи Истаравшон, ки зиндагии худро аз ҳисоби таксиронӣ таъмин мекунад, дучори ҳамлаи афроди ношинос шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ин афрод ӯро боздошт намуда, ба рӯяш хокаи қаламфурро пошида, латукӯб менамоянд ва бо тариқи ошкоро автомашинаашро аз ҷойи ҳодиса 800 метр дуртар бурда, аз ӯ маблағи пулии 100 000 доллари амрикоиашро ғорат карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Истаравшан пас аз муроҷиати Мирбақозода Абдуғаффор аз пайи ҷустуҷӯ шуда бо гумони ғоратгарӣ шаҳрвандон Қаҳҳор Ҷалолов, ки доғи судӣ дорад ва Шуҳрат Абдуазимов, истиқоматкунандагони ин ноҳияро дастгир карданд. Тавре вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, аз боздоштшудан қисман далеҳои шайъӣ гирфта шудааст.

Вале ҳанӯз рӯшан нест, ки чигуна ва барои чӣ ронандаи таксӣ ин маблағро дар дохили автомашинаи худ нигоҳ медоштааст.
XS
SM
MD
LG