Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захмӣ шудани як пулис дар пайи ҳамла ба "Агроинвестбонк"


Хуррамшаҳри Данғара. Акс аз бойгонӣ
Хуррамшаҳри Данғара. Акс аз бойгонӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар пайи ҳамлаи ғоратгарона ба "Агроинвестбонк"-и Данғара як маъмури пулис бо 17 захми корд дар бемористон бистарӣ шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 20 апрел ҷузъиёти ҳамлаи ғоратгарона ба бинои "Агроинвестбонк" дар ноҳияи Данғараро расман шарҳ дод. Ин ниҳод мегӯяд, ки ҳамла аз сӯи як сокини 22-солаи ҳамин ноҳия субҳи барвақти 19 апрел сурат гирифтааст.

Ба итилои манбаъ, "рӯзи 19 апрел, тахминан соатҳои 04:30-дақиқа, шахси номаълум бо мақсади роҳзанӣ, яъне ҳуҷум бо нияти тасарруфи амволи ғайр бо истифодаи зӯроварӣ, ба дохили бинои ҶСК “Агроинвесбонк”-и ноҳияи Данғара даромада, муҳофизатчии бонки мазкур, милитсионери ШХДМ ШВКД ноҳияи Данғара, марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкурро 17-маротиба бо корд ба узвҳои баданаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаааст. Корманди милитсия бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст."

Аз ин қабл, шоми 19 апрел, як масъули шуъбаи умури дохилаи минтақаи Кӯлоб дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфта буд, ки нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. Ин манбаъ гуфт, чаҳор нафар хостаанд вориди бонк шаванд, аммо муваффақ нашудаанд.

"Онҳо хостаанд вориди бонк шаванд, аммо натавонистанд. Ҳоло кор дар ин самт идома дорад, ҷузъиёти ин ҳодиса маълум карда мешавад. Ин ҳодиса шаби 18 ба 19 апрел рух додааст. Вақте ки ғоратгарон мехостанд вориди бонк шаванд, посбон дахолат кардааст ва ғоратгарон ноком шуда, аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд," - гуфта буд мусоҳиби мо

Дар пайи ин кӯшиши ҳамла ба "Агроинвестбонк", ба гуфтаи шоҳидон, тадбирҳои амниятӣ дар ноҳияи Данғара пурзӯр шуда, мақомоти милиса ҳуҷҷатҳои афродеро, ки ба ин ноҳия ворид мешаванд, тафтиш мекунанд.

Ҷӯрахон, як сокини ноҳияи Восеъ, ки имрӯз аз Душанбе тавассути Данғара баргаштааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки асноди ӯро ҳам ҳангоми гузаштан аз ҳудуди ноҳияи Данғара тафтиш кардаанд. Ба гуфтаи Ҷӯрахон, имрӯз дар ин ноҳияи назар ба рӯзҳои қаблӣ шумори бештари кормандони умури дохила мушоҳида мешуд.

"Душанбе мерафтем, ягон гап набуд, вале вақте аз он тараф ба Данғара ворид шудем, милисаи бисёр буд. Вақте пурсидем, гуфтанд, ки ба "Агроинвестбонк" кӯшиши ҳамла шудааст, бояд ҳуҷҷатҳоро санҷем," - гуфт Ҷӯрахон.

Ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар тақрибан 100-километрии ҷанубушарқи Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ҷойгир шуда, дар ин ноҳия, бино ба оморҳо, 122 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG