Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бардорад, зам кун"-и нархҳо дар бозорҳои Тоҷикистон (ВИДЕО)


Бисёре аз сокинон аз якбора боло рафтани нарху навои маҳсулоти ғизоӣ дар остонаи Иди Фитр дар бозорҳои кишвар шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, ки бо вуҷуди даъватҳои батакрори мақомоти давлатӣ барои поин овардани нархҳо ҳанӯз "мижжа касе таҳ нахӯрдааст".

Сокинони зиёди Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои дигари Суғд барои оростани дастархони идонаашон асосан аз бозори маъруфи “Панҷшанбе” маҳсулот мехаранд. Ин бозори бузургтарини хӯроквории минтақа барои ҳар харидор, бо нархҳои баланд ё пасттар, нуқлу навои зеби дастархонро ба фурӯш баровардааст.

Бахши сабзавотфурӯшии ин бозор серодам ва савдо гарм аст, чунки сокинон барои таоми суннатии ҷашни Рамазон, яъне палави тоҷикӣ сабзавоти тару тоза мегиранд. Раҳбар Ҳошимова, муовини мудири мактаби рақами 42-и Хуҷанд, мегӯяд, “гӯштро писарам хиридааст, ман сабзӣ мегирам. Нархи як кило сабзӣ 3.5 - 4 сомонӣ муқаррар шудааст. Пештар то 3 сомонӣ буд. Ба фикрам, дар рӯзҳои арафа нархашро баландтар кардаанд.”

Гузориши видеоӣ инҷост:

"Бардорад, зам кун"-и нархҳо дар бозорҳои Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Ин омӯзгори мактаб мегӯяд, барои оростани дастархони идонаи Рамазон ҳамроҳи писараш, ки низ бо маош бори зиндагиро мекашад, якҷоя харид мекунанд. Чунки, ба гуфтаи ӯ, хариди идона ба кисаи як нафар гарон хоҳад уфтод: “Нархҳо баланданд. Меваи атр бисёр қимат шудааст. Як кило шафтолу 14-15 сомонист. Гелос ду-се рӯз пеш 12 сомонӣ буд, ҳозир 25 сомонӣ... Ман ҳудуди ҳазор сомонӣ моҳона мегирам. Барои хуб гузарондани иди Рамазон бо наздикон ба 600 -700 сомонӣ бояд маҳсулот бихарем.”

Дар бозор нархи аз ҳама баланд, аз меваи хушк, пиставу бодому мағз ва зардолу аст. Шояд аз ҳамин рӯ дар растаҳои фурӯши меваи хушк харидорон ангуштшумор ба назар мерасанд. Яке аз харидорон гуфт, “нархи меваи хушк – чанд баробари моҳонаи мост. Як кило нахуди бирён – 40 сомонӣ, писта 80, бодом – 70. Ба 700 сомонӣ маошамон фақат меваи хушк харидан мумкин.”

Дар остонаи иду ҷашнҳо, аз ҷумла Иди Рамазон дар бозорҳои Тоҷикистон фурӯшандагон одатан нархи маҳсулоти ғизоиро боло мебаранд. Бо вуҷуди таъкиду дархостҳои ба такрори мақомот, ки ба хотири савоб дар рӯзҳои ҷашн нархи молҳои худро баланд набардоранд, фурӯшандагон аз рӯи қоидаи “бардорад – зам кун, набардорад – кам” амал мекунанд.

Дар арафаи Иди Рамазон фурӯшандагони бозори “Панҷшанбе” нархи гӯшти беустухонро аз 36 то 38 сомонӣ ва болотар ва биринҷу сабзиву карам ва баъзе меваҳо, мисли шафтолуву ангурро каме боло бурдаанд. Вале ​Ориф Маҳмудов, сокини Панҷакент ва коргари як бинои навбунёд дар Хуҷанд, мегӯяд, арзиши помидору бодиринг мисли пешина бетағйир мондааст.

Ӯ гуфт, "имсол назар ба солҳои пеш дар бозор – арзонӣ аст. Масалан, як кило зардолуи тар 5-6 сомонӣ буд, ҳозир ба 1-2 сомонӣ гирфитан мумкин аст. Як кило себро ҳам ба 2-3 сомонӣ харидан мумкин. Гӯшт – 30 сомонӣ, гӯшти мурғ – арзонтар. Ба 100 – 150 сомонӣ барои аҳли олиа дастархони хуби идона оростан мешавад."

Вазъи нарху наво дар муқоиса ба Хуҷанд дар Душанбе нигаронкунанда будааст. Шаҳрдори Душанбе гуфтааст, касе аз тоҷирон аз нархҳои тавсиявӣ қимати маҳсулотро боло мебарад, аз ҳаққи соҳибкорӣ маҳрум хоҳад шуд. Дар гузашта низ мақомот талош карда буданд, ки нархҳоро дар бозор дар остонаи идҳо танзим кунанд, аммо зоҳиран натавониста буданд ба ҳадафашон бирасанд.

XS
SM
MD
LG