Пайвандҳои дастрасӣ

8 паноҳҷӯи тоҷику ӯзбак дар Русия рабуда шудаанд


Елена Рябинина

Елена Рябинина

Ин паноҳандаҳо, ки интизори ҳалли қазияҳои худ дар додгоҳи Аврупо буданд, дар ду соли ахир дар Русия рабуда шудаанд.

Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқи инсон (Маскав) аз Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон даъват кардааст, ки ба ҷараёни баррасии аризаҳои хосторони гирифтани мақоми паноҳандагӣ дар Русия суръат бубахшад. Ин созмон, ки бо номаи расмӣ ба дафтари СММ дар Женева муроҷиат кардааст, мегӯяд, дар ду-се соли охир ин ниҳод дар баррасии аризаи паноҳҷӯёне, ки дар ватан барои дидгоҳҳои сиёсиву мазҳабиашон таъқиб мешаванд, таъхир мекунад.


Елена Рябинина, як масъули барномаҳои Осиёи Марказӣ дар Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқи инсон мегӯяд, дар натиҷаи ин таъхир бисёр паноҳҷӯён зӯран ва ба таври пинҳонӣ ба кишварҳое интиқол меёбанд, ки аз онҳо фирор карда буданд. Елена Рябинина дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар номаи онҳо пеш аз ҳама нисбати сарнавишти шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон изҳори нигаронӣ шудааст. Ба иттилои ӯ, дар давоми якуним сол, яъне аз августи соли 2001 то декабри соли 2012, 8 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбакистон аз байни онҳое, ки ба додгоҳи Аврупо муроҷиат карда буданд, рабуда шуданд.

Муқаррароти додгоҳи Авруп таслими ин афродро ба мақомоти кишварҳояшон манъ мекунад. Вале мушаххас кардани шумори дигар муҳоҷирон, ки ба таври Низомхон Ҷӯраев моҳи апрели соли 2012 дар ТВ Тоҷикистон изҳорот дод

Низомхон Ҷӯраев моҳи апрели соли 2012 дар ТВ Тоҷикистон изҳорот дод

ғайриқонунӣ рабуда шудаанд. имкон надорад, гуфт ӯ. “Аз миёни шаҳрвандони Тоҷикистон Савриддин Ҷӯраев ва Сӯҳроб Қозиев, сокинони вилояти Суғд дар Хуҷанд соли гузашта ба 26 ва 28 соли зиндон маҳкум шудаанд. Ман комилан мутмаинам, ки парвандаи онҳо сохта шудааст, Онҳо бахше аз 34 нафаре мебошанд, ки дар Тоҷикистон ахиран маҳкум шудаанд ва аксари онҳо дар узвият ба Ҳаракати исломии Ӯзбакистон муттаҳам шудаанд”.

Ба иттилои ин фаъоли ҳуқуқи башар, якуним моҳ пеш аз нопадидшавии Савриддин Ҷӯраев, дар Маскав амаки ӯ Шамсиддин Ҷӯраев гумном ва баъди муддате дар Хуҷанд ба 19 соли зиндон маҳкум шуд. “Шамсиддин Ҷӯраев аслан дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор надошт”, мегӯяд вай. Тамоми ин фактҳо ба додгоҳи аврупоии Страсбург фиристода шудаасъ.

Парвандаҳои дигари пурсарусадо марбут ба соҳибкори маъруф Низомхон Ҷӯраев ва ҷангсолори пешин Абдулвоси Латипов (Қорӣ-Восит) аст. Ба иттилои Рябинина, Ҷӯраев, баъди якуним соли боздошташ дар Русия, бештар аз ҳама аз истирдод ба Тоҷикистон метарсид ва ҳеҷ гоҳ наметавонист “довталабона ва бидуни шиноснома, аз се марз гузашта” ба Тоҷикистон баргардад ва тавассути телевизиони давлатӣ изҳорот диҳад, ки “меҳри дидор бо Абдулвосит Латипов октябри соли 2012 дар Волгоград нопадид шуд

Абдулвосит Латипов октябри соли 2012 дар Волгоград нопадид шуд

азизон” ӯро водор кард, ихтиёран худро ба мақомот супорад. Рябинина инчунин гуфт, ки то ҳол дар робита бо сарнавишти Абдулвоси Латипов, ки октябри соли 2012 дар Волгоград нопадид шуда буд, ҳеҷ иттилое надорад ва ба ин бовар аст, ки ӯ низ эҳтимолан ба таври пинҳонӣ ва иҷборӣ ба Тоҷикистон бурда шудааст. “Таъхири тӯлонӣ дар баррасии қазияи паноҳҷӯён, дар шароити пуртаҳдид, тамоми талошҳои мо, мудофеони ҳуқуқи инсонро барои ҷилавгирӣ аз бозгардони ин афрод ба кишварҳояшон ночиз мекунад. Ин афродро барои ақидаҳои мазҳабиву сиёсиашон дар ватан таъқибу шиканҷа мекунанд”, гуфт ӯ.


Ин ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯяд, бо он ки мақомоти Русия дар сатҳи расмӣ дар бораи маҳалли буду боши афроди гумшуда изҳори бехабарӣ мекунанд, аммо ин амал танҳо бо ширкати мустақими сохторҳои амниятӣ имконпазир мешавад. Инҳоянд, ки гумонбаронро ба фурудгоҳ меоранд ва тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд. Вай инчунин аз қазияи пурсарусадои дигари марбут ба нопадидшавӣ ва дар додгоҳи Тоҷикистон ҳозир шудани собиқ раиси ҳизби демократ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ёдовар шуд ва гуфт, "мо ва вакили дифои ӯ Анна Ставитская тамоми далелро дар даст дорем, ки ӯро дар Маскав рабуда ба таври пинҳонӣ ба Душанбе интиқол додаанд", гуфт ӯ. Соли 2005 Искандаров бо иттиҳоми содир кардани ҷиноятҳои сангин ба 23 соли зиндон маҳкум шуд.

Елена Рябинина мегӯяд, “Худи Русия кам андар кам ба муроҷиаткунандагон мақоми паноҳандагӣ медиҳад. Дар тамоми солҳои истиқлолияти ин кишвар танҳо беш аз 800 нафар аз ҷониби Хадамоти федеролии муҳоҷират чунин мақомро ба даст овардаанд, ки дар муқоиса бо давлатҳои Амрикову Канада ин рақам ночиз аст. Он ҷо ин нишондод даҳҳову садҳо баробар бештар аст”, мегӯяд вай.


Муҳаммадрӯзӣ Искандаров соли 2005 дар шароити машкук аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров соли 2005 дар шароити машкук аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд

Ба иттилои ӯ, дар аксар ҳолатҳо, мақомоти Русия ба муроҷиаткунандагон посухи ҳамсон медиҳанд, ва мегӯянд, “кишваре, ки шахс аз он фирор кардааст, як давлати демократӣ ё дар ҳоли бунёди ҷомеаи демократӣ мебошад ва сарқонуни он ҳуқуқи шаҳрвандонашро ҳимоя мекунад”. Аз сӯи дигар, ба иттилои ӯ, кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонҳой қарордодҳоеро имзо кардаанд, ки эътирофи баробари санаду қарорҳо ва қонунҳои ин кишварҳоро дар назар мегирад. Ӯ мегӯяд, ҳатто дар сурати мутафовит будани шарҳи мафҳуми “террорист” дар ин қонунгузориҳо, ба бисёр паноҳҷӯён мегӯянд, ки иттиҳомоти дар ватанашон пешгузошта дар Русия низ ҳукми қонунро доранд.

Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, дар сурати суръат бахшидани кори таҳқиқи парвандаҳои паноҳҷӯён дар СММ, эҳтимолан ҷони бисёр афоди бегуноҳ наҷот ёбад. Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқи инсон як созмони ҷамъиятист, ки дар ҳамкорӣ бо дафтари Комиссариати олии СММ дар Маскав ба паноҳандаҳои кишварҳои мухталиф кӯмаки ҳуқуқӣ пешниҳод мекунад.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG