Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷасади Ричард Фрай, муҳаққиқи машҳури Осиёи Миён ва Эрон баъд аз он, ки Эрон ба дархостҳо барои дафни ӯ дар Исфаҳон посух надод, дар Амрико сӯзонда шуд.

Хабаргузории ИСНА-и эронӣ рӯзи душанбе аз қавли Тураҷ Дарёӣ --устоди Донишгоҳи Калифорния ва аз ҳамкорони Ричард Фрай хабар дод, ки "ду ҳафта пеш хонаводаи профессор Фрай пас аз 73 рӯзи интизори барои расидани хабаре аз Эрон ва додани иҷоза барои дафни ҷасади ин эроншинос дар ин кишвар, билохира тасмими гирифт пайкари ӯро бисӯзонад."

Ҷасади Ричард Фрай тибқи ин гузориш дар Бостони Амрико -- ҷои зиндагии вай сӯзонда шуд ва Тураҷ Дарёӣ мегӯяд, ки намедонад хонаводаи Ричард Фрай тасмим дорад бо хокистари Ричард Фрай чи хоҳанд кард.

Ин донишманди маъруф, ки даҳҳо сол аз умри худро сарфи омӯзиши Эрону Осиёи Миёна намуда буд, рӯзи 27-уми март дар Бостони Амрико даргузашт ва васият карда буд, ки пас аз маргаш дар канори Зояндарӯди Исфаҳон дар Эрон ба хок супурда шавад. Аммо ин дархости ӯ дар ниҳоят амалӣ нашуд.

Пас аз марги оқои Ричард Фрай, Козим Мусавӣ, раиси маркази Доиратул -маорифи бузурги исломӣ дар номае ба Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон аз ӯ хост, то ба хоксупории Ричард Фрай дар Исфаҳон мувофиқат кунад. 233 устоди донишгоҳҳои Эрон низ дар номае ба раиси ҷумҳури Эрон ҳамин дархостро матраҳ карданд ва анҷуманҳои эроншиносӣ дар саросари ҷаҳон аз ҳукумати Эрон хостанд, ки ба ин васиятномаи Ричард Фрай амал кунад.

Аммо ин дархостҳо дар Эрон ба мухолифатҳое рӯбарӯ шуд. Аз ҷумла имоми ҷумъаи шаҳри Исфаҳон, намояндагони парлумон ва усулгароёни Эрон ба ин масъала мухолифати сахт нишон додаанд. Имоми ҷумъаи шаҳри Исфаҳон он замон гуфта ки "мардум Исфаҳон иҷозати чунин кореро ба масъулон нахоҳанд дод, ки ҷанозаи як фарди ҷосуси CIA дар Исфаҳон дафн шавад." Вай дар идома гуфтааст, ки "оё шахсияте Ричард Фрай монанди шахсиятҳое амсоли Мулло Садро, Мирдомод ё Шайх Баҳоӣ аст" ва афзудааст, ки "чаро бояд чунин фарде, ки осори миллии моро ба дуздӣ бурдааст, дар Исфаҳон дафн шавад?"

Профессор Фрай аз ташаббускорони таъсиси Маркази мутолиоти Ховари Миёна дар Донишгоҳи Ҳарвард буд. Ин марказ аз нахустин барномаҳои таҳқиқи Эрон дар Амрико ба шумор мерафт. Донишмандоне, чун Анн-Марӣ Шиммел, Олег Грабар, Ҷон Лимбертва Френк Ҳаддл, ки баъдан як муддат сафири Амрико дар Тоҷикистон буд, аз парвардаҳои мактаби Фрай мебошанд.

“Шарқи наздик ва қудратҳои бузург”, ”Эрон”, “Мероси Эрон”, “Мероси Осиёи Марказӣ аз аҳди бостон то ҳамлаи туркон”, “Эрони бузург”, “Амрико ва Туркияву Эрон” танҳо чанд номгӯи китобҳоест, ки аз Ричард Фрай ба мерос мемонад.

Ричард Фрай ба забонҳои русӣ, немисӣ, арабӣ, форсӣ, пашту, узбекӣ, туркӣ ва ҳам ба англисӣ балад буд ва равон сӯҳбат мекард. Ӯ ҳамин тавр, ба гуфтаи муҳаққиқон, аз камшумор донишмандоне буд, ки ба забонҳои бостонии авестоӣ, паҳлавӣ ва суғдӣ ҳам балад буд ва ҳамчунин ба тақрибан ба ҳамаи лаҳҷаву гӯишҳои роиҷ дар Эрон ошноии наздик дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG