Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сюзан Райс ба ҷои Ҳилларӣ Клинтон меояд?


Сюзан Райс, сафири Амрико дар Созмони Милал
Сюзан Райс, сафири Амрико дар Созмони Милал

Сюзан Райс, сафири Амрико дар Созмони Милал, талоши дарёфти пуштибонии аъзои Сенат аз Ҳизби ҷумҳурихоҳонро дорад.

Сенаторҳои ҷумҳурихоҳ таҳдид кардаанд, ки дар сурати ба мақоми вазири умури хориҷӣ пешбарӣ шудани номзадии Сюзан Райс ба ӯ раъй нахоҳанд дод.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, аввалҳои моҳ эълом дошт, ки баъд аз шурӯи даври дувуми раёсати ҷумҳурии Барак Обама мақомашро тарк мекунад. Сюзан Райс яке аз номзадҳои аслӣ ба раҳбарии идораи сиёсати берунаи Амрико маҳсуб мешавад.

Вале Сюзан Райс то ҳол ҷумҳурихоҳонро мӯътақоид насохтааст, ки ташреҳи, аз нигоҳи онҳо, иштибоҳияш дар бораи ҳамла ба консулгарии Амрико дар шаҳри Бенғозии Либия орӣ аз ангезаи сиёсӣ буд. Бархе аз сенаторҳо мегӯянд, ки ҳадафи шарҳи ҳодиса аз сӯи хонум Райс ҷилавгирӣ аз танқиди Барак Обама барои таъмин набудани амнияти дипломатҳои кишвар дар арафаи интихоботи президентӣ буд.

Бар асари ҳамла ба консулгарӣ, ки рӯзи 11-уми сентябр аз сӯи як гурӯҳи наздик ба шабакаи “Ал-Қоида” сурат гирифт, чаҳор амрикоӣ, аз ҷумла, сафири кишвар дар Либия Кристофер Стивенс кушта шуданд. Чанд рӯз баъд Сюзан Райс дар сӯҳбат бо шабакаҳои телевизионӣ ҳодисаи Бенғозиро бо эътирози издиҳоми норозӣ аз пахши филми “Бегуноҳии мусалмонҳо” дар интернет марбут кард. Баъдан хонум Райс ташреҳи пешини худро носаҳеҳ номид ва аммо афзуд, ки онро дар пояи иттилои Хадамоти марказии кашфи Амрико пахш кардааст.

Сенатор аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Линдсӣ Граҳам баъд аз мулоқот бо Сюзан Райс гуфт, ки аз шарҳи ӯ қонеъ нашудааст. Сенаторҳо Келлӣ Айот ва Ҷон МаКейн, ки низ дар мулоқот ширкат доштанд, гуфтаанд, посухҳои хонум Райс онҳоро бештар нигарон кардааст.

Ҷон МакКейн, аз ҷумла, гуфт, “рӯшан аст, ки иттилои додаи ӯ ба мардуми Амрико, ки ҳодиса бар асари намоиши эътирозии худҷӯш алайҳи видеои нафратовар рӯй дод, нодуруст буд. Ин тавр набуд ва он вақт шаҳодатҳои мӯътамад, аз ҷумла, аз худи либигиҳо ва амрикоиҳои дигари огаҳ мавҷуд буд, ки одамон ба намоиши худҷӯш бо миномёт ва гранатомётҳои зиддитонкӣ намеоянд.”

Дигар сенаторҳои ҷумҳурихоҳ низ, ки бо Сюзан Райс мулоқот кардаанд, аз ӯ норозӣ боқӣ монданд. Коршиносон мегӯянд, пешниҳоди хонум Райс барои дарёфти пуштибонии аъзои Сенат аҷиб ба назар мерасад, зеро то ҳол Барак Обама дар мавриди номзад ба мақоми вазири умури хориҷии оянда тасмим нагирифтааст.

Бар пояи хабарҳо, раисиҷумҳур ҳоло номзадии сенатори демократ аз аёлати Массачусетс Ҷон Керрӣ ва мушовир дар умури амнияти миллӣ Том Донилонро ҳам баррасӣ мекунад. Вале, ба гуфтаи коршиносон, Сюзан Райс аз номзадҳои асосӣ дар мақоми вазири умури хориҷӣ маҳсуб мешавад ва сенаторҳои ҷумҳурхоҳ низ инро хуб мефаҳманд.

Барак Обама аллакай эълом дошт, ки дар сурати баргузида шудани Сюзан Райс чун номзад ба мақоми вазири умури хориҷӣ, омодааст аз ӯ ба ҳар навъе пуштибонӣ кунад. Дар нишасти хабарии рӯзи 14-уми ноябр раисиҷумҳур аз хонум Райс дифоъ кард ва сенаторҳои ҷумҳурихоҳро дар талоши бадномсозии ӯ айбдор намуд. Барак Обама ба хабарнигорон гуфт, агар ӯ тасмим бигирад, ки Райс номзади беҳтарин ба ин кор аст, бидуни шубҳа ва ба чизе нигоҳ накарда ӯро вазири умури хориҷӣ таъин мекунад.
XS
SM
MD
LG