Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул бунёди роҳи оҳан ба Туркманистону Тоҷикистонро оғоз мекунад


Мақомоти афғон гуфтаанд, ба зудӣ корҳои фаннӣ-техникии тарҳи роҳи оҳан миёни Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон оғоз мегардад.

Дар пайи изҳороти мақомҳои Туркманистон, ки гуфтаанд, кори сохтмони тарҳи роҳи оҳани Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистонро ба зудӣ оғоз мекунанд, масъулони афғон аз оғози баррасиҳои ин тарҳ дар дохили Афғонистон хабар медиҳанд.

Мақомоти вазорати фавоиди оммаи Афғонистон мегӯянд, ки ин тарҳ дар дохили ин кишвар 231 километр дарозӣ дорад ва корҳои ибтидоии он такмил шудааст. Аҳмадшоҳ Ваҳид, муовини вазири фавоиди оммаи Афғонистон рӯзи душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба зудӣ корҳои фаннӣ-техникии ин тарҳ ҳам оғоз мегардад. Ба гуфтаи оқои Ваҳид, бо такмил шудани ин тарҳ, ки то кунун замони он мушаххас нашудааст, Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Миёна ва аз тариқи он ба Аврупо васл мегардад.

Тафоҳумнома барои бунёди ин роҳ дар ҷашни Наврӯзи соли равон миёни раисони ҷумҳури Тоҷикистон Афғонистон ва Туркманистон ба имзо расид. Тибқи гузоришҳо, ин хатти оҳан, ки аз шимоли Афғонистон ба Туркманистон ва сипас ба Тоҷикистон васл мешавад, ҳудуди 400 километр дарозӣ дошта ва ба беш аз 400 миллилон доллар ниёз дорад. Мақомҳои афғон мегӯянд, ки Бонки Рушди Осиё ба ҳадафи татбиқи ин тарҳ дар дохили Афғонистон ваъдаи кӯмак кардааст.

Рӯзи якшанбе раёсати ҷумҳури Афғонистон бо нашри эъломия гуфтааст, ки тарҳи роҳи оҳан дар ҷараёни мулоқоти раиси ҷумҳури ин кишвар Ҳомид Карзай бо вазири умури хориҷии Туркманистон мавриди баҳс қарор гирифт. Ба иттилои манобеъ дар раёсати ҷумҳури Афғонистон, мақомҳои туркманӣ гуфтаанд, ки дар ояндаи наздик кори сохтмони ин тарҳро дар дохили Туркманистон оғоз мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Палатаи савдои Афғонистон татбиқи ин тарҳро барои ояндаи иқтисоди ин кишвари ҷангзада муассир медонад. Ба бовари масъулони ин ниҳод, бо такмил шудани ин тарҳ, аз фишори иқтисодӣ ва сиёсии Покистону Эрон ба Афғонистон коста мешавад. Ҷонон Алакузай, муовини Палатаи савдои Афғонистон дар суҳбат ба Озодӣ гуфт:

«На танҳо мо аз ин тарҳ суд мебарем, балки ҳамсояҳои мо низ суд мебаранд. Аз ҳамин роҳ метавонанд ин хатти роҳи оҳанро аз роҳи шимол ба Кобул ва аз Кобул ба Турхам ва ба Веш васл кунанд. Маҳсулоти Покистон, Ҳиндустон ва ҳамсояҳо ба осонӣ ба Осиёи Миёна интиқол мешавад ва маводи хом, ки дар Осиёи Миёна ҳаст, ба корхонаҳои Ҳиндустон ва Покистон интиқол дода хоҳад шуд.»

Дар ҳоли ҳозир Афғонистон як хатти роҳи оҳан дар масири Бандари Ҳайратон то шаҳри Мазори Шариф дорад, ки аз он тариқ амволи бозаргонон интиқол дода мешавад. Мушкилоти амниятӣ яке аз нигарониҳо дар рӯбарӯи татбиқи тарҳи роҳи оҳани Афғонистон, Тоҷикистон ва Туркманистон мебошад. Бо ин ҳол бархе аз коршиносон аз ҳукумати Афғонистон хостаанд, ки дар масири ин тарҳ, барои таъмини амният талоши бештар намояд.
XS
SM
MD
LG