Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳ.Карзай: Ҷанги Афғонистон ҷанги манфиатҳост


Ҳомиди Карзай Афғонистонро “қурбонии аҳдофи Амрико ва Покистон” мехонад ва мегӯяд, ки “сиёсати дугона”-и Вошингтон дар Афғонистон мунҷар ба афзоиши ифротгароӣ дар минтақа шудааст.

Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури собиқи Афғонистон дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ Акбар Аёзӣ гуфт, ки ҷанг дар Афғонистон ноком буд ва натиҷаҳои дилхоҳ надод. Ӯ бо такя ба як китоби генерали амрикоӣ Даниел Болгер далели нокомии ҷанг дар Афғонистонро бо он марбут кард, ки Вошингтон “ба ҷойи он ки ба лонаҳои террористҳо равад, ҷангро алайҳи деҳот ва мардуми афғон шурӯъ кард.”

“Далели дигараш ин буд, ки Амрико возеҳан як сиёсати дугонаро таъқиб кард. Агар бо калимаҳои содда ва ватании худамон баён кунем, дуздро гуфт “дуздӣ кун” ва соҳиби хонаро гуфт, “хонаатро нигаҳ кун!.” Ва ба ин тартиб дидем, ки на фақат ифротгароӣ гум нашуд, балки домангири минтақа шуд ва то Шарқи Миёнаву кишварҳои дигар густариш ёфт,” гуфт Ҳомид Карзай. Аз нигоҳи ӯ, ҷанг натиҷаи дилхоҳеро, ки интизор доштем, наовард ва ба ин далел Амрико, ки пойгоҳи низомиро дар Афғонистон гирифтааст ва қарордоди амниятӣ ҳам имзо шуд, дар садади овардани сулҳ барои Афғонистон бошад, на дар пайи идомаи ҷанг.

Ҳамкори мо аз Карзай пурсид, ки ҳадафи стратегии дарозмуддати Амрико ва Ғарб дар Афғонистон иқтисодист, тақсими ҷуғрофӣ ё стратегияи дигаре, ки то ҳол дар борааш чизе гуфта нашудааст?

Сарвари собиқи Афғонистон гуфт, дар ин бора бо мансабдорони амрикоӣ ва ғарбӣ сӯҳбатҳои зиёде анҷом дода буд, ба вижа, баъди дарки он ки “ҳузури Амрико дар Афғонистон танҳо ба хотири мубориза алайҳи терроризм нест, балки аҳдофи дигари фаротар аз он ҳам дорад. Ман ба давлати Амрико арз кардам, ки агар шумо пушти маромҳои баланди иқтисодӣ ҳастед, Афғонистон монеаатон нест. Вале Афғонистон як кишвари ғариб аст. Шумо пушти манфиати бузур омадед, Афғонистон ҳамон манфиати худро мехоҳад ҳифз кунад ва пеш барад. Агар шумо пушти тағйир ва табдили ҷуғрофии минтақа омадед, дар он сурат сарҳадии табиӣ ва хоки Афғонистон аз Атак то Омӯст. Агар пушти аҳдофи иқтисодӣ омадед, пул биёред, аммо агар дар пайи табдили ҷуғроӣ ҳастед, ҳаққи собитшудаи Афғонистон аз Атак то Омӯро тасмин кунед.”

Ҳомиди Карзай дар идомаи сӯҳбат гуфт, ки Афғонистон қурбонии аҳдофи Амрико ва Покистони ҳамсоя шудааст: “Мардуми Афғонистон медонад, ки ҷанги Афғонистон – ҷанги дохилӣ нест, ҷанги мову толиб нест, толиби афғон ҳам кушта мешавад ва аз дигар тараф мо кушта мешавем... Ҷанги манфиатҳои Амрико аз як тараф аст ва аз сӯи дигар - ҷанги мақсадҳои дарозмуддати Покистон, аҳдофи таърихии Покистон ва мушкилоте, ки мо бо Покистон аз рӯзи эҷоди он кишвар дорем...”

Ҳомиди Карзай афзуд, мансабдорони Исломобод борҳо дар музокирот гуфтаанд, ки ба расмият шинохтани сарҳад аз рӯи “хатти Дюран”-ро мехоҳанд, аммо ин барои Кобул қобили қабул нест, зеро “ҳеҷ ҳукумати Афғонистон дар гузашта ин корро накарда ва хоҳиши кардан ҳам надошт ва ин як масъалаи миллист ва иртибот мегирад бо иродаву орзуҳои мардуми Афғонистон.”

Карзай мегӯяд, Покистон ҳамчунин аз ҳукумати Кобул мехост, ки робитааш бо Ҳиндро кам кунад ва барояш дар Афғонистон ҷойи пой надиҳад. Ба гуфтаи раҳбари пешини Афғонистон, ин маънои он дошт, ки Кобул бояд сиёсати хориҷии кишвар дар умури Ҳиндро таслими Покистон кунад. “Ин барои мо номумкин буд, чун агар мо ин корро мекардем, истиқлоли Афғонистонро месупурдем ба Покистон,” - мутмаин аст Ҳомид Карзай.

Бо раисиҷумҳури Амрико Барак Обама. Январи 2013
Бо раисиҷумҳури Амрико Барак Обама. Январи 2013

Аммо оё сардие, ки солҳои ахир миёни Кобул ва Вошингтон ба чашм мерасид, “рашк”-и Амрико аз дӯстии Афғонистон бо кишварҳои минтақа – Чину Русия ва Ҳинд набуд? Ҳомид Карзай дар посух ба ин суол гуфт, ки замони раёсаташ сиёсати хориҷии Афғонистон чандин меҳвар дошт – ҳамкорӣ бо кишварҳои исломӣ ва олами араб, қабл аз ҳама, бо Арабистони Саъудӣ, сиёсати дӯстӣ бо ҳамсояҳо, дӯстӣ бо Ғарб, дӯстӣ бо кишварҳои бузурги ҷаҳон, ки “ҳамаашон дар минтақа ва ҳамсоягии мо қарор доранд.”

Ба гуфтаи ӯ, “дӯстии мо бо Чин дар муқобила бо Амрико набуд, дӯстӣ бо Русия ҳам на ба он хотир буд, ки дар симои Амрико рақибе пайдо карда бошем, дӯстии мо бо Эрон ва бо Ҳинд ба суратизарурати мо барои як робитаву ҳамкории васеъ бад ва ҳам ба он хотир, ки Афғонистон набояд дубора дар инзивоъ қарор бигирад.” Ин сиёсат, ба гуфтаи Карзай, хело муваффақ буд.

Ҳомид Карзай гуфт, ки демократия ба ҳама иҷозаи мухолифат бо давлатро медиҳад, аммо Афғонистон, аз нигоҳи ӯ, ба оппозитсиюни сиёсӣ зарурат надорад. “Тавсияи ман ба ҳамаи афғонҳо ин аст, ки аз опозитсиюнсозӣ сарфи назар кунед, даст ба дасти ҳам дода бо ҳукумати ҷадиди мо ҳамкорӣ кунед,” - афзуд раҳбари пешини Афғонистон.

Ҳомид Карзай барои нахустин бор баъд аз тарки курсии раисиҷумҳури Афғонистон бо як расонаи хориҷӣ мусоҳибаи густурда анҷом дод.

Ӯ дар поёни соли 2001 баъди суқути режими Толибон дар натиҷаи амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор ибтидо ба ҳайси раҳбари идораи муваққати Афғонистон пазируфта шуда, дар интихоботҳои солҳои 2004 ва 2009 ду навбат раисиҷумҳур интихоб шуд. Мӯҳлати раёсати Карзай дар мақоми раҳбарии Афғонистон рӯзи 29 сентябр ба поён расид.

XS
SM
MD
LG