Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Бахши русии Радиои Озодӣ - "Свобода" 60-сола шуд


Корманди радиои "Свобода" дар назди дастгоҳи телетайп дар солҳои 1950
Корманди радиои "Свобода" дар назди дастгоҳи телетайп дар солҳои 1950

“Свобода” рӯзи 1 март 60-сола шуд. Нахустин барномаи ин радио 1 марти соли 1953, ҳамагӣ 4 рӯз қабл аз марги раҳбари вақти Шӯравӣ Иосиф Сталин, нашр шуд.

Наттоқи барнома Сергей Дубровский аз Мюнхени Олмон бо як оҳанги мутантан аз оғози кори бахши русии Радиои Озодӣ чунин дарак дод: “Гӯш кунед! Гӯш кунед! Имрӯз шабакаи нави радиоии “Освобождение” барномаҳои худро оғоз мекунад.”

Бахши русии радиои Озодӣ дар воқеъ то соли 1959 “Освобождение”, яъне “Озодибахшӣ” ном дошт ва танҳо баъди 6 сол номи “Свобода”, ё “Озодӣ”-ро гирифт. Мусиқии оғози барномаҳои бахши русии Озодӣ бар пояи “Гимни Русияи озод” буд, ки оҳангсоз Александр Грачанинов навиштааст ва дар пайи суқути ҳукумати подшоҳии Русия дар соли 1917 ҳамчун таронаи миллии ин кишвар пешниҳод шуда буд, вале ҳукумати муваққати вақт онро радд кард.

Ин радио дар ибтидо бештар радиои муҳоҷироне буд, ки бо амри тақдир дар он сӯи “Девори оҳанин”-и байни Ғарб ва Иттиҳоди Шӯравӣ уфтода буданд. Бахши русии радиои “Озодӣ”, ҳамин тавр, дар он солҳо, ки Ҷанги сард тоза аланга мегирифт, минбари марокизи ҳамоҳангсози мубориза алайҳи ҳокимони коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт. Сергей Дубровский, нахустин наттоқи радио дар ҳамон барномаи нахустин дар бораи аҳдофи радиои “Освобождение” чунин гуфта буд:

“Мо мехоҳем, то шумо бидонед: Мо бо вуҷуди зиндагӣ дар хориҷа дар шароити озодӣ қарзи худро дар назди ватан фаромӯш накардаем. Мо ба ин сохти давлатдорӣ усули ҳукумати мардумиеро муқобил мегузорем, ки бори аввал инқилоби феврали соли 1917 эълон карда буд. Мо душмани ҳам эҳёи ҳукумати мутлақи подшоҳӣ ва ҳам душмани истиқрори ҳар навъ диктатураи ҷадид ба ҷои болшевизм дар пайи комилан аз байн бурдани ин низом ҳастем. Мо тарафдори таъмини пурраи озодии эътиқод ва ҳаққи таблиғи мазҳабием. Мо нафақат тарафдори аз байн бурдани истисмори инсон аз сӯи инсонем, балки мо тарафдори аз байн бурдани истисмори инсон аз сӯи як ҳизб ва давлат низ мебошем.”

Миссияи мубориза бо коммунизмро “Свобода” дар қатори бахшҳои дигари Радиои Озодӣ то замони суқути давлати Шӯравӣ дар соли 1991 пеш бурд ва дар муқобили матбуоти Шӯравӣ, ки ҳамагӣ тобеъи хостаҳои ҳизби коммунист ва дастгоҳи таблиғотии ҳукумати вақт буданд, як манбаъи мӯътамади ахбори алтернативӣ дар он сӯи “Девори оҳанин” ба шумор мерафт.

Людмила Алексеева, як ҳомии маъруфи ҳуқуқи башари Русия, аз шунавандаҳои собиқадори барномаҳои бахши русии Озодист. Людмила Алексеева, ки 85 сол дорад, мегӯяд, бори аввал мавҷи ин радиоро ҳанӯз дар соли 1954, ҳамагӣ як сол баъд аз оғози кори Озодӣ, пайдо карда, дигар ҳамеша гӯшу ҳуш ба барномаҳояш медод. Ӯ меафзояд, мақомоти Шӯравӣ тамоми васоили фанниро ба кор мебурданд, ки мавҷи Озодиро дар “шашяки рӯи замин” бизананд, вале шумори мухлисони Озодӣ рӯзторӯз бештар мешуд:

“Ман тамоми талошамро ба харҷ медодам, ки ҳар имконро барои шунидани Озодӣ истифода барам. Мо дар маконе зиндагӣ доштем, ки дастгоҳҳои мавҷзан хеле сахт кор мекарданд. Барои ҳамин, ман кӯшиш мекардам, дар манзили шиносҳоям ё дар ягон бӯстонсарои берун аз шаҳр аз шаб то субҳ радио гӯш кунам.”

Алексеева соли 1977, баъди ҳиҷраташ ба Амрико, аз як шунаванда ба корманди қарордодии “Свобода” табдил ёфт ва барои ин радио 122 барнома таҳия кард, ки асосан ба фаъолиятҳои Гурӯҳи Ҳелсинки, як гурӯҳи маъруфи ҳомии ҳуқуқи башар, ихтисос доштанд. Вале барномаи дигар ва дӯстдоштании ӯ дар ин радио “Санадҳо ва сарнавиштҳо”-ст, ки аз зиндагии пуршӯри маҳбусони сиёсӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ қисса мекард.

27 августи соли 1991 раисиҷумҳури вақти Русия Борис Елтсин бо як фармон фаъолияти радиои Озодиро дар кишвараш иҷозат дод ва дар Маскаву чанд шаҳри дигари Русия дафтарҳои “Свобода” боз шуданд.

“Свобода” баъди суқути Шӯравӣ низ эътибораш ҳамчун манбаъи ахбори қобили бовариро нигоҳ дошт. Аммо бо гузашти 20 сол аз суқути Шӯравӣ, маълум шуд, ки гуфтани ҳақиқат дар Русия, бахусус дар аҳди раёсати Владимир Путин, як кори ҳамчунон мушкилу ҳатто хатарнок боқӣ мемонад ва ҳар расонаи мустақил дар ин кишвар чун дар замони Шӯравӣ аз сӯи мақомоташ ҳамоно “оппозитсия” шинохта мешавад.

Радиои Озодӣ дар чунин шароити сахт ба иҷрои маъмурияташ дар Русия, ки чун дар 60 соли пеш расондани ахбори алтернативӣ ва қобили боварист, идома медиҳад.


XS
SM
MD
LG