Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи ҳакерӣ ба шабакаҳои интернетии Радиои Озодӣ


Сомонаҳои интернетии Радиои Озодӣ/Радиои Аврупои Озод таҳти ҳамлаи ҳакерӣ қарор гирифтанд.

Ин ҳамлаҳое, ки бо номи ҳамлаҳои DDdoS маъруфанд, аз 14 ноябр боиси мушкилот дар кори хадамоти чандрасонаиву иттилоотии ин шабакаи радиоӣ шудааст. Рӯзи 18 ноябр кори Интернет дар дохили шабака барқарор карда шуда, пахши барномаҳо ба ҳолати оддиаш баргашт.

Президенти Радиои Озодӣ/Радиои Аврупои Озод Кевин Клоуз гуфт, хадамоти фаннии радио иттилоъ дар бораи ин ҳамлаи интернетиро ҷамъ мекунанд. Ба гуфтаи Клоуз, рӯзи душанбе қарор шуд, ки дар бораи ин ҳамла ба шунавандагону хонандагон ва бинандагони барномаҳои радио, ки ба таъбири ӯ, “ба Радиои Озодӣ/Радиои Аврупои Озод такя мекунад ва барои иртибот бо мо бе ин ҳам ҳар рӯз бояд мониаҳои зиёдеро убур кунад,” хабар дода шавад.

Радиои Озодӣ/Радиои Аврупои Озод аз дигар шабакаҳои байналмилалии радиоӣ, ба мсили Садои Амрико ва хадамоти иттилотӣ барои Ховари Миёна ва Куба, ки низ таҳти чунин ҳамлаҳо қарор гирифтаанд, пуштибонӣ мекунад. Дар соли 2008 бахши беларусии Радиои Озодӣ низ ҳадафи яунин як ҳамлаи DDdoS қарор гирифта буд, вале миқёси он ҳамла хеле кӯчактар аз ҳамлаест, ки тайи рӯзҳои охир болои Радиои Озодӣ/Радиои Аврупои Озод фурӯ рехт. Ба серверҳое, ки мавриди ҳамла қарор доштанд, аз ҳазорон ва баъзан ҳатто аз миллионҳо компутар дархостҳои дурӯғин ирсол мешуд.

Мудири Радиои Озодӣ/Радиои Аврупои Озод Люк Спрингер гуфт, ҳамлаи ахир рӯзи 14 ноябр кашф шуд ва нуқтаи авҷаш замоне буд, ки ҳар сония ба шабакаи интернетии радио аз садҳо ҳазор компутар дархост меомад. Ба ҳисоби Спрингер, ҳакерҳо аз беш аз 1 миллион компутари олуда ба вирус ва маъмулан бидуни хабардор шудани соҳибони онҳо истифода бурдаанд. Маълум шуд, ки наздики 80 дарсади компутарҳое, ки чунин дархостҳои дуруӯғин ирсол мекарданд, дар қаламрави Чин ва ҳудуди 20 дарсадаш дар Русия ҷойгир шудаанд. Аммо ин ҳанӯз дар бораи инки оё дар пушти ин ҳамлаи ҳакерӣ мушаххасан кӣ меистад, далел дода наметавонад.

Радиои Озодӣ/Радиои Аврупои Озод як созмони мустақили ғайритиҷоратист, ки бо кумаки билоивази Конгресси Амрико таъмини молӣ мешавад. Ин радио бо 28 забон барои 21 кишвар, аз ҷумла барои Тоҷикистон, барномаҳо пахш мекунад.
XS
SM
MD
LG