Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори Озодӣ дар ҷангҳои Мавсил аз як чашмаш маҳрум шуд. АКС


Расул Маҳмуд
Расул Маҳмуд

Дар натиҷаи тирпарронӣ аз миномет дар Мавсили Ироқ Расул Маҳмуд, хабарнигори ғайрирасмии Радиои Озодӣ захмӣ шудааст.

Маҳмуд амалиёти низомии зидди гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ"-ро дар Ироқ барои Радиои Фардо пӯшиш медод. Вай ҳангоми ҳамлаи ҷавобии ҷангиён ба гуруҳҳои курду артиши Ироқ чанд ҷароҳат бардошта, биноияш дар хатар аст. Феълан дар беморхонаи Ирбил бистарист.

"Ба мо хабар доданд, ки ҳамкорамон захмӣ шудааст. Маҳмуд марди шуҷоъ ва хабарнигори хуб аст ва мо барои дастгирии ӯву хонаводааш тамоми талошамонро хоҳем кард", - гуфтааст Томас Кент, президенти Радиои Озодӣ.

Расул Маҳмуд аз минтақаҳои амалиёти ҳарбӣ аксу видео фиристода, бо низомиёни Ироқу гуруҳҳои курд мусоҳибаҳои махсус анҷом медод. Иттилои ӯ ба Радиои Фардоро телевизиони CNN, маҷаллаи Time, нашрияи USA Today ва расонаҳои дигар низ истифода мебурданд.

Радиои Фардо ҳоло маъракаи ҷамъоварии маблағ ба Маҳмуд ва хонаводаи ӯро роҳандозӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG