Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малоларо барои табобат ба Бритониё фиристоданд


Артиши Покистон мегӯяд, ки ҳукумати ин кишвар Малола Юсуфзайро барои муолиҷа ба Бритониё фиристодааст.

Малолаи чаҳордаҳсола, ки ҳафтаи гузашта аз сӯи Толибон мавриди ҳамла қарор гирифтаву аз ноҳияи сар ва гардан ба шиддат захмӣ шуда буд, ҳоло барои табобат ба Бритониё фиристода шудааст.

Дар як иттилоияе, ки Артиши Покистон интишор дод, омадааст, Малола тавассути як ҳавопаймо-амбуланс, ки аз сӯи Амморати Муттаҳидаи Араб таҳия шуд, ба Бритониё интиқол ёфтааст.

Ба гуфтаи мақомоти Покистон, Малола барои шифо ёфтан аз паёмадҳои ҳамла ба табобати тулонӣ ниёз дорад. Рӯзи сешанбеи гузашта Малола ва ду дугонааш ҳангоми бозгашт аз мактаб мавриди ҳамлаи гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистон қарор гирифт.

Малола Юсуфзай баъд аз он маъруф шуд, ки дар блогаш дар интернет дар бораи зулму ҷаҳолати Толибон замони ҳукмронияш дар водии Своти Покистон гузориш менавишт.

Ин ҳодиса маҳкумятҳои байналмилалиро дар пай дошт. Парвиз Ашраф, нахуствазири Покистон, бо маҳкумсозии ин ҳамла Малоларо “духтари Покистон” номид. Намояндаи вазорати умури хориҷии Амрико Виктория Нуланд ҳамларо “амали тарсуёна ва ваҳшиёна” арзёбӣ кард. Лайло Зарругӣ, намояндаи вижаи Созмони Милал дар умури ширкати кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона, низ ҳамла ба Малоларо шадидан маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG