Пайвандҳои дастрасӣ

“Боздошти хабарнигорони Озодӣ як сӯитафоҳум будааст”


31 август, ҷавонон дар назди кохи раёсатҷумҳурӣ ҷамъ омадаанд

31 август, ҷавонон дар назди кохи раёсатҷумҳурӣ ҷамъ омадаанд

Зарангези Наврӯзшоҳ ва Абдуллоҳи Ашӯр, ки ба дунболи пӯшиши эътирози донишҷӯён дар назди қасри раиси ҷумҳур боздошт шуданд, раҳо гардиданд.

Ба гуфтаи хабарнигори радиои Озодӣ Зарангези Наврӯзшоҳ, рӯзи ҷумъа, тақрибан соатҳои 13:30 ӯву ҳамкораш Абдуллоҳи Ашӯр барои сӯҳбат бо эътирозгарон – ҷавононе, ки барқарор шудани исмҳояшон дар феҳрасти донишҷӯёни донишгоҳҳои Қазоқистонро талаб доранд, назди Кохи раёсатҷумҳурӣ рафтанд.

- Вақте мо ба он ҷо расидем, 21 донишҷӯ ва падару модари чанд нафари онҳо дар назди дастгоҳи президент қарор доштанд. Онҳо гуфтанд, ки аз он ки аз ҳаққи таҳсил дар мактабҳои олии Қазоқистон ба таври ғайричашмдошт маҳрум шудаанд, шадидан норозӣ ҳастанд ва фикр мекунанд, ки ба масъала бояд президент Эмомалӣ Раҳмон мудохила кунад.


Зарангези Наврӯзшоҳ

Зарангези Наврӯзшоҳ

Ба нақли хонум Наврӯзшоҳ, ҳангоми мусоҳибаи онҳо бо донишҷӯён 6-7 ходими милиса бо либоси корӣ ва чанд нафар бо либоси мулкӣ, эҳтимолан ходимони амният дар атроф қарор доштанд ва талош мекарданд, эътирозгаронро пароканда кунанд.


- Онҳо мегуфтанд, ки шумо аризаи худро дар дасти як намояндаатон гузоред ва пароканда шавед, бигузор ӯ бо намояндаи дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ мулоқот карда масъаларо шарҳ диҳад. Вале ҷавонҳо пароканда шудан намехостанд, - мегӯяд Зарангези Наврӯзшоҳ.

Абдуллоҳи Ашӯр мегӯяд, ки полис талош дошт дар ҷараёни аксбардорӣ монеа эҷод кунад ва нагузорад, ки акси ҷавонҳои эътирозгар бардошта шавад.

- Фикр мекунам, ки сабаби боздоштшавии мо ҳам ҳамин аст, ки онҳо мехостанд бубинанд, ки мо чӣ аксҳое бардоштаем, - гуфт ин хабарнигори радиои Озодӣ.


Ҷавонҳои эътирозгар мегӯянд, ки сабаби муроҷиати онҳо ба раиси ҷумҳурӣ ин аст, Абдуллоҳи Ашӯр

Абдуллоҳи Ашӯр

ки аз посухи Вазорати маорифи Тоҷикистон қаноатманд нестанд. Вазорат бо пахши изҳороте имрӯз гуфт, ки баъди моҳи март низоми қабули донишҷӯён ба донишгоҳҳои Қазоқистон тағйир ёфт ва баҳоҳое, ки ин довталабон аз рӯи имтиҳон супурда ба донишгоҳҳо дохил шудаанд, эътироф намешаванд. Вазорат гуфтааст, ки “низоми ​пешинаи имтиҳонсупорӣ ва шумори баҳоҳо ба меъёрҳои нави маорифи ин кишвар” мувофиқат намекунад.

Дар миёни ин ҷавонон чандин нафаре соли охир дар курсҳои омодагӣ ба дохилшавӣ дар донишгоҳҳои Қазоқистон таҳсил кардаанд, Шумори куллии донишҷӯён дар ҳудуди 90 нафар гуфта мешавад. Вале чанд рӯз пеш аз шурӯи таҳсил дар Қазоқистон ба онҳо гуфта шудааст, ки онҳо аз унвони донишҷӯ маҳрум шудаанд. Аксари эътирозгарон фикр мекунанд, ки шояд ҷойҳои онҳо дар донишгоҳҳои кишвари беруна ба дасти “фарзандони афроди бонуфуз ва сарватманд” гузаштаанд.

Зарангези Наврӯзшоҳ мегӯяд, ки баъди анҷоми мусоҳибаҳо дар роҳ ба сӯи дафтари кории Озодӣ дар назди тарабхонаи “Мерве” онҳоро ходимони полис манъ кардаанд, ки аз қафояшон савори ду мошини сабукрав расида омадаанд. Онҳо гуфтаанд, ки бо дастури раҳбарияташон бояд ин хабарнигоронро ба шӯъбаи умури дохилаи Исмоили Сомонӣ бубаранд.

Маъурони пулисе, ки Зарангези Наврӯзшоҳ ва Абдуллоҳи Ашӯрро боздошт карданд, дар сӯҳбат бо Хуршеди Ҳамдам, раҳбари намояндагии радиои Озодӣ дар Душанбе гуфтаанд, ки онҳо танҳо супорише, ки ба онҳо дода шуда буд, иҷро карданд. Ба таъкиди маъурони пулис раҳбарашон ба онҳо амр додааст, ки ин ду хабарнигор боздошт ва ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурда шаванд, то маълум гардад, ки онҳо ба чӣ хотире акс гирифтаанд ва бо ҷавонони таҷаммӯъкарда сӯҳбат кардаанд.

Аммо масъулони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо хабарнигорон бархӯрди хашин надоштанд, балки онҳо низ дарк карданд, ки ҳар ду хабарнигор вазифаи касбии худро иҷро кардаанд. Ин боздошт, ки на бештар аз 30 дақиқа идома дошт, бо раҳоии хабарнигорон анҷом ёфт. Дар ҳангоми бозгардони диктофон ва дастгоҳи аксбардори хабарнигорони Озодӣ ходимони полис гуфтанд, ки боздошти онҳо "як сӯитафоҳум" будааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG