Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТВ "Настоящее время" - аз Радиои Озодӣ ва Садои Амрико


Аз 14 октябр пахши барномаи ахбори телевизионии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва Садои Амрико оғоз мешавад. Ин барнома ҳар рӯз ним соат нашр шуда, як навъ алтернатива ба пропагандаест, ки ҳар рӯз аз васоити ахбори оммаи Русия сарозер мешавад.

Барномаи нави ахбори телевизионӣ бо номи «Настоящее время», ки пахшаш аз 14 октябр шурӯъ мешавад, ба тамошобинон дар кишварҳои ҳамҷавори Русия алтернативаи мутавозин ба иттилооти бардурӯғеро, ки васоити ахбори оммаи Русия паҳн мекунанд ва сабаби бесуботӣ дар минтақа мешаванд, ироа хоҳад кард.

«Настоящее время» – барномаи муштараки Радиои Аврупои Озод /Радиои Озодӣ ва Садои Амрико буда, дар ҳамкорӣ бо эширкатҳои хусусиву ҷаамъиятии телевизионӣ ва интернет-порталҳо дар Гурҷистону, Эстония, Латвия, Литва, Молдова ва Украина таҳия мешавад.

Ин тарҳ бо такя ба шабакаи хабарнигорон дар минтақаҳо, пойтахтҳои аврупоӣ, қароргоҳҳои марказии Радиои Аврупои Озод /Радиои Озодӣ дар Прага ва Садои Амрико дар Вошингтон аз ним соат шарҳи ҳаррӯзаи ахбор, мусоҳибаҳо, гузоришҳои ихтисосӣ ва танзи сиёсӣ дар пахши мустақим иборат аст. Ин тарҳ иттилоотеро пешкаш мекунад, ки дар васоити ахбори оммаи таҳти назорати давлати Русия дастрас нест. Ба ин васила, ин барнома ба тамошобин имкони «тафтиши воқеият» дар бораи рӯйдодҳои минтақаи зисти онҳоро пешниҳод мекунад.

Ҷефф Шелл, раиси Шӯрои мудирон оид ба масоили пахши ахбори Амрико (BBG), ки фаъолияти Радиои Аврупои Озод /Радиои Озодӣ ва Садои Амрикоро ҳамоҳанг мекунад, гуфт, «расонаҳои ахбори байналмилалии Иёлоти Муттаҳида муқобила ба маъракаи матбуотии беш аз ҳад бешармона ва бемаъниеро, ки ба оташи хушунат ва зӯроварӣ дар Украина ва қисматҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ равған мерезанд, тақвият хоҳад дод. Ин тарҳ журналистикаи беғараз ва ахбори тафтишшударо пешниҳод мекунад. Фактҳоро пешниҳод мекунад, на дурӯғро.»

Барои дарёфти ахбори бештар метавонед ба сомонаи худи телевизиони «Настоящее время» ҳам саре бизанед:

http://www.currenttime.tv/

«Настоящее время» бахше аз фаъолияти расонаҳои ахбори байналмилалиии Иёлоти Муттаҳида дар муқобили пропагандаи расмӣ дар Русия ва кишварҳои атрофи он ба шумор меравад. Ин барнома ба ҷуз аз тариқи телевизион тавассути сомонаи YouTube, сомонаи хабарии Интернет ва дар шабааҳои иҷтимоӣ низ дастрас аст. Дар назар аст, дар соли 2015 ҳаҷми барнома афзоиш ёфта, пахши он аз тариқи моҳвора низ имконпазир шавад.

Радиои Аврупои Озод /Радиои Озодӣ расонаи мустақили ахбори байналмилалист, ки қаламрави пахши барномаҳояш аз тариқи радио, Интернет, телевизион ва телефонҳои мобил дар 21 кишвар, бо шумули Русия, Украина, ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон, кишварҳои Қафқоз, Эрону Ироқ, Афғонистону Покистон, Молдова, Беларус ва як бахши нимқораи Балканро фаро мегиранд. Ин шабака аз сӯи Конгресси Амрико тавассути BBG маблағгузорӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG