Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суғд. Ҳабси 2 тан ба иттиҳоми пайравӣ аз “Ҷундуллоҳ”


Барои нахустин бор дар вилояти Суғд ду узви созмони “Ҷундуллоҳ” боздошт ва ба зиндон маҳкум шудаанд.

Додгоҳи Ашт ахиран ду сокини деҳаи Ҷигдаи ҷамоати Қирқудуқи ин ноҳия Адҳам Абдуллоев ва Содиқ Туробовро бо гуноҳи мансубият ба ин гуруҳ мутаносибан ба 20 ва 15 соли ҳабс дар зиндони низомаш сахт бо мусодираи амвол, маҳкум кардааст.

Ба гуфтаи Шуҳрат Солибоев, сардори Шӯъбаи тафтишоти додситонии вилояти Суғд, яке аз ин нафарон, Адҳам Абдуллоеви 27-сола қаблан дар вилояти Вазиристони Шимолии Покистон таълими ҳарбӣ дида, ҷавони дигари ҳамдеҳааш Содиқ Туробовро ба ин ҳаракат шомил кардааст.

Онҳо барномаи ҳаракати “Ҷундуллоҳ”-ро байни сокинон, ба хусус байни муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия тарғиб ва онҳоро ба шомил шудан ба он даъват мекарданд. Ин ду нафар авоили соли равон баъд аз бозгашт ба зодгоҳашон аз муҳоҷирати кории Русия, аз ҷониби кормандони додситонӣ ва интизомӣ дастгир шудаанд.

Ба гуфтаи Шӯҳрат Солибоев, “Ҷундуллоҳ”, ки маънии “лашкари ислом”-ро дорад, як ҷузъе рӯида аз Ҳаракати исломии Узбакистон (номи дигараш Ҳаракати исломии Туркистон) аст.

Дар ҳамин ҳол Шариф Қурбонов, додситони вилояти Суғд рӯзи 18-уми июл дар нишасти хабарӣ дар шарҳи ин гуфт, биноба далелҳо аз парвандаҳо, ҳаракатҳои нави “Ҷундуллоҳ” ва “Ансоруллоҳ” ба дастури раҳбарони Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) ба майдон омадаанд. Раҳбарони ҲИУ дар хориҷ аз Тоҷикистон амр додаанд пайравони ин ҳаракат дар ҳар кишвар бо номе дигар ва ҷудогона фаъолияти худро ба роҳ монанд.

Дар ҳоли ҳозир, бар пояи маълумоти додситонӣ, танҳо 2 нафар аз аъзои ин ҳаракат дар ноҳияи Ашт ошкор ва паси панҷара кашида шудаанд.Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Шариф Қурбонов, додситони вилояти Суғд, дар 6 моҳи соли равон дар ин минтақа 58 узви ҳаракатҳои экстремистиву террористии мансуб ба ҲИУ, мисли “Ансоруллоҳ” ошкор карда шудаанд.

Алайҳи 28 нафари онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба додгоҳҳо ирсол шудааст ва ҳамзамон барои дастгир намудани 30 нафари боқимонда ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудааст. Зимнан, як нафари таҳти ҷустуҷӯро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон дар вилояти Бодканд дастгир ва ба Хуҷанд истирдод кардаанд.
XS
SM
MD
LG